Нашрияи Омӯзгор

Таълими география таҷдиди назар мехоҳад

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 70        Шарҳ: 0

 

Таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ омили асосии баланд бардоштани сифати таълим мебошад. Бе таҷрибаи кофӣ омӯзгор аз уҳдаи истифодаи методу усулҳои пешқадами таълим баромада наметавонад.

Яке аз вазифаҳои асосии омӯзгор баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва ба ҳаёт омода намудани хонандагон мебошад. Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим чанд омил мавҷуд аст. Маҳорати касбии омӯзгор дар ин ҷода нақши асосиро мебозад.Омӯзгори асил, ки дорои таҷрибаи ғании омӯзгорӣ мебошад, бо истифода аз роҳу усулҳои гуногуни таълим дониши шогирдонро афзун гардонида, малака ва маҳорати онҳоро ташаккул медиҳад.

Барномаи таълимӣ ва китобҳои дарсӣ яке аз омилҳои дигари баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва донишазхудкунии хонандагон ҳисобида мешавад. Аз соли 2002 то ин ҷониб барои географияи муассисаҳои таҳсилоти миёаи умумӣ (барои синфҳои 6-9) барномаи таълимӣ таҳия нашудааст. Аммо китобҳои дарсӣ то имрӯз чанд маротиба таълиф ва чоп шуданд. Мавзӯъҳои нав ба китобҳои дарси ворид гардиданд. Омӯзгор мувофиқи талабот наметавонад он мавзӯъҳоро барои омӯзиш ба нақша гирад. Дар китобҳои дарсии география таснифоти корҳои амалӣ дода нашудааст, ки дар иҷрои корҳои амалӣ на танҳо барои хонандагон, балки барои омӯзгор ҳам мушкилиҳо ба вуҷуд меорад. Бояд қайд намуд, ки хонандагон пас аз хатми мактаби ибтидоӣ, таълими фанни географияро аз синфи 6 оғоз менамоянд, ҳол он ки омӯзиши фанни мазкур аз синфи 5 бояд оғоз ёбад.

Омили дигар барои баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон истифодаи мақсадноки воситаҳои аёнӣ мебошанд. Истифодаи бомавриди онро дар ҳамаи фанҳои таълимӣ ба роҳ мондан зарур аст. Талабот нисбат ба дарси имрӯза хеле зиёд буда, хонанда донишҳои назариявиашро дар амал бояд татбиқ намояд. Барои дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявӣ маҳз истифодаи воситаҳои аёнӣ заминаи боэътимод шуда метавонад. Воситаҳои айёниро дар таълими фанни география омӯзгор дар вақти банақшагирии дарс вобаста ба мазмуни мавзӯъ интихоб менамояд. Воситаҳои аёнии табиӣ, моделҳо, асбобҳо, аёниятҳои чопшуда, навишторӣ, суратҳо, асбобҳои овоздор ва намоишӣ, барномаҳои иттилоотӣ, адабиёт ва ғайраҳо.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ, баъзе литсейю гимназияҳо асбобҳои флюгер, термометр, қутбнамо, барометр-анероиди мактабӣ, қуттии обуҳавосанҷӣ, теллурий дида намешавад. Аксарияти мавзӯъҳои географияи табиӣ ба табиат вобастагӣ дошта, бе истифодаи асбобҳои номбаршуда ба мақсад расидан ғайри имкон аст. Бояд қайд намуд, ки барои мушоҳидаи ҳодисаҳои табиат, муайян кардани ҳарорати ҳавои шабонарӯзӣ, моҳона, солона, чен кардани миқдори боришот, муайян кардани самт ва қувваи бод майдончаи географӣ лозим аст. Татқиқотҳо нишон доданд, ки дар ягон муассисаҳои таълимии кишвар майдончаи географӣ дида намешавад. Ҳатто дар Донишкадаи омӯзгории ба номи С.Айнӣ, ки омӯзгорони фанни географияро тайёр менамояд, майдончаи географӣ мавҷуд нест, пас, онҳо чӣ тавр ба шогирдон татбиқ намудани донишҳои назариявиро меомӯзанд?

Маҳмудхон УБАЙДОВ,

ходими илмии ПРМ-и АТТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш