Нашрияи Омӯзгор

Ташаккули лаёқати хонандагон

Сана: 2020-06-11        Дида шуд: 76        Шарҳ: 0

 

Масъалаи кӯдакони болаёқат, ташаккули малакаву маҳорат ва истеъдоди онҳо аз давраҳои қадим то замони муосир диққати мутафаккирон ва олимону муҳаққиқонро ба худ ҷалб менамояд.

Имрӯз дар самтҳои мухталифи соҳаҳои равоншиносӣ, психофизиологӣ, психогенетикӣ, ташхисӣ, иҷтимоӣ-равонӣ ин масъала бо шаклҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Соли 1973 дар ИМА “Кумитаи миллии лаёқатмандӣ” таъсис дода шуд, ки дар сатҳи давлат масъалаи кор бо кӯдакони болаёқатро ба уҳда гирифта буд. Дар охири солҳои 80-уми асри XX бо барномаи лаёқатмандӣ қариб миллион нафар наврас фаро гирифта шуд. Соли 1994 дар Шӯрои Аврупо қароре таҳти №1248 қабул гардид, ки зимни он ягон давлат ҳуқуқи аз эътибор дур мондани истеъдоди кӯдаконро надорад. Ба кӯдакони болаёқат бояд шароити мусоиди маълумотгирӣ фароҳам оварда шавад.

 Муҳаққиқи “рушди захираҳои эҷодии шахсият” Кен Робинсон ақида дорад, ки шарти асосии рушди лаёқатмандӣ дастгирии фаъолияти кунҷкобонаю эҷодкоронаи кӯдак мебошад. Бедор кардани чунин сифати кунҷкобиҳо ва ба самти дуруст равона кардани онҳо аз маҳорати омӯзгор сахт вобаста аст.

Андешаи дигар ба он асос меёбад, ки қобилият пурра бо муҳит ва тарбия вобастагӣ дорад ва бе тарбия ва муҳити созгор қобилият ташаккул намеёбад. Ғайр аз ин, мавҷудияти нишонаҳои истеъдодҳои инфиродии табиӣ метавонад ба ташаккул ва рушди қобилиятҳои муайяни хонандагон мусоидат намояд. Оид ба нишонаҳои қобилият ва истеъдод фикрҳо гуногун ва аҷибанд. Нишонаҳои қобилиятро ҳамеша дар заминаҳои табиӣ ҷустан зарур меояд. Аксарияти онҳо бо сабаби аз ҷониби мураббиёну омӯзгорон ошкор нагардиданашон рушд намеёбанд. Нишонаҳои истеъдод чунин имкониятҳои табиие мебошанд, ки метавонанд ба қобилият табдил гарданд ва дар аксари ҳолат хомӯш мемонанд.

Дар рисолаи «Тадбири манзил»-и Абӯалӣ ибни Сино оварда шудааст: «Устод... наметавонад ба ҳар шогирд ҳар санъатеро таъмин кунад, балки ҳар кадом аз шогирдон завқу шоистагии омӯхтан ва фаро гирифтани саноати махсусро доранд. Бояд ба ҳар кас мувофиқи завқу истеъдодаш саноат омӯхт, вагарна таълиму тарбия натиҷаи номатлуб медиҳад».

Дар ин маврид Насриддини Тӯсӣ чунин мегӯяд: «Беҳтар ва шоистатар он аст, ки ба табиати кӯдак, назар ва тариқи фаросату зиракии ӯ эътибор диҳанд ва донанд, ки истеъдод чӣ навъ илму ҳунарро барои ёд гирифтан дар ниҳоди ӯ сиришта бошад, ӯро ба он навъи ҳунар машғул гардонанд, зеро ҳама кас ба ёд гирифтани ҳама чизҳо истеъдод надорад»

Ба ақидаи Саъдии Шерозӣ, маънои ҳақиқии дониш инкишоф додани ҳисси ақлонии инсон мебошад. Ҳисси ақлӣ дар инсон фақат дар натиҷаи кӯшиши татбиқи дониш фароҳам мегардад.

Дар масъалаи лаёқату қобилият Бедил таъкид менамояд:

Пеши чашме, ки нури ирфон

нест,

Гар бувад осмон, намоён нест.

 Мутобиқи илми педагогика аз ҷониби як шахс фаро гирифтани тамоми илмҳои муосир номумкин дониста мешавад, аммо шахси дорои ҷаҳонбинии васеъ метавонад бо кулли улум шиносоии умумӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, мутафаккир ва адиби бузург маслиҳат медиҳад, ки инсон бояд илми ба худаш мақбулу ба лаёқаташ мувофиқро интихоб намояд, биомӯзад, сайқал диҳад ва донишҳояшро дар амал татбиқ намояд:

Илме, ки ногузири ту бошад,

бад-он гарой

В-онро, к-аз он гузир бувад,

ҷустуҷӯ макун!

В-он дам, ки ҳосили ту шавад

илми ногузир,

Ғайр аз амал ба муҷиби он орзу

макун!

 

Мунзима Нуъмонзода,

корманди ПРМ АТТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш