Нашрияи Омӯзгор

Сулҳу ваҳдатофарин шуд Пешво!

Сана: 2020-06-25        Дида шуд: 76        Шарҳ: 0

 

Дар таърих шахсиятҳои зиёде арзи ҳастӣ кардаанд, ки бо кору пайкор ва фаъолияти судмандашон мондагоранд. Бархе аз ҷомеашиносон бар ин назаранд, ки як нафар наметавонад дар тақдири давлат дигаргуниҳои ҷиддӣ ба вуҷуд орад, вале ҳодисаҳое ба вуқӯъ мепайвандад, ки ин андешаро инкор мекунанд.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон истиқлолияти комилро соҳиб гардид, вале баъзе бадтинатону бадхоҳони миллат аз фазои номусоид ва халои сиёсӣ истифода намуда, кишвари орому осударо ба гирдоби ҷанг кашиданд. Дар ин давра ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ фалаҷ, мардум сарсону саргардон гардиданд ва рӯҳияи ноумедӣ аҳли ҷомеаро фаро гирифт. Дар ин лаҳзаи бисёр ҳассос нафаре лозим буд, ки ҷонфидои ин миллату кишвар бошад. Ба бахти миллат, дар ҳамин давраи барои халқу Ватан мураккаб ва сарнавиштсоз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омаданд, ки ҳастиашонро баҳри таъмини сулҳу ваҳдат бахшиданд ва дар аввалин муроҷиати хеш ба мардуми шарифи кишвар бо ҳисси баланди ватандӯстӣ таъкид доштанд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Аз ин суханони садоқатмандона тамоми хислату ҷасорат ва меҳру муҳаббати фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равшан мегардад. Воқеан ҳам, Пешвои миллат ҳар он чӣ гуфта буданд, дар амал татбиқ карданд ва барои таъмини сулҳу ваҳдат тамоми монеаву мушкилотро пушти сар намуданд. Бо иродату ҷасорат ва мардонагӣ ба музофоту рустои хавфнок сафар карданд, бо мухолифин сари мизи гирд нишаста, бо эътиқоду бовари комил ба мардум суҳбат ороста, онҳоро ба зиндагии босаодати оянда дилгарм ва ҳидоят намуданд. Маҳз ҳамин талошу пайкор ва қаҳрамонии беназири Пешвои миллат буд, ки сулҳу ваҳдат дар кишвар таъмин гардид. Ва имрӯз исми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ваҳдати миллӣ ҳаммаъно шудаву ин санаи муҳим дар таърихи халқи тоҷик бо номи ин абармарди миллат бо хати заррин сабт гардидааст.

Бояд гуфт, ки сулҳу оромӣ асоси рушду пешрафти кишвар ба ҳисоб меравад. Ислоҳоти иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ аз соли 1995 оғоз гардида бошад ҳам, маҳз баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ бо истифода аз тамоми имконот ба сохтмони иншооти барои аҳолӣ муҳиму зарурӣ, аз ҷумла, роҳҳои оҳану мошингард, бунёди неругоҳҳои хурду бузурги барқӣ, нақбу корхонаҳо ва ғайра вусъат ёфт.  Ҳамакнун, дар тамоми фаслҳои сол метавон ба ҳар гӯшаи диёр сафар кард. Ба ин васила, робитаҳои иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои кишвар таъмин гардид, ки ин аз як тараф, агар зиндагии ҷомеаро беҳтар намояд, аз ҷониби дигар, дӯстиву рафоқатро байни мардум мустаҳкам месозад.

Боиси хушнудист, ки барои истиқболи сазовори  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии кишвар сохтмони корхонаву иншооти зиёд, муассисаҳои фарҳангӣ, мактабҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳим идома дорад. Бешак, дар кӯтоҳтарин муддат кишвари мо боз ҳам рушду тараққӣ меёбад ва мардуми тоҷик соҳиби зиндагии шоистатар мегардад.

Ҷанги шаҳрвандӣ ба соҳаи маориф низ таъсири манфӣ расонд ва садҳо муассисаи таълимӣ вайрону валангор гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали интихоб шудан ба маснади  Раиси Шӯрои Олӣ ва баъдан, Президенти кишвар соҳаи маорифро дар сиёсати давлатӣ дар меҳвар қарор доданд. Дар ин замина, тадриҷан маблағгузорӣ ба соҳа зиёд гардида, қонуну қарорҳои муҳим қабул гардиданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва қарору барномаҳои гуногун, бунёди ҳуқуқии таҳсилро дар кишвар мустаҳкам намуда, ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Ҳамчунин, сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ тақвият ёфт ва ҳамасола даҳҳо муассисаи нави таълимӣ бо таҷҳизоти нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Инчунин, низоми таълим дар муассисаҳои таълимӣ дигаргун гардид ва омӯзгорони донишманду ҳирфаӣ ба таълиму тарбияи насли наврас фаро гирифта шуданд. Соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 ба тасвиб расид, ки бешубҳа, ба рушди илмҳои бунёдӣ ва пешрафти иқтисодиёт дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Шоистаи таъкид аст, ки хонандагони кишвар дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштироки фаъолона намуда, Парчами кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд ва дар ин самт  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин давлатҳои ҷаҳон  қарор дорад.

Ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумату давлат ба тайёру омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ беш аз 40 мактаби олӣ ба тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат машғуланд. Таъсиси квотаи Президентӣ яке аз иқдомҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат мебошад. Тибқи квотаи Президентӣ, ҳамасола садҳо нафар ба мактабҳои олӣ дохил гардида, нафарони зиёде муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм кардаву дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ баҳри рушди кишвар саҳми босазо мегузоранд.

Ҳамзамон, дар замони соҳибистиқлолии кишвар ва фазои амну оромӣ илми тоҷик низ тадриҷан рушд ёфт. Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат ба такомулу таҳаввули илми тоҷик шаҳодат медиҳад. Ин иқдом имкон фароҳам меорад, ки ҷавонони лаёқатманду боистеъдод ба омӯзиши илмҳои муосир ҷалб гарданд ва бо пажӯҳишҳои фарогир дастовардҳои илмии кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.

Воқеан, аз кадом зовия, ки нигоҳ кунем, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқу кишвар дар заминаи ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омада, маҳз иттиҳоду ҳамбастагии мардум кишвари моро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав раҳнамун месозад. Имрӯз мақсадҳои нопоку амалиёти бераҳмонаи гурӯҳҳои ифротиву тундгаро дар кишварҳои Шарқи Наздик ва дигар мамолики дунё, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука андохтааст, моро водор менамоянд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба қадри сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ бирасем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Аз ин рӯ, зарур аст, ки сиёсати хирадмандонаву сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намоем, дар таҳкими сулҳу суботи сартосарӣ ва рушду пешрафти  кишвари азизамон – Тоҷикистон саҳми арзанда гузорем.

 

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш