Нашрияи Омӯзгор

Машъалафрӯз

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 58        Шарҳ: 0

 

Дар машварати августии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон соли 2018 раиси вақти вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсонашон дар соҳаи маориф ба 3 нафар омӯзгори пешқадам Ҷоизаи раиси вилоятро дар соҳаи маориф супорид.

Омӯзгори биологияи литсейи давлатии ноҳияи Вахш Зебӣ Бобоева яке аз онҳо буд. Ӯ 33 соли умри пурбаракаташро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намудааст.

Ин бонуи бофазилат рисолати омӯзгориро аз падараш Қурбоналӣ Бобоев ва амакаш – яке аз олимони намоёни соҳаи педагогика, академик Муҳаммад Лутфуллозода ҳамчун пайванди наслҳо ба мерос гирифта.

Падараш тавонист меҳри ин касби пуршарафро дар қалби Зебии хурдакак ҷой диҳад.

Зебӣ баъди хатми аълои мактаби миёна бо дуои падар ба факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дохил шуд.

Чун таҳсилаш ба итмом расид, хостанд дар донишгоҳ ба кор қабул кунанд, вале Зебӣ кор дар зодгоҳашро авлотар донист.

 Ҳамин тавр, ӯ ҳамроҳи падари бузургвораш 8 сол дар мактаби №3 фаъолият намуд.

...Ҳар субҳи барвақт ин омӯзгори фаъол ғарқи хаёлу андешаҳои зиёд ҷониби мактаби азизаш мешитобад. Дар саҳни ҳавлии муассиса шогирдон кайҳо боз ӯро бесаброна интизорӣ мекашанд. Шогирдонашро модарвор дӯст медораду ба онҳо муҳаббати беандоза дорад.

Донишу истеъдоди баланд, серталабӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтироми шахсияти шогирдон ва хислатҳои наҷиби инсониашро ба инобат гирифта, ӯро ба литсейи давлатии ноҳия ба кор даъват намуданд. Фаъолият дар ин муассисаи типи нав аз ҳар як омӯзгор донишу масъулияти бештареро тақозо мекунад.

Аз машғулиятҳои пурмазмуну шавқовар ва хотирмони вай, ки бо истифодаи асбобҳои аёнии таълимӣ, усулҳои фаъоли таълим, воситаҳои технологияи наву муосир ва тахтаи электронӣ мегузарад, шогирдон як ҷаҳон таассурот мегиранд.

Танҳо дар тӯли 9 соли охири фаъолияти пурсамараш 18 нафар шогирдонаш дар олимпиадаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ аз фанни биология иштирок карда, сазовори ҷойҳои якуму дуюм ва ифтихорӣ гардиданд.

Соли 2012 шогирди муаллима, хонандаи синфи 9 Худойдод Ғафуров дар олимпиадаи байналмилалии URFODU фаъолона иштирок намуда, ба даври ниҳоии он роҳ ёфт. Бо донишу истеъдоди фавқулодааш соҳиби ҷои якум ва медали тилло гардид.

Аз номи раиси ҳакамони олимпиада, профессори Донишгоҳи Прага (Чехия) Богумир Янски ба унвонии омӯзгори варзида Зебӣ Бобоева бо чунин мазмун Сипоснома омад:

Комёбии шогирдатонро комёбии Шумо низ шуморидан мумкин аст, чунки Шумо ба ин дастоварди беназир тавассути истеъдоди баланди омӯзгорӣ ва қобилияти волои касбӣ мушарраф шудед.

Бигузор, таҷриба ва шуълаи хомӯшнашавандаи садоқати Шумо нисбат ба касбатон барои рушди зеҳнӣ ва маърифатнокии насли наврас хизмат намояд.

Сипосномаро раиси вақти ноҳия Барот Юсуфов ба Зебӣ Бобоева ботантана супорид ва муаллима ифтихор аз он намуд, ки заҳматҳои пайвастааш дар таълиму тарбияи насли наврас барабас нарафтааст.

Ӯ ҳамчун муаллимаи пешқадаму фаъол дар корҳои беруназсинфию беруназмактабӣ низ муваффақ аст. Ҳамчун роҳбари маҳфили «Табиатшиносони ҷавон» бо шогирдон машғулиятҳои иловагии пурмазмун мегузаронанд.

Соли гузашта шогирдаш Рустам Шамсуллоев дар озмуни ҷумҳуриявии «Табиатшиносони ҷавон» соҳиби ҷойи аввал шуд.

Имсол шогирди дигараш - хонандаи синфи 11 Шаҳром Абдураҳимов дар озмуни ҷумҳуриявии «Кори меъмории беҳтарин» (номинатсияи «Манзараҳои табиат»), ки бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид, маҳорати баланд нишон дода, сазовори ҷои якум ва медали тилло гардид.

Эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» муаллима Зебӣ Бобоеваро ниҳоят хурсанд намуд.

 Дар ин самт низ ӯ аллакай бисёр корҳоро ба сомон расонидааст. Аз ҷумла, кабинети биологияро аз ҳисоби маблағҳои шахсиаш бо асбобу таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонид.

Зебӣ Бобоева аз он ифтихор дорад, ки омӯзгор аст. Ин касб-ро муқаддас медонад. Шиораш чунин гуфтаҳои ҳакимона аст. «Муаллимӣ шуғл нест. Муаллимӣ ишқ аст. Агар онро чун воситаи рӯзгузаронӣ интихоб намудаӣ, раҳояш кун. Агар ишқи туст, муборак бошад».

 Аъзам БОБОЕВ,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш