Нашрияи Омӯзгор

Ҳарфи саҳеҳ кадом аст?

Сана: 2020-06-25        Дида шуд: 70        Шарҳ: 0

 

Дар китоби Холиқ Мирзозода «Адабиёт» (хрестоматия, нашри соли 1956) доир ба Камоли Хуҷандӣ чунин навиштае ҳаст: «Зодрӯзи шоир номаълум ва вафоташ соли 1389».

Дар китоби Шарифҷон Ҳусейнзода «Адабиёти Ватан» (хрестоматия, барои синфи VII, нашриёти «Ирфон», Душанбе, 1965) дар зери расми Камоли Хуҷандӣ, дар қавсайн чунин санаҳо қайд гардидаанд (1315-20-1400) ва дар хусуси тарҷумаи ҳоли шоир гуфта шудааст: «Камолиддин Абӯаҳмад Муҳаммади Хуҷандӣ, ки лақаби шоириаш «Камол» ё ин ки «Хоҷа Камол» мебошад, тақрибан дар байни солҳои 1315-20 дар Хуҷанд (Ленинободи ҳозира) зоида шуд…».

Дар бораи вафоташ бошад, навишта шудааст: «Камол дар соли 1400 дар Табриз вафот кард…» (саҳифаҳои 113-114).

Дар «Тақвими ҷашн ва санаҳои РСС Тоҷикистон» барои соли 1965, дар саҳифаҳои 120-121-ум доир ба ин мавзӯъ чунин навиштаанд. «Соли таваллуди Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ, ки бо тахаллуси «Камол» машҳур аст, аниқ маълум нест. Камол дар Хуҷанд тақрибан дар солҳои 1318-1321 таваллуд шудааст…

Шоири маъруфи тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар соли 1400 дар Табриз вафот мекунад».

Дар китоби «Гулшани адаб» (нашриёти «Ирфон» 1976, ҷ.3-юм), ки тартибдиҳандагонаш Аълохон Афсаҳзод ва Ҷобулқо Додалишоев мебошанд, дар бораи зодрӯз ва вафоти шоир чунин навиштаҳоро мехонем:

«Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ, ки бо тахаллуси Камол машҳур аст, яке аз бузургтарин шоирони ғазалсарои тоҷик буда, дар мобайни солҳои 1318-1323 (718-723 ҳиҷрӣ) дар шаҳри Хуҷанд  (Ленинободи имрӯза) таваллуд шудааст… Вафоти Камол соли 1401 (803 ҳиҷрӣ) воқеъ гардида, мадфани ӯ дар Валиёнкӯҳи Табрез то имрӯз боқист».

Дар «Энсиклопедияи Советии Тоҷик» (ҷилди 3, нашри Сарредаксияи илми Энсиклопедияи Советии Тоҷик, Душанбе, 1981) дар саҳифаи 201-ум дар бораи солҳои таваллуд ва вафоти шоир чунин навишта шудааст; «Камолиддин Масъуд (байни солҳои 1318-1323, Хуҷанд, Ленинободи имрӯза-1401, Табрез) шоир, классики адабиёти форс-тоҷик».

Дар «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик (ҷ.11, нашри Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик, Душанбе -1989), дар ин мавзӯъ дар саҳифаи 8-ум чунин ҷумлаҳоро мехонем:

«Камолиддин Масъуд (байни солҳои 1318-23, Хуҷанд-1401, Табрез) шоир, классики адабиёти форсу тоҷик». Дар ин ду китоб гуфтаҳо якхелаанд, яъне такрори якдигаранд. Дар яке аз саҳифаҳои аввали журнали (маҷаллаи) «Машъал» дар соли 1991 дар зери расми Камоли Хуҷандӣ доир ба солҳои таваллуд ва вафоти шоир навишта шудааст: 1338-1390.

Муаллифони китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои синфи 9, Душанбе, «Мавлавӣ»-2009, Мирзода Маонӣ, Суннатуллоҳи Давлатзода) доир ба зодрӯзу вафоти шоир чунин маълумот додаанд:

Соли таваллуду вафоти Камол (1321-1401), дар саҳифаи  204-ум бошад, аз номи шоир навиштаанд, ки гӯё вай ба дӯстонаш нақл мекардааст:»… Он вақт (соли 1356) аз умрам 35 сол гузашта буд…

Ҳамин тавр, баъд аз чанд лаҳза дили шоири бузург Камоли Хуҷандӣ аз задан бозмонд, ки ин дар соли 1401 ба вуқӯъ омада буд…» (саҳифаи 206).

Муаллифони дигар У.Тоиров, М.Солеҳов, Н.Шарифзода дар китоби «Адабиёти ватан» (китоби дарсӣ барои синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ Душанбе, «Маориф», 2018) доир ба соли таваллуд ва вафоти шоир Камоли Хуҷандӣ иттилоъ додаанд, ки:

«Камоли Хуҷандӣ соли 1318 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст…

Камол соли 1401 дар Табрез вафот карда. (саҳифаи 104).

Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ дар китоби худ «Нафаҳот-ул-унс» доир ба зодрӯзи шоир чизе нагуфта бошад ҳам, вале дар хусуси вафоти вай чунин навишта: «…Вафоти вай дар санаи салосин ва самонама (соли 803) буда ва қабри вай дар Табрез аст…» (аз маҷаллаи «Дин ва ҷомеа», №6, октябри соли 2014).

Дар китоби машҳури устод Садриддин Айнӣ - «Намунаи адабиёти тоҷик», (Душанбе, «Адиб», 2010) доир ба ҳаёт ва фаъолияти Шайх Камоли Хуҷандӣ доир ба ин мавзӯъ мехонем:

«Шайх Камоли Хуҷандӣ, вафот 796 сол, (саҳ 65).

…Шайх Камоли Хуҷандӣ баъд аз чаҳор соли ба Сарой истодан боз ба Табрез омад, ҳам дар он ҷо ба соли 792 вафот ёфт».

Дар китоби «Адабиёти тоҷик» (китоби дарсӣ барои синфи ҳаштум Душанбе, «Маориф» 1988), ки муаллифон А.Афсаҳзод, Ш.Тағоев, Ш.Насриддинов мебошанд, доир ба Камоли Хуҷандӣ чунин маълумот додаанд: дар зери расми Камоли Хуҷандӣ дар қавсайн (1318-1401) навиштаанд ва ба ному таваллуди он гуфтаанд: «Номи ӯ Камолиддин, лақабаш Масъуд ва тахаллуси адабиаш Камол буда, соли 1318 таваллуд шудааст (саҳифаи 318)…».

Камол соли 1401 дар Табрез вафот кард (саҳифаи 322).

Ба фикри ман, ба олимони адабиётшинос лозим аст, ки барои аниқу саҳеҳ намудани соли таваллуд ва соли вафоти Камоли Хуҷандӣ аз маъхазҳои таърихии боэътимод истифода бурда, баъд онро дар навиштаҳои худ кор фармоянд, то ки хонандагон дар вақти хондану донистани он санаҳо ба иштибоҳ наафтанд.

 

Шарифи Мирзоҳотам,

собиқадори маориф, нафақахӯр, ноҳияи Хуросон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш