Нашрияи Омӯзгор

Дуздӣ гуноҳ аст?

Сана: 2020-06-11        Дида шуд: 73        Шарҳ: 0

 

Устод аз шогирдони ҳунарманди худ ифтихор мекунад. Шогирдони боҳунар бе ягон тағобозӣ дар ҷамъият ном ва мақоми худро ёфта метавонанд, кибру ғурур надоранд, дасташон кушоду ҳимматашон баланд аст, ба устодон аз самими қалб салом медиҳанду ҳурматашонро ба ҷо меоранд ва сабақҳои муҳимми устодро ба ёд оварда, аз ашъори дар вақташ азёдкардаашон порчаҳо қироат карда, сари устодро ба гардун мерасонанд. Зиҳӣ шогирде, ки устодро сарфароз месозад! Дар амали ин гуна шогирдон заррае ҳам сохтакорӣ нест, аз ҳама муҳимаш, онҳо бо ҳунари волои худ соҳиби нони ҳалоланд.

Муҳсиддин Фозилов чун устоди худро дар маркази шаҳр дид, ба ҷону ҳолаш намонда, ҷониби чойхона кашола кард:

-Устод, як лаҳза суҳбат бо шумо барои ман асари пурмуҳтавои бузург мебошад. Ҳозир нисфи рӯз аст, вақти каме истироҳату як пиёла чой. Ягон идора кор намекунад, ҳама, ба гапи маъмулӣ, “абед” рафтагӣ. Биеёд, устодҷон, дар сари як чойник чой лаҳзае дами беғам занем. Худатон мегуфтед-ку:

Зи ҷӯши чойҷӯшам ин нидо

дар гӯш меояд,

Ки чойи талх равшан

мекунад табъи сухандонро.

Муаллимро илоҷи дигар набуд ва шогирдаш аз вақтҳои мактабхонияш ёдовар мешуд. Дар охир Муҳсиддин таъкид мекард:

-Устоди азиз, агар рӯзе ба шаҳр омадеду ба дӯкончаи ман сар нахалонед, сахт хафа мешавам. Бовар кунед, пас аз суҳбат бо шумо рӯҳи ман болида мегардад, дилам масрур мешавад ва корҳоям равнақ меёбанд.

Боре Муҳсиддин аз бом тароша афтидагӣ барин савол дод:

-Устод, дуздӣ кардан гуноҳ аст?

Устод лаҳзае шигифтангез ба чеҳраи шогирдаш нигарист, ки шӯхӣ мекунад ё ягон мақсаде дорад. Аз сукути муаллим истифода бурда, худи шогирд ба шарҳ додан сар кард:

-Медонам, ки дуздӣ – ҳаққимардумхӯрӣ гуноҳ аст, гуноҳи кабира. Вале баъзан худро таскин медиҳам, ки ман гуноҳ не, балки кори савоб кардаам. Дар синфи даҳум мехондам, пас аз дарс ба маркази ноҳия омада, тухми офтобпараст мефурӯхтам, то ки ба рӯзгори падару модарам мададе расонам. Як замон муаллими таърихамон, ки шумо ӯро медонед, ба наздам ҳозир шуд. Чунон сархуш буд, ки ба по базӯр рост меистод. “Ҳангоми тангдастӣ дар айш кӯшу мастӣ” гуфтагӣ барин, ин омӯзгорамон аз шарру шӯри дунё лаҳзае осудан хостааст.

-Фозилуф, ин лагану тағораҳои маро ба хона бурда те!- фармон дод ӯ.

Ман аз курсичаам парида хестаму бо меҳрубонӣ “Хуб шудааст, утодҷон, ба ҷону дил!”- гӯён ба симои суп-сурх ва чашмони махмури ӯ нигариста, ба оғӯш гирифтам. Дар ин ҳангом чашмам ба ҷайби кастуми муаллим афтид, ки як даста пул меистод. Бе ягон андеша он қабзаи пулро гирифтаму ба кисаам задам. Омӯзгори сархуш чизеро ҳис накард, умуман, ин рафтори маро касе пай набурд. Муаллим рафт бо улфатҳои нонияш, вале дар вақти мастӣ – ҷонияш. Пас аз гузаштани ним соат боз дар наздам пайдо шуд устодам.

-Позилув, ту пулҳои мана надидӣ?-боз ғурунгид ӯ.

-Кадом пулҳоро?-ҳайрон шудам гиребонамро дошта.-Магар шумо пул доштед?

-Ҳа, пул доштам, се тағора помидор фурӯхтам, пули нағз шудагӣ буд, дар ягон ҷо афтидааст-чӣ?

-Муаллимҷон, он пулҳоро кайҳо бо ин ҷӯраҳоятон обу лой кардагистеду аз хотир баровардаед...

Дар ҳамин вақт яке аз ҳамқадаҳон хирросзанон:

-Э мон-е! Ту номард будаӣ. Пул дорам гуфтӣ, надоштаӣ, мазори бешафоат будаӣ...-гӯён даст афшонда калавида-калавида равон шуд, дуи дигар низ аз паси ӯ қадам бардоштанд. Муаллим “Э-э, истед-истед, ҷӯраҳо!” - гӯён дунболи онҳоро гирифт.

Ман ҳамон бегоҳ хеле бевақт ба хона баргаштам. Пагоҳии барвақт дафтару китобҳоямро гирифта, ҷониби мактаб шитофтаму раҳораҳ тағораҳои муаллимро ба хонааш бурдам ва ҳамон бандчаи пулро ба дасти завҷаи муаллим додам. Зани ҳайратзада ангор қуввати гуфтор надошт аз ин қазои осмонӣ, вале чашмони хиранамояш дар як они воҳид ҷилое пайдо карданду андаке лабханд ғубори чеҳраи маҳзунашро гӯё дур андохт. Охир, он замон як дирам ҳам қурбе дошт. Се кӯдаки ҷингиламӯйи хурдсоли куҳналибоси пурдарбеҳ – ду нафар духтару як писарчаяк дар паҳлуи модар истода, бо чашмони дурахшонашон ба ман кунҷковона менигаристанд. Ҳамон лаҳза худро хушбахттарин одами рӯйи замин ҳисобидам. Ангор, маро фариштагон дар сурати ҳамон кӯдакони ҷингиламӯйи маъсум бардошта, сӯйи дабистон мебурданд, ки ба замин расидани поямро ҳис намекардам.

 

Ҳаким Алӣ,

шаҳри Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш