Нашрияи Омӯзгор

Фурӯзонахтари фардост кӯдак

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 62        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади тарбияи дурусти насли наврас ва дарёфти падидаҳои нав дар ҷодаи ихтироъкорӣ, забономӯзӣ соли 2015 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” қабул гардид ва тибқи он дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб марказҳои таълимию тарбиявӣ барои кӯдакони лаёқатманд ташкил карда шуданд.

Ҳоло дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак фаъолият дорад, ки баҳри амалисозии сиёсати имрӯзаи давлат оид ба кӯдакону наврасон тадбирҳои заруриро  амалӣ намуда истодаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар навбати худ ба рушди муассисаҳои томактабӣ таъмиру азнавсозии онҳо, боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи кӯдакон ва фарогирии теъдоди бештари онҳо ба ин муассисаҳо диққати хоса медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 153 муассисаи томактабӣ бо фарогирии16652 нафар ва 799 маркази рушди кӯдак бо фарогирии 20070 нафар кӯдак фаъолият дорад. Дар маҷмӯъ, фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдак дар вилоят 36 ҳазору 722 нафарро ташкил медиҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароити заруриро барои насли ҷавон, бахусус, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробонмонда ва оилаҳои камбизоат фароҳам овардааст. Аз ин рӯ, барои фарогирии кӯдакони ятиму бепарастор ба таълиму тарбия дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 15 адад муассисаи интернатӣ таъсис дода шудааст, ки дар онҳо 2485 нафар кӯдакону наврас ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Соли 2019 аз тарафи соҳибкорон, ташкилоту муассисаҳо, шахсони саховатпеша  ба муассисаҳои интернатии вилояти Хатлон 448 ҳазору 761 сомонӣ кумакҳои моддию маънавӣ расонида шудааст.

Дар фарҷом тамоми кӯдакону наврасони Ватани азизамонро ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик ва муборакбод намуда, ин дубайтии пурҳикмати устод А. Муродиро барояшон чун гулдастае тақдим мекунем:

Ҷаҳони пурнишоти мост кӯдак,

Ба сони ганҷи беҳамтост кӯдак.

Зи ӯ дилҳо фараҳбор аст доим,

Фурӯзонахтари фардост кӯдак.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш