Нашрияи Омӯзгор

Агар хомӯш биншинӣ…

Сана: 2020-06-25        Дида шуд: 67        Шарҳ: 0

 

Ҳавою ҳавас, истифодаи боигарӣ ва маблағи муфтро бо чашми худ дидан дили Бонуро низ такон дод. Вай, аслан, корҳои ба ақидаи  худаш зиштро чашми дидан надошт. Ӯ маълумот ҳам надорад, ҳамагӣ синфи нуҳумро  хатм намудаву пас аз се соли дигар ба шавҳар баромад.

Шавҳараш ҳам дар дил шукрона мекард, ки соҳиби чунин зани зебою  хушсухан гаштааст.  Равшан  мутахассиси хуби соҳаи сохтмон буд. Аввалҳо чанд сол бо ҷурми надоштани ҷойи кор ба Россия ба мардикорӣ рафт. Он ҷо ду сол истоду кораш барор нагирифт, бо ашхоси  беҷогард ҳамроҳ шуд. Равшане, ки ҳатто сигорро ба даҳон намебурд, майнӯширо «омӯхт», оҳиста – оҳиста  бо «кумак»- и дӯстон, ба қавли худаш, ба  «гераҷон» пайваст. Баъди чанд муддат бо ҳамдеҳааш Шоҳин  вохӯрд. Шоҳин  дар ҳайрат афтод.

- Шоҳинҷон, - гуфт Равшан, - хокаи сафедро аз киса бароварда истода,  биё, ҳардуямон як  кайф кунем.

- Э, монед- е, акаҷон, шӯхӣ мекунед?- дар бадани Шоҳин ларза афтод. Охир, чӣ шуд ба шумо, ин  хел набудед – ку?...

Шоҳин ба деҳа баргашту аз ин хусус ба калонҳои деҳа хабар дод. Мазамматаш карданд.

- Даҳаната дор, - гуфтанд ба ӯ, - дигар гап наёфтӣ? Охир, Равшан  бачаи хушахлоқ, соҳиби дару хонаи обод аст. Ҳамсарашро бин, аёли хуб, боре ҳам сухани бадеро дар ҳаққаш   нашунидаем.

Вале  мӯйсафедони деҳа ҳам зудбовар будаанд.

Аз бозе ки Бону аз  чунин одат пайдо кардани шавҳараш дар Россия огоҳ шуд, дар дилаш  ба ҷойи оҳу афсӯс шодиву хурсандӣ танинандоз гашт. Зану шавҳар, ки соҳиби ду тифли нозпарвард буданд, мехостанд ояндаи онҳо дурахшон бошад. Аммо аз куҷо? Бону чун шавҳарро аз худ дур  дид, фарзандонро дар хонаи модараш мегузошту бо ҷӯраҳои шавҳараш бо айшу нӯш машғул мегашт.

Дар зодрӯзи Бону се нафар аз ҷӯраҳои  шавҳараш  суханҳои болохонадор гуфтанд. Ӯро хуб таърифу тавсиф намуданд. Бону масти шароб аз чунин суханҳо  роҳат мекард. Худро чунон хушҳол тасаввур мекард, ки дигар ҳеҷ як кору амали инсонӣ, ки ба нафъи ӯ бошад, ба хаёлаш намеомад. Саҳарӣ аз болин сар бардошта худро дар ҳалқаи ҷавонмардон дарёфт. Кор аз кор гузашта буд. Ҷавонон, ки бо маводи мухаддир сару кор доштанд, Бонуро  низ ба ин амал ҷалб намуданд.

- Ана, ҳамин анор кори моро осон карда метавонад, - аз болои миз анореро бардошта ба дӯстонаш хитоб кард Комил.

- Чӣ хел? - ҳайрон шуданд ёронаш.

- Дарунашро холӣ карда, «дору» пур мекунем, вассалом.

Ин «ихтироъ» - и Комил ба ҳама писанд омад. Ба ин хотир саҳари солеҳон ҳам бошад, қадаҳ бардоштанд.

Ду рӯз пас  бо ду кило «анор» Бону дастгир шуд. Хабари бо ҷурми аз андоза зиёд истеъмол кардани ин маводу ҷон ба Ҷаббор супоридани Равшан ҳам ба деҳа расид. Фарзандони ноболиғ бепарастор монданд. Ояндаи «дурахшон» - и фарзандон норавшан монд.  

Шоири огоҳдиле фармудааст:

Зулайхо мурд аз он ҳасрат, ки Юсуф

гашт зиндонӣ,

Чаро оқил кунад коре, ки боз орад

пушаймонӣ?

Бону ҳам дар гирдоби шодию тараби лаҳзаинаю муваққатӣ афтода, аз оламу одам бехабар монд ва акнун пушти панҷара оҳу афсӯс мехӯрад…

Воқеан ҳам, ин гуна боную  равшанҳо  дар ҷомеаи мо, мутаассифона, ҳастанд, ки мо танҳо як намунаи онҳоро мисол овардем.

Беҳтарин офаридаи Худованд  инсон аст, ки дорои тафаккур, ақлу ҳуш ва сурати зебост. Аммо бо ин ҳама дороӣ инсон гоҳо бо амалҳои ваҳшиёнааш худро ба нобудӣ мерасонад.

Нашъа вабои ҷомеаи ҷаҳонист. Решакан кардани он на танҳо вазифаи ташкилотҳои қудратӣ, балки бояд вазифаи тамоми  ҷомеа бошад. Ҳанӯз, 12-уми апрели соли 1996 аз ҷониби Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Фармон «Дар бораи чораҳои таъхирнопазири таҳкими мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар» ба тасвиб расида буд. Вобаста ба ин, комиссияи давлатӣ оид ба назорати маводи нашъадор таъсис ёфт ва нахустин Барномаи давлатии миллӣ «Оид ба мубориза бо муомилоти ғайрқонунии  маводи мухаддир барои солҳои 1996 – 1999»  қабул гардид…

Маводи мухаддир беҳтарин дороии зеҳнӣ - аклу заковат, тафаккур, генофонди миллатро  аз байн мебарад. Пас бояд ҳама гуна имкониятро истифода бурд, то ки бо ин заҳри қотил муборизаи беамон бурдан вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд гардад. Маслиҳату машварати якдигар низ метавонад ин зуҳуротро аз байн бубарад, зеро қонуни бародарӣ низ ҳаминро талаб мекунад:

Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,

Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст.

Зиндагии бидуни нашъа бояд шиори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад.

Ҳотами Ҳомид,

«Омӯзгор»          


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш