Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба равандҳои инноватсионӣ

Сана: 2020-06-11        Дида шуд: 76        Шарҳ: 0

 

Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо соли 2010 Соли рушди маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шуда буд ва  ҳамон сол дар заминаи ин тадбири муҳим дар саросари кишвар ва бо иштироку саҳмгузории тамоми идораву муассисаву ташкилотҳо корҳои зиёде сомон бахшида шуданд, ки ба пешрафти сатҳи маърифати мардум ва фарҳанги техникии ҳамагон мусоидат намуданд.

Ҳамчун идомаи мантиқии Соли маориф ва фарҳанги техникӣ минбаъд дар мамлакатамон тадбирҳои дигари тақвиятбахш-«Барномаи рушди неру ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020», «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ риёзиву техникӣ барои солҳои 2010-2020» ва «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимиву илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмиву таҳқиқотӣ»… роҳандозӣ шуданд, ки зинаи дигаре гаштанд барои пешрафти кори таълиму тарбия ва такмили маърифати аҳли ҷомеа. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2019) солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш  ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шуданд. Чунин ба назар мерасад, ки он ҳама тадбирҳое, ки дар давоми беш аз даҳ соли охир аз ҷониби  роҳбарияти кишвар ҷиҳати рушди маърифати техникии мардум андешида шуданд, заминагузорӣ барои эълони чунин як «бистсола» буданд.

Воқеан ҳам, дар замони мо мақому аҳамияти илму дониш, махсусан, дар самти фанҳои дақиқ хеле боло рафтааст ва маҳз дараҷаи инкишофи ин илмҳо муайянкунандаи сатҳи зиндагии мардум гардидаанд. Илму дониш барои ҳастиву пешрафт ва зиндагии шоиставу саодатмандонаи халқ аҳамияти муҳим доранд. Ҳар миллати фархундае, ки ба илму дониш арҷ мегузорад, илму донишро пайваста азхуд ва тарғиб менамояд, шукуфоии имрӯзу фардои худро таъмин менамояд ва ин миллат соҳибтамаддуну фанонопазир хоҳад буд.

Тоҷикон табиатан миллати донишгароянд ва як далели ин гуфта он аст, ки дар адабиёти классикии форсу тоҷик тарғиби илму донишомӯзӣ мавқеи густурда дорад ва ҳанӯз қофиласолори адабиёти тоҷик, устод Рӯдакӣ «Дониш андар дил чароғи равшан аст» гуфтааст. Низомии Ганҷавӣ фарзандонро даъват бинмудааст, ки аз хурдӣ ба илму  дониш гараванд ва ҳар чӣ бештар биомӯзанд:

Дониш талабу бузургӣ омӯз,

То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.

Барои ҳамқадами замон будан, ба сатҳи баланди инкишофи саноату иқтисодиёт ноил гардидан ва зиндагии накуаҳволонаро барои халқ таъмин намудан имрӯз мебояд, ки пеш аз ҳама, тафаккури техникии насли наврас ва аҳли ҷомеа баланд бардошта шавад. Тафаккури техникӣ дар заминаи хуб омӯхтани забони модарию донистани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳ ба фанҳои дақиқ, донистани компютер ва технологияҳои муосир ба амал меояд. Эълони Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ва амалисозии силсилаи бардавоми тадбирҳо дар асоси он, албатта, омили муҳимест баҳри тақвияти тафаккури техникии шогирдони таълимгоҳҳои мо. Вобаста ба ин, тадбири муҳими ватанпарастона чандест, ки дар мактабҳо эътибор ба таълими фанҳои дақиқ афзудааст ва барои хонандагон ҷиҳати кор бо технологияҳои компютерӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Салоҳ он аст, ки барои таъмини рушди зина ба зинаи тафаккури техникии шогирдон аз марҳилаи аввали таҳсил (синфҳои ибтидоӣ) эътибори махсус дода шавад. Муҳим мебошад, ки шогирдони мо аз хурдӣ ба кор бо воситаҳои техникӣ, кор бо компютер ва дастгоҳҳои замонавии идоракуниву иттилоот шавқу ҳавас пайдо намоянд ва ҷиддан ба омӯзиши фанҳои дақиқ машғул шаванд. Дар ин самт маҳорату малакаи омӯзгорон ва корбасти усулҳои фаъоли таълим аз ҷониби онҳо (махсусан, истифода аз низоми таҳсили босалоҳият) аз омилҳои муҳим ва муассир ба шумор мераванд.

Хубсултон Фақирова,

омӯзгори мактаби №90-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш