Нашрияи Омӯзгор

Хирадманд онест, ки муфассалро мухтасар мегӯяд

Сана: 2020-06-11        Дида шуд: 126        Шарҳ: 0

 

Панду андарзи бузургон дар ҳама давру замон ҳамчун неруи созандаву инсонсоз ва раҳнамо дар тарбияву камолоти аҳли ҷомеа  нақши бориз дошту дорад.  Кофист, ки назари  иҷмолие ба осори мондагори адибону мутафаккирони гузаштаамон намоем, ки ҳамчун дарахти пурбори маънавият дар ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ ибратомӯзу мондагор мебошанд.

Панду ҳикмати шахсиятҳои фарҳехтаи олами маънавият, ки  бо осори арзишмандашон дар баланд бардоштани маърифати инсоният саҳм доранд, борҳо дар шакли китобҳои алоҳида ба нашр расидаанд. Китоби «Андарзи бузургон» (Душанбе: Адиб, 2020. – 320 с.) аз ҷумлаи он асарҳост, ки  дар тарҷумаи нависанди хушсалиқа Юнус Юсуфӣ рӯи чоп омадааст ва бо фарогирии андешаҳои омӯзандаи мутафаккирони олами илму сиёсат ҳамчун дастагули маърифатзо дар ташаккулу таҳаввули ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, махсусан, наврасону ҷавонон хидмати шоиста хоҳад кард. Китоб аҳамияти баланди маърифатӣ дорад ва аз ҷиҳати фарогирии мавзӯъ васеъ буда, дар ҳар саҳифа ҳикмати саршор аз маънавиятро дарёфт кардан мумкин аст. Дар китоби  мазкур гуфтаҳои беш аз 120 нафар мутафаккири ҷаҳонӣ, аз ҷумла,  Ҳомер, Конфутсий, Лаотси, Пифагор, Эсхил, Софокл, Афлотун, Арасту, Сенека, Леонардо да Винчи, Микеланҷело, Ҷордано Буруно, Сервантес, Паскал, Ҷон Милтон, Ҷонатан Свифт, Ҷон Голсуорси, Ҷуброн Халили Ҷуброн, Фёдор Достоевский, Франс Кафка, Ҷек Лондон, Александр Пушкин, Лион Фейхтвангер, Роберт Стивенсон, Николай Чернишевский ва амсоли инҳо оварда шудааст. Пеш аз овардани андарзҳо маълумоти мухтасари энсиклопедӣ доир ба фаъолияти эҷодии ҳар як шоиру нависанда ва мутафаккир пешниҳод шудааст, ки хонанда аз нақши барҷастаи ин шахсиятҳо дар  рушди ҷомеа огаҳии комил ба даст меорад.  Маълум мегардад, ки  мутарҷим дар таҳияи китоби мазкур заҳмати зиёд кашидаааст, забони тарҷума  содаву фаҳмо ва ҳар як калимаву ҷумла бамавқеъ истифода шудааст, ки ин аз маҳорати баланди тарҷумонии адиб дарак медиҳад.

Дар аннотатсияи китоб муҳимияти он чунин арзёбӣ шудааст: «Андарзи бузургон» китобест, ки мешавад дар дабистону донишгоҳ истифода кард, дар ҳалқаи фарзандон хонд, ҳамроҳ ба сафар бурд, ба дӯстон ҳадя намуд. Ҳар кас метавонад аз ин китоб панде судманд ва нуктаи муҳим барои худ ёбад».

Воқеан ҳам,  китоби «Андарзи бузургон» дар баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ ва тарбияи хештаншиносии наврасону ҷавонон ҳамчун дастури роҳнамо хидмати шоиста хоҳад кард.

Дар зер намунае аз гуфтаҳои ҳикматрезро аз китоби «Андарзи бузургон»  пешкаши хонандагон менамоем:

 

Зебоӣ кӯтоҳумр аст.

Ҳомер

Дар дунё беҳтар аз зани хуб чизе нест.

Ҳесиод

Озодӣ чист? Виҷдони пок.

Периандр

Хушбахт кист? Оне, ки тани бедард, дили ором ва истеъдоди баланд дорад.

Фалес

Инсондӯстӣ муҳимтар аз обу оташ аст. Ман дидам, одамон дар обу оташ афтодаву мурданд, вале аз одамдӯстӣ мурдани касеро надидам.

Конфутсий

Оне, ки андоза медонад, розӣ аз худ аст. Оне, ки зиёд медонад, хомӯш аст. Оне, ки чизе намедонад, пур мегӯяд.

Лаотсӣ

Ҳамсарро дар назди фарзандон накуҳиш макун.

***

Мардеро, ки наметавонад бо зани худ бисозад, дӯст магир.

***

Зар занг намезанад, накукор бадном намешавад.

Пифагор

Хирадманд на он аст, ки зиёд медонад, бал онест, ки донишаш ба мардум ёрӣ мерасонад.

Эсхил

Дарди бадгӯиву ғайбат дармон надорад.

***

Хирадманд онест, ки муфассалро мухтасар мегӯяд.

Аристофан

Хубӣ на он аст, ки бад накунӣ, бал он аст, ки ҳатто бад наяндешӣ.

***

Одами поку нопокро на танҳо аз гуфтаву кардааш, балки аз андешааш низ метавон шинохт.

Демокрит

Имрӯз аз он бояд гуфт, ки ба дарди имрӯз мехӯрад.

***

Барои ватан мурдан ифтихор ва шараф аст.

Горатсий

Ҳангоми ёфтану хондани китоби хуб ҳамонро ҳис мекунем, ки ҳангоми ёфтани дӯсти хуб. Дубора хондани ин китоб монанд ба дубора ёфтани он дӯст аст.

Волтер

 Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост; онро бештар бояд хонд.

Паскал

Одам вақте ислоҳ мешавад, ки агар бидонад, дар асл кӣ ҳаст.

Пиер Бомарше

Ҳақиқат бештар ба шӯхӣ баён мешавад.

Ҷонатан Свифт

Одамон на ба камону тир, бал ба муҳаббату ҷавонмардӣ асир мешаванд.

Спиноза

Оне, ки ватанашро дӯст намедорад, наметавонад чизеро дӯст дорад.

Ҷорҷ Байрон

Уқобон гоҳе поинтар аз мурғҳо мефуроянд, аммо мурғҳо ҳеч гоҳ ба ҷойгоҳи уқобон намебароянд.

Иван Крилов

Зиндагӣ на барои сарватманд шудан, бал барои хушбахт будан аст.

***

То даме ки ба чашми яке бад менамояму ранҷ  мекашам, барои хушбахтии худ коре намекунам.

Стендал

Бародар метавонад дӯст набошад, аммо дӯст ҳамеша бародар аст.

***

Фурӯтанӣ дар назди бузургон қарз, дар назди ҳамтоён одоб, дар назди бечорагон ҷавонмардист.

Бенҷамин Франклин

Фарҳанг либоси миллат аст.

***

Накуҳиши дӯст хуш аст; ба дурустиаш шак надориву ғамгин мешавӣ, аммо дарду ранҷ намекашӣ.

Балзак

Тарбият корест бузург; аз ин роҳ сарнавишти одам сохта мешавад.

***

Ҳар гуна ифрот нишонаи маҳдудият ва тангназарист.

***

Бародари бадро метавон дӯст надошт, аммо ватанро ҳар гуна ки ҳаст, бояд дӯст дошт!

Виссарион Белинский

 

Худо муҳаббат аст; ҳамин ягона ҳақиқат аст, ки ман қабул дорам.

***

Шак надорам; зиндагӣ бар пояи муҳаббат истодааст.

Маҳатма Гандӣ

 

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш