Нашрияи Омӯзгор

Омили таҳкими истиқлолият

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 161        Шарҳ: 0

 

Ба вуҷуд овардани муҳити ҳарчи бештари мувофиқу мусоид барои ҳалли масъалаҳои дохилии кишвар самти асосии  сиёсати хориҷии Тоҷикистон буда, ҳифзу нигоҳдошт ва таъмини манфиатҳои олии давлат ва миллатамон дар арсаи байналмилалӣ дар маркази ин сиёсат буд ва хоҳад монд.

Низоми нави алоқаҳои ҷаҳонӣ имрӯз ҷиддан талаб дорад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳимтарин ҳадафҳои миллии худ, яъне таъмини истиқлолияту озодӣ, ҳифзи амнияту суботи сиёсӣ, таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи кишварро дар заминаи стратегияи фарогир татбиқ намояд.

Эҳёи робитаҳои анъанавии таърихӣ бо кишварҳои хориҷӣ истифода аз имконоти муштарак ва ҷалби сармояи ин кишварҳо ба  нафъи рушди Тоҷикистон дар маркази таваҷчуҳи сиёсати хориҷии давлат қарор дорад ва амалан татбиқ мегардад.

Татбиқи масъулона ва муваффақонаи ин сиёсат боиси боз ҳам тақвият ёфтани мавқеи кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пазируфта шудани ташаббусҳои кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Яъне Тоҷикистон мақоми шоистаи худро дар олами зудтағйирёбандаи муосир таҳким бахшида, ҳама гуна ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои хориҷӣ ва ҷаҳон ҷонибдорӣ менамояд.

Равандҳои ҷаҳонишавӣ, бахусус, дар соҳаи иқтисод ба андозаи баробар ба манфиатҳои ҳамаи давлатҳо-бузург ва хурд, муқтадир ва камнуфус инчунин, сарфи назар аз мавқеи ҷуғрофии онҳо таъсир мерасонанд. Дар натиҷаи ин раванд вазъи иҷтимоии шаҳрвандони як мамлакат, аз як тараф аз фаъолияти ҳукумати он киршвар вобаста бошад, аз тарафи дигар аз таъсири рӯзафзуни омилҳои беруна дар канор намемонад.

Тоҷикистон дар ибтидои асри XXI ҳамчун кишвари соҳибихтиёр ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бо дарназардошти манфиатҳои олии давлат ва миллати тоҷик такмил дода, ба сӯи ҳадафҳои дурнамои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ давра ба давра рушд меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин ҷаҳони пур аз тазоду рақобатҳои шадид мо бояд, пеш аз ҳама, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва давлатдории миллиамонро таҳким бахшида, ҳамеша ба хотири сулҳу суботи кишвар ва оромии ҷомеа саъю талош намоем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият бидуни душвориҳо ва ноҳамвориҳои роҳи тараққиёт дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки мо онро дар мисоли ҳаёти ҷавонони кишвар хеле равшан мушоҳида менамоем.

Албатта, беҳуда нест, ки ин қишри ҷомеаро чун ояндагони миллат ва сутуни нигаҳдорандаи арзишҳои давлатии миллӣ эътироф намудаанд.

Дар муддати 23 сол, ки аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мегузарад, ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан аз зарарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ, мансабпарастӣ бохабар кардан вазифаи муқаддаси ватандории тамоми ҷомеа, махсусан, роҳбарони сатҳҳои гуногун маҳсуб мешавад.

Арафамо Даминова,

К. Даминова,

омӯзгорон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш