Нашрияи Омӯзгор

Собитгари хиради азалӣ

Сана: 2020-06-25        Дида шуд: 80        Шарҳ: 0

 

Ҳар қадар таърихномаи сарнавишти миллат варақгардон мешавад, эътибору шарофати санаи таърихии 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ бештар гардида, чун авроқи тиллоии таърихномаи миллат боқӣ мемонад. Таърих гувоҳ аст, ки офтоби бахти миллати тоҷик баъди ҳазор соли шикасти давлати Сомониён дар оғози даҳаи охири қарни ХХ дигарбора дурахшид ва дар харитаи олам давлати навини соҳибистиқлоли Тоҷикистон зуҳур кард ва роҳи мақбултарин - давлатдории дунявию демократиро интихоб намуд.

Аҳли башар ба зудӣ ин давлати тозаниҳоди миллиро шинохт ва кишварҳои абарқудрати ҷаҳон нахустин шуда, робитаҳои дипломатиро бо Тоҷикистон барқарор сохтанд. Аммо неруҳои бадхоҳи миллат ба чархаи рушди давлати тоҷикон садд гузошта, бо афкори хоинона фазои ороми кишварро тира сохтанд ва мардуми умре дар ҳалқаи иттиҳоду ягонагию дӯсти басарбурдаро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Ҷанг харобию гушнагию ноумедиҳову дилшикастагӣ ба бор меорад, аммо қаҳрамононро тавлид месозад. Дар ҳамин лаҳзаи ҳассоси ҳаёту мамоти кишвар Худованд баҳри наҷоти миллати пурармони тоҷик фарзанди ҷасоратманду миллатдӯсти акнун ба сиёсати калони давлатдорӣ погузоштаро ба майдон овард ва бо амри қисмат тоҷи давлатдорӣ ба сар ва масъулияти ояндаи халқу Ватан ба дӯшаш афтод. Таърихи давлатдории навини тоҷикон бо номи ӯ оғоз шуда, устуворгардонии пояҳои давлатдории Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи мардумсолории ӯ идома дорад.            Барои расидан ба сулҳи тоҷикон, фурӯнишонии оташи ҷанг, раҳоии садҳо ҳазор ҳамватанон аз панҷаи асорати бегонагон ва тоза кардани доғи гурезагӣ аз исми онон, ба ҳам овардани бародарони сӯи якдигар теғ кашидаву оштии онҳо ва бунёди кохи муҳташами Ваҳдати миллӣ нақши таъсиргузору беназирии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят бузург аст.

Баъди панҷ соли давлатдорӣ солҳои 1992-1997, ки айёми задухӯрдҳои мусаллаҳона, хунрезӣ, талафоти ҷонию иқтисодӣ монеи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар гардида буданд, муҳиммият ва арзиши бебаҳои Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи сулҳро, ки ба Ваҳдати миллӣ асос гузошт, бори дигар барои наслҳои онрӯзаву имрӯзу оянда дар таърихи миллати тоҷикон абадан сабт кард. “Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия дар Тоҷикистон ба таври расмӣ Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин кард”- нигошта буд Пешвои муаззами миллат дар баромадашон ба ифтихори 20 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Аз рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти тоҷикистониён марҳилаи нави барқарорсозии вайронаҳо, устуворсозии шохаҳои сиёсии давлатдорӣ, рӯ овардан ба арзишҳои фарҳангию таърихӣ, шинохти миллат ва нақши фарзандони миллат дар рушди маърифати ҷаҳонӣ, таҳияи барномаҳои иқтисодӣ барои ҳалли мушкилоти соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, илму маорифу фарҳанг, тиб ва варзиш амиқтар шурӯъ гардиданд ва Тоҷикистони мо зина ба зина инкишоф ёфт, тараққӣ кард.

Ваҳдати миллӣ собитгари хиради азалии миллати тоҷик аст, ки бо дониши қавӣ, огаҳии комил аз таърихи ниёгон, кор гирифтан аз адолати иҷтимоӣ, эҳтироми арзишҳои миллии тӯли солҳо боз ҳам дар замири мардуми тоҷик қавигардида ва қавииродагию якмаромӣ, тафаккури асил, миллатдӯстӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан ва муҳаббати самимӣ ба ин сарзамини аҷдодӣ доштаи Пешвои муаззами миллат ба даст омад. Ваҳдати миллӣ Истиқлолияти давлатиро побарҷо гузошт ва мавқеи давлати Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ қавӣ сохт.

 

Муҳаммад ОРИФЗОДА,

мудири шуъбаи маорифи

ноҳияи Восеъ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш