Нашрияи Омӯзгор

Созандагӣ дар Роштқалъа

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 147        Шарҳ: 0

 

Раиси ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа Олимбек Азизмаҳмадзода иброз дошт, ки ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоат корҳои зиёди ободонӣ анҷом дода мешавад. Толори варзишии муассисаи таҳсилоти умумии № 22-и деҳаи Видоҷ ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ ва толори варзишӣ дар деҳаи Бидиз ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Сохтмони толори варзишии деҳаи Бароҷ ва майдончаи варзишии деҳаи Даштак идома дорад.

Ҷ.Қозибеков,

 «Омӯзгор»

 

 

Ҷалби хонандагон ба мутолиа

Аз рӯзи эълон шудани таътил дар шогирдони муассисаҳои таълимӣ аз мо аз мутолиаи китоб дар канор намондаанд. Тибқи реҷаи махсус китобдорон мувофиқ ба синну сол барои хонандагон китобҳои бадеӣ дастрас менамоянд.

- Назорати волидон дар ин масъала ҷиддӣ аст, - мегӯяд директори мактаби таҳсилоти асосии №17-и ноҳияи Роштқалъа Файзуллобек Анбаров .

Бештари китобҳо аз намояндагони адабиёти классику муосир буда, мутолиаи онҳо дар мавсими таътил аз аҳамият холӣ нест.

Ҷ.Қозибеков,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш