Нашрияи Омӯзгор

Хидмати таърихӣ

Сана: 2020-06-18        Дида шуд: 87        Шарҳ: 0

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тақвият бахшидани асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ,  якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таъмини рушди босуботи  иқтисодӣ - иҷтимоӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ аз нигоҳи манфиатҳои умумимиллӣ корҳои зиёдеро анҷом бахшидаанд.

Таҳти роҳбарии ин марди хирадманд ва сиёсатмадори барҷаста Тоҷикистони соҳибистиқлол мавқеи геополитикиашро ба таври дақиқ муайян намуда, самтҳои асосии сиёсати хориҷии худро дуруст ба роҳ гузошт. Ин имкон дод, ки Тоҷикистон мавқеи худро  дар ҷаҳони муосир дарёбад, онро зина ба зина мустаҳкам созад ва имкониятҳои ғании байналмилалиро барои ҳалли масъалаҳои дохилӣ ва хориҷӣ равона намояд. Тавре ки худи Президенти кишвар  Эмомалӣ   Раҳмон таъкид карданд, “Ҳадафи ҳар гуна сиёсати давлат дар ниҳояти кор дифоъ аз манофеи миллист, ҳунари сиёсатмадорӣ, дар арсаи ҷаҳон дарёфтани тавозуни оқилона ва одилонаи манофеи мухталифи давлатҳо мебошад”.

Бо талошу ҷонфидоии Сарвари давлат сулҳу ваҳдати комил дар сарзамини маҳбубамон пойдор гардида, марҳила ба марҳила тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рушду нуму карда истодаанд ва аз рӯзҳои аввали фаъолияти хеш Роҳбари давлат ба рушди маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, соҳаи маорифро дар мадди аввал ҳамчун соҳаи меҳварӣ маънидод намуданд. Дар яке аз суханрониашон Пешвои миллат таъкид намудаанд: “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизамон садоқатмандона хизмат мекунам». Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ислоҳи соҳаи маориф ва мактаб ниҳоят бузург аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҳаёти маорифчиёну муҳофизони сиҳатии омма аз  наздик шинос гардида, бо натиҷагирӣ аз ин сафарҳо аз  хазинаи эҳтиётии худ барои таҷҳизонидан, таъмир ва сохтмони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маблағ равона карданд. Чунонки Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд. “Бигузор, азму иродаи қавӣ ва неруи созандагии халқи азизамон моро ба сӯи кору пайкорҳои оянда ва фатҳу нусратҳои тоза ҳидоят намояд. Бигузор Тоҷикистони азизи мо бо низоми пешрафтаи давлатдорӣ ва симои хоси миллӣ дар сафи кишварҳои мутамаддини олам ҷойи намоён гирад”.

Корномаи Сарвари кишвари мо, намунаи олии хидмат ба халқу Ватан аст.

Айниддин СОМИДДИНЗОДА,

аспиранти Донишгоҳи давлатии  шаҳри Хоруғ ба номи

М. Назаршоев


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш