Нашрияи Омӯзгор

Эссе (иншо) ва тафаккури эҷодии хонанда

Сана: 2020-06-11        Дида шуд: 106        Шарҳ: 0

 

Масъалаи таълифи иншо ва эссе тайи солҳои охир ба яке аз мушкилоти аввалиндараҷа дар муассисаҳои таълимии кишвар табдил ёфтааст. Дар ҳар сурат, навиштани иншо (эссе) аз завқу майл, қобилият, мутолиаи бардавом ва ба як сухан, тафаккури эҷодии хонанда вобастагии амиқ дорад. 

Пас аз ба истиқлолияти давлатӣ расидани ҷумҳурӣ дар барномаю китобҳои дарсӣ бо дарназардошти ҳуввияту арзишҳои миллӣ тағйироту дигаргуниҳои зиёде ворид карда шуданд. Аз ҷумла, дар таълими фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, дар баробари мавзӯъҳои нави дарсӣ, дар машғулиятҳои инкишофи нутқи мураттаб ва навишти корҳои хаттӣ (имлои санҷишӣ, нақли хаттӣ, иншо (иншои синфӣ ва хонагӣ) ва амсоли иня низ тағйирот ба амал омад. Вале ин тағйироту ислоҳот, мутаассифона, бо вуҷуди саъю талошҳои таҳиягарони барномаҳои таълимӣ ва муаллифони китобҳои дарсӣ дар ин самт муваффақияту дастовардҳои назаррас ба амал наоварданд.  Ҳамзамон, дар ин масъала дастуру раҳнамо ва китобҳои фаровоне таълиф ва нашр гардиданд, ки ҳамагӣ ба тарзу шеваҳои эҷоди иншо (баъдтар эссе) бахшида шуда буданд. Натиҷаҳо бозгӯйи онанд, ки дар таълифи иншо, ки аз озодона баён карда тавонистани фикри хонанда иборат мебошад, пешравии ҷиддие ба мушоҳида нарасид. Сабабу омилҳо дар ин боб мухталифанд. Ба андешаи мо, сабаби аслию муқаддам ва ҳалкунандаро дар ин масъала аз муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳӣ бояд ҷуст. Дар мактабҳо ба тарзу шеваи навишти иншо, истифодаи дурусту ҳадафмандона аз вақти ҷудогардида, эҷодкорию мустақилияти шогирдон, дарку фаҳми моҳияти ғояи мавзӯъҳои пешниҳодшуда ва ниҳоят, мақсади таълифи иншо, аз ҷониби омӯзгорони фаннӣ таваҷҷуҳи амиқ ба таври бояду шояд зоҳир карда намешавад. Дуруст аст, ки омӯзгорону устодони таҷрибаманду заҳматписанде низ вомехӯранд, ки ба навишти иншо, нақли хаттӣ ва эссеи хонандагон диққати ҷиддӣ медиҳанд, ҷиҳати бе ғалат ва озодона таълиф намудани иншо ба онҳо кумак мерасонанду ба ин мақсад маҳфилҳои фаннӣ ва машғулиятҳои иловагӣ мегузаронанд. Аммо ин гуна таълимгоҳу омӯзгорон ангуштшуморанд. Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҳангоми гузарондани иншои синфӣ омӯзгорон асосан кори худро аз навиштану пешниҳоди номгӯйи мавзӯъҳо ва кумак расондан дар таҳияи нақшаи он иборат медонанду халос. Дар бахши аъзами таълимгоҳҳо дар таълифи иншо ва эссе мустақилияту эҷодкории хонандагон ба нудрат ба чашм мерасад.  Навишти иншо аз ҷониби хонандагон якрангу қолабӣ ва ҳатто (ин воқеият аст!) бо истифода аз китоби дарсӣ сурат мегирад. Дар иншои навиштаи хонандагон фикру андешаҳои хоси онҳо не, балки сабку услуб ва таҳлилу  муҳокимарониҳои муаллифони китоби дарсӣ ифода меёбад. Хонандагон аксаран баъд аз таҳлили мавзӯъ перомуни он ҷамъбасту хулосабарорӣ карда наметавонанд. Ба як сухан, нуқтаи назари онҳо баъд аз мутолиаи иншо ба назар намерасад ва ё ноқису хира мебошад. Ҳол он ки хонандаи мактаб, чӣ дар таҳлили образҳои ину он достони шоири классикии форсу тоҷик, чӣ ҳангоми инъикоси афкору панду ахлоқии намояндаи адабиёти асрҳои гуногун, бозгӯйи ҷавҳару ғояи ашъори шоирон ва навишти мавзӯи озод андешаҳои худро озодона, бо тарзу ифодаи баёни хоса, бо суханоне, ки  маҳсули тафаккури ӯянд, бояд пешниҳод намояд. Мояи нигаронист, ки дар аксар муассисаҳои таълимӣ ба ваҷҳи муносибати қолабию якранги омӯзгорон нисбат ба тарзу шеваи нигориши иншо  хонандагон пойбанди маҳдудаҳои фикрӣ ва баёни гуфтор мондаанд. Як роҳи асосии дар навишти иншою эссе комёбу муваффақ  шудани хонандагон ин мутолиаи бардавоми онҳо маҳсуб меёбад. Мутаассифона, дар ин ҷода низ ҳанӯз шогирдони мактабҳо ба ҳар ду по меланганд. Мутолиаи  осори бадеӣ бояд огоҳона, аз сари шавқу ихлос ва меҳр сурат бигирад.

Аз чӣ сабаб бошад, омӯзгорону устодон ба ин тарафи масъала низ ба таври зарурӣ таваҷҷуҳ намекунанд. Вазъи таълифи иншоҳои хонагӣ бадтар буда, ба тарзи навишти ин навъи иншо на омӯзгорон ҷиддӣ муносибат мекунанд, на шогирдон. Чанд соли охир дар таълимгоҳҳо эссе ҷорӣ гардида, мавзӯъҳои он озод буда, бештар васфу ситоиши Ватан, модар, дастовардҳои кишварро дар замони соҳибистиқлолӣ ва ғайра дар бар мегирад. Ҷойи таассуфу нигаронист, ки дар ин боб низ пешравие ба назар намерасад. Аслан худи пешниҳоди мавзӯъҳои эссе бо сарлавҳаҳои забонзадаю обшуста ба хонандагони мактабҳо майлу рағбати  онҳоро дар қиболи таълифи иншо коста, ба ҳеҷ ваҷҳ ба рушду такомули тафаккури эҷодии ӯ таҳрику такон намебахшад. Бепарвоию фориғболии сарварони мактабҳо ва омӯзгорони фаннӣ дар он аст, ки ҳатто ҳангоми таълифи иншо дар аттестатсияи хатми мактаб хонандагон ҳангоми иҷрои кор аз сиёҳнавису дафтарҳои қаблан омодашуда ва китобҳои дарсӣ ошкоро истифода мекунанд. Бо ин вазъ чӣ тавр метавон аз дарёфти истеъдоду эҷодкори ҷавони умедбахш сухан дар миён андохт? Ҳамин ҳолат дар дарсҳои инкишофи нутқи мураттаб, навиштани иншо аз рӯйи расм, иншои тасвирӣ, нақли хаттӣ ва ғайра ба мушоҳида мерасад. Дар хусуси ғалатҳои китобию имлоӣ ва услубие, ки хонандагон ҳангоми навиштани иншо ва нақли хаттӣ содир мекунанд, ҳоҷати гап ҳам нест. Мо дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Иншои беҳтарин» иштирок карда, шоҳиди он гардидем, ки аксар довталабон дар мавзӯи табиат, ба хусус, олами ҳайвонот ва парандагон чизе монои афсонаи хушку беобуранг навишта метавонанду халос. Равшан аст, ки аз ҷониби омӯзгорону устодон ва масъулони раёсату шуъбаҳои маориф дар масъалаи тарзу  усулҳои таълифи корҳои хаттӣ (иншои синфӣ, иншои хонагӣ, нақли хаттӣ, эссе…) муносибати ҷиддию дилсӯзона ба назар намерасад. Ёдам меояд, ки ҳини дар синфи панҷуми мактаби №51 таҳсил кардан, ба мо аз фанни забон ва адабиёти тоҷик устод Бобобек Раҷабов дарс медод. Нахустин машғулияте, ки омӯзгори писандида бо мо гузаронд, дар хусуси эҷод ва навиштан буд. Муаллим фармуд, ки мо дафтари алоҳидае ташкил кунем, ки «Дафтари корҳои эҷодӣ» ном дошт. Дар машғулиятҳои инкишофи нутқ мо дар ин дафтар дар мавзӯъҳои озод андешаю таассуроти худро менавиштем. Ҳамин равандро дар мактаби №48-и ноҳияи Рӯдакӣ (он вақт Ленин), ки баҳри таҳсил дар синфи нуҳу даҳ он ҷо фаро гирифта шудем, устод Ш.Муллоев идома дода, ба тарзу сабки таълифи иншои мо, шогирдон, диққати ҷиддӣ медоданд ва иншоҳои беҳтаринро дар рӯзномаи девории таълимгоҳ ба чоп мерасонданд.  Гумон мекунам,  имрӯз низ вақти он расидааст, ки ба масъалаи навишти иншо, эссе ва нақли хаттӣ таҷдиди назар намоем. Бикӯшем, ки ба истиқлолу мухторияти табъи шогирдон дар таълифи иншо ва баёни озодонаи фикри онҳо мусоидат намоем. Аз қолабу анъанаҳои солҳои пеш, ки хонандаро дар доираи китоби дарсӣ  ва андешаҳои муаллифони он маҳдуд мекард, дурӣ ҷуста, майдони баёни гуфторро баҳри андешаву бардоштҳои  вижаи шогирдон васеъ намоем, зеро талаби замон ҳамин аст.

Шодӣ Раҷабзод,

    «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш