Нашрияи Омӯзгор

Барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 93        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии вируси нави COVID-19  8230 адад ниқоби муҳофизатӣ ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз тарафи корхонаи дӯзандагии «Сомон-2013» ҷиҳати риояи ҳолати санитарию гигиенӣ ва эминмонӣ аз сирояти коронавирус таъмин карда шуд, - гуфт Абдулло Юсуфзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. - Ҳамзамон, зиёда аз 700 адад ниқоби арзон аз тарафи Маркази касбинтихобкунии ноҳия  дастрас гардид.

Ҳафтаи сипаригашта аз тарафи намояндагони МНДСЭ-и вилояти Хатлон ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон ба миқдори 50 кг хлор дастрас карда шуд. Дар муассисаҳои таълимӣ, дар умум, ба миқдори 360 кг маводи хлор мавҷуд буда, 15 муассисаи томактабӣ ва 70 муассисаи таълимӣ, мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия, бинои шуъбаи маориф, муассисаи таҳсилоти иловагӣ, маркази касбинтихобкунӣ ва гимназияи давлатии № 1 ҷиҳати пешгирии бемории сироятӣ тамиз (дезинфексия) ва поккорӣ шудаанд.

С.АЗИЗӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш