Нашрияи Омӯзгор

Ваҳдати миллӣ - падидаи таърихӣ

Сана: 2020-06-25        Дида шуд: 95        Шарҳ: 0

 

Инсоният дар раванди рушди таърихӣ ҳамеша ба ҳаводису воқеаҳои мухталифе рӯ ба рӯ гардида, дар як марҳила пешравии хеле босуръат дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии ӯ ба назар мерасад ва дар марҳилаи дигаре ба таназзулу нобаробарӣ ва нофаҳмию ихтилофоти зиёде рӯ ба рӯ мешавад.

Яъне тазод ва муборизаҳои гуногун барои ба даст овардани манфиатҳои моддию маънавӣ ҳамеша дунболагири ҳаёти инсон аст. Бинобар ин, дар ҳама ҳолатҳои манфию мусбати ҳаёти инсон ва таърихи халқу миллате  нақши шахсияти алоҳидае баръало намоён мегардад. Ба таъбири дигар, раванди таърихии инкишофи ҷамъият барои пешбурди худ шахсиятҳои таърихиро вориди саҳнаи таърихи инсоният месозад, ки онҳо бо ақлу заковат, донишу маърифат, муносибату муошарат, ҷасорату матонат ва муборизаҳои ғаюронаи худ эҷодгар ва ё бунёдгари раванди нав дар ин ё он кишвари олам мегарданд. Таърихи инсоният аз дер боз чунин афроди бунёдгузору созандаро ёд дорад ва онҳо бо иқдомҳои накуи хеш зинатафзои давраҳои гуногуни таърихи мамолики худ гардидаанд.

Албатта, ин равиши таърихӣ раванди баръакси худро низ дорад. Яъне, муносибату рафтори баъзе аз пазируфташудагони аҳли ҷомеа бо мурури замон коста мегардад, ки ин боиси хароб шудани муносибатҳои ҷамъиятӣ, низоъҳои дохилӣ ва низоми сиёсии ҳамон кишвар мегардад. Дар сурати идора нашудани ин омилҳо низоми сиёсии кишвар ба буҳронҳои шадид рӯ ба рӯ мешавад ва дар натиҷа табаддулотҳои мухталиф ва парокандагӣ дар ҳамон низоми сиёсӣ сар мезанад, ки мисоли рӯшани инро мо дар пош хӯрдани давлати Шӯравӣ дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта мушоҳида карда метавонем.

Пароканда гардидани чунин давлати неруманд ҳодисаи тадриҷии таърихӣ буд, яъне, он яку якбора аз байн нарафт, балки дар натиҷаи коста гардидани низоми сиёсӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, манфиатхоҳии бештари ҷумҳуриҳои сернуфузи таркиби он дар муқобили ҷамоҳире, ки ҳудуди ҷуғрофиашон маҳдудтар ва аҳолиашон камнуфустар буд  ва таваҷҷуҳи камтар зоҳир кардан ба рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии онҳо аз омилҳоеанд, ки онҳо боиси аз харитаи ҷаҳон зудуда гардидани номи ИҶШС гардид.

Баъд аз ин ҳодисаи таърихӣ низоми сиёсии ҷаҳон низ то андозае дигар гардида, аксари кишварҳои манфиатҷӯ ба ҷумҳуриҳои аз Шӯравӣ ҷудошуда рӯ оварданд ва барои ба даст овардани ғаразҳои сиёсию иҷтимоии худ тамоми имкониятҳоро роҳандозӣ карда, барои ба ҳадафҳои худ ноил гардидан, ҳатто, мардуми онро ба коми ҷанг кашиданд.

Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон яке аз он кишварҳое буд, ки аз надоштани роҳбарони миллатдӯсту ватанпарвар сарзамини биҳиштосои он макони чуғзон ва кафторҳои хунхор қарор гирифт. Миллате, ки дар масири таърихиаш бар сари халқею кишваре ханҷар накашида буд, гирифтори дасисаю фиреби манфиатхоҳону ҷоҳталабон гардид ва ғарқи гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Кишваре, ки асрҳо боз бо абармардони илму адабаш инсонитяро тарбия менамуд, дар назди ин ҳодисаи нангин нотавону бечора буд. Дар ин замон дигар касе монеи ихтилофоти дохилӣ шуда наметавонист. Роҳбарияти бозмондаи замони Шӯравӣ сару калобаи худро гум карда буд ва дар назди ин мушкилот ноилоҷ монд. Бо вуҷуди рӯз ба рӯз авҷ гирифтани оташи ҷанг ҷоҳталабию мансабталошиҳо боз ҳам бештар мегардид ва кор то ба ҷое расид, ки яке аз минтақаҳои кишвар муддатҳо дар муҳосираи иқтисодӣ монд, вале ҳамоно тақсими вазифаю мансабҳо идома дошт. Як гурӯҳ “пешвоёни замон” барои ором кардани вазъи сиёсии кишвар яке аз роҳбарони собиқи Шӯравиро дубора сари мансаб оварданд ва бовар доштанд, ки ӯ бо доштани таҷрибаи сиёсиаш вазъиятро ором месозад, вале ин иқдом баръакс боиси боз ҳам бештар авҷ гирифтани вазъият ва муташанниҷ гардидани низоми сиёсии кишвар гардид. Эшон низ зери фишори силоҳбадастон аризаи истеъфояшро имзо карда, худро аз вазъият барканор кашид. Беҳокимиятии кул саросари кишварро фаро гирифт. Ҷанги хонумонсӯз боз ҳам бештар аланга мегирифт, молу мулк ва дороии кишвар ва мардуми он ғорат мегардид. Саркардаҳои ҷанг дар минтақаҳои кишвар худро ҳоким эълон карда, мардумро талаву тороҷ мекарданд. Ниҳоят мардуми ҷафодида барои дифои ҷони худ ва барои нангу номуси фарзандони худро нигаҳ доштан фирорӣ гардиданд ва ба кишвари ҳамсоя - Афғонистон, ки зиёда аз сӣ сол дар он ҷангу хунрезӣ идома дошт, панаҳ бурданд ва дар таърих бо номи “муҳоҷирони иҷборӣ” сабт гардиданд.

Вазъи даҳшатбори замон барои фурӯ нишонданаш интизори шахси ҷасуру далер ва сиришта аз меҳру сафо буд...

Баргузории иҷлосияи шонздаҳуми тақдирсоз равзанаи умедро ба фардои нек боз намуд, ки онро метавон саҳифаи тозаи таърихи навини даврони нави халқи тоҷик номид. Намояндагони Шӯрои Олӣ баъд аз суханронии ҷавонтарин намояндаи мардумӣ – Эмомалӣ Раҳмон ва таҳлили вазъи сиёсии кишвар дарк карданд, ки танҳо ӯ бо ақлу заковат ва нерую тавоноияш барои садди роҳи хунрезӣ шудан метавонад мусоидат намояд ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро истеҳком бахшад.

Даврони навини таърихи истиқлолияти Тоҷикистон сардафтар ва ҳомии худро дар шахси фарзанди ҷонфидояш дар симои Эмомалӣ Раҳмон кашф кард, ки раванди минбаъдаи инкишофи он бо номи ӯ сахт марбут гардид ва оянда низ идома хоҳад ёфт.

Барқарор кардани сулҳу ваҳдати миллӣ барои сарвари ҷавон бузургтарин ҳадафи сиёсӣ маҳсуб мешуд. Бинобар ин, Эмомалӣ Раҳмон аз низоми идораи президентӣ ба хотири якпорчагии Ватан ва ба ҳам овардани мардум даст кашид. Сарвари ҷавон хеле хуб дарк карда буд, ки яке аз омилҳои парокандагии миллати тоҷик ва низоъҳои сиёсӣ дар солҳои аввали истиқлолияти кишвар ин интихоботи президент ба шумор мерафт, ки ин боиси пайдо гардидани як гурӯҳи худхоҳу ҷоҳталаб дар дохили кишвар гардида буд. Дар ҳамин замина, бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон то оромтар гардидани вазъи сиёсӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо низоми парлумонии идораи давлат роҳандозӣ гардид.

Баъд аз интихоб гардидан ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ аз минбари баланди ин ниҳод ӯ дар назди намояндагони мардум суханронӣ карда, савганд ёд кард, ки тамоми ҳастиашро барои ором кардани вазъи сиёсии кишвар равона мекунад, кишварро аз парокандагӣ раҳо карда, сулҳу субот ва ваҳдату якпорчагиро дар ҳудуди мамлакат таъмин менамояд ва то баргардонидани охирин муҳоҷири иҷборӣ ба Ватан худро орому осуда ҳис намекунад.      

Дар чунин даврон барои миллати тоҷик аз сулҳу субот ва ваҳдату баҳамоӣ чизи дигари муҳиме вуҷуд надошт. Мардуми саргардон аз ҳаводиси сиёсӣ омода буд, ки дар канори сарвари ҷавон, ки ҷони худро барои амнияту суботи мардуми кишвар ва якпорчагии сарзамини аҷдодӣ дар кафи даст гирифтааст, тамоми мушкилотро чун гуруснагиву маризӣ дарду ғам, фироқи ҷигарбандону пайвандон аз даст рафтани хонаву манзилҳои зист ва монанди инҳо таҳаммул кунад ва барои амалӣ гардидани иқдом ва ниятҳои неку инсонпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлуи ӯ бошад. Маҳз бо чунин хислатҳои нек ва суханони хирадмандонааш Эмомалӣ Раҳмон дили мардумро тасхир кард ва дар қалби ҳар як фарди равшанзамир, ватанхоҳу миллатпарвар ошёни меҳру муҳаббат бунёд намуд. Ғояҳои инсонгароёна ва дар аҳду қавл устувору дар савганд пойдори Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли таърихи даврони навин боиси он гардид, ки мардуми тоҷик ӯро ба ҳайси Пешвои миллат чун бунёдгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бипазирад. Ин иқдом ифтихори бузурги миллати тоҷик дар роҳи арҷу эҳтиром гузоштан ба корнамоиҳои фарзандони барӯмандаш дар тӯли таърих мебошад...

Пешвои муаззами миллати тоҷик бо андӯхтани таҷрибаи сиёсӣ дарк карданд, ки барои бунёди ҷомеаи пешрафта тарбияи мутахассисони донишманду соҳибмаърифат хеле муҳим аст. Дар ин росто, соҳаи маориф  ва илмро дар кишвар аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат эълон карда, барои омода кардани мутахассисони ояндасози кишвар дар дохил ва хориҷи мамлакат имтиёзҳои зиёдеро роҳандозӣ карданд. Дар тӯли солҳои тантанаи ваҳдат ва сулҳу субот дар кишвар муассисаҳои таълимии зиёде сохтаю бунёд ёфт, ки ин барои боз ҳам бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони ин миллати куҳанбунёди фарҳангӣ мусоидат намуд.

Мавқеъ ва обрӯю эътибори миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат боз ҳам бештар афзуд, саҳифаи наве дар амнияти кишвар боз ва дар амалӣ гардидани ормонҳои миллии миллати тоҷик нури умед ва чароғи хираду маърифат партавафшон гашт. Ин ормони бузург дар ивази қурбонию ҷоннисориҳо, азхудгузаштанҳо, маҳрумиятҳо ва баръакс, наҳаросиданҳову ҷон дар кафи даст гирифтанҳо, мардонавор бахшидану гузашт карданҳо, ҷасорату матонат, сулҳу ваҳдатро асоси зиндагии осоиштаву рушду нумӯи кишвар донистан ва омили ҳастии миллату сарзамин пиндоштан ба даст омад.   

Дар ҳамин росто, минбаъд низ мардуми некмаҳзари тоҷик ибтикороту иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои худро бо некӣ пазируфта, дар атрофи афкори созандаю бунёдкоронаи ин марди шариф боз ҳам бештар муттаҳид гардида, ҳаргиз намегузоранд, ки гарди ғуборе аз афкори бадхоҳону бадандешони миллат вориди саҳнаи сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии ин сарзамини биҳиштосо гардад ва ба оромию осоиштагии мамлакат халале ворид гардад.

Пешвои муаззами миллат низ дастоварду комёбиҳои истиқрори сулҳу ваҳдатро аз афкори созанда ва дастгириҳои пайвастаи миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон дониста, ба неруи тавонои ваҳдатофари мардумони ин сарзамин таҳсину офарин хонда, сиёсати бонизом ва вазъи кунунии оромию осоиштагии кишварро натиҷаи дастгириҳои мардуми сулҳу ваҳдатофар медонад. 

Аз оғози интишори чеҳраи сиёсӣ то имрӯз мардуми тоҷик хеле хуб дарк кардааст, ки Раҳбару Сарвараш дар ҳама ҳолат, дар рӯзҳои пурнишот ва дар лаҳзаҳои мушкили зиндагӣ дар паҳлуи мардуми кишвар буда, бо суханони пешвоёнааш мардумро раҳнамоӣ мекунад. Мисоли равшани ин назар ба таври ногаҳонӣ дар олам паҳн шудани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус мебошад, ки Сарвари миллату меҳанпарвари тоҷик дар чунин рӯзҳои душвор мардумро бо суханону муроҷиатҳои хирадмандонаи хеш ба оромию осоиштагӣ, муттаҳидӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, натарсидану ба таҳлука наафтодан даъват карда, ишора карданд, ки миллати тоҷик мушкилоти аз ин беморӣ сангинтарро бо сабру таҳаммул паси сар карда, бо хислати наҷиби сулҳу амниятпарваронааш дар иттиҳоду ҳамбастагӣ худ ва атрофиёнро аз ҳар гуна зуҳури номатлуб ҳифз менамояд. Ин афкор дар ҳоле садо дод, ки дар баъзе кишварҳои  абарқудрат дар баробари паҳншавии беморӣ вазъи сиёсию иҷтимоӣ халалдор гардид ва тазоҳуроту нофаҳмиҳо дар байни аҳолӣ ба вуҷуд омад. 

Тамоми ҷаҳду талош ва кӯшишу заҳматҳои Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар ва тантанаи сулҳу ваҳдат боиси он гардид, ки дар низоми сиёсии ҷаҳон як кишвари ободу осуда ва сулҳхоҳу адолатпарвар, демократию дунявӣ ва дорои низоми амнияти босуботу ором бунёд ёбад. Рушду инкишофи рӯзафзуни иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рӯ ба беҳбудӣ овардани зиндагию рӯзгори пурнишоти мардум маҳз тавассути сиёсати оқилонаю инсонпарваронаи фарзанди фарзона ва баргузидаи миллати тоҷик, Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадааст. Дар ин росто, метавон ин шахсияти бузурги сиёсиву таърихиро зиннатафзои даврони навини Тоҷикистони азиз номид. 

Мактабу таҷрибаи сиёсии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, хоса хидматҳои боровари ӯ дар инкишофу такмили ваҳдату сулҳ сазовори омӯзиш ва раҳнамои зиндагии имрӯзиёну фардоиёни миллати тоҷик ва аҳли башар аст.

  Муҳаммаддовуд Саломиён,

муовини якуми вазири маориф

ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш