Нашрияи Омӯзгор

Сафари кории вазир ба ноҳияи Восеъ

Сана: 2020-06-25        Дида шуд: 75        Шарҳ: 0

 

20-уми июни соли ҷорӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз вазъи соҳаи маориф ва омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба ноҳияи Восеъ  сафари корӣ анҷом дод.

Нахуст вазири маориф ва илм бо рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 2, 15, 37, 52 ва 70 ва омодагии муассисаҳо ба соли нави таҳсил шинос шуд. Биноҳои таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бо назардошти норасоии ҷойи нишаст дар муассисаи таълимии мазкур аз ҳисоби Бунёди Миллии Иҷтимоии Маблағгузории Тоҷикистон бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст сохта шуда, дар арафаи истифодадиҳӣ қарор дорад.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ сохтмони бинои таълимӣ барои 640 ҷойи нишаст идома дошта, тибқи нақша сохтмони иншооти мазкур моҳи сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расонида мешавад.

Аз ҷониби соҳибкор Шералӣ Шайхов сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълими №37 ба нақша гирифта шуда, айни замон, дар иншоот корҳои сохтмонӣ бо маром идома меёбад. Инчунин, соҳибкор иқдом гирифтааст, ки бинои феълии муассисаи таълимиро аз таъмири асосӣ бароварда, барои хонандагони муассиса шароити мусоиди таълимӣ фароҳам орад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 соли 2019 аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадӣ Давлатов сохта, бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ таъмин карда шудааст.

Муассисаи таълимии №70 барои 320 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкор Мирзоалиев Қурбоналӣ сохта шуда, корҳои сохтмонӣ дар он пурра ба анҷом расонида шудааст.

Вазири маориф ва илм, инчунин, аз вазъи муассисаҳои таълимии №№47, 56, 49, 54, 59, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, дидан намуд. Аз ҷониби раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки дар доираи амалигардонии марҳилаи навбатии Бонки Исломии Рушд дар ноҳияи Восеъ сохтмони муассисаҳои таълимии №№47, 56, 49, 54, 59, 11 ва муассисаи таълимии нав дар деҳаи Ибрат ба нақша гирифта шудааст. Вобаста ба ин, вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати дар доираи имконот марҳила ба марҳила сохта ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш