Нашрияи Омӯзгор

Занони шуҳратёри ҷаҳон

Сана: 2020-06-04        Дида шуд: 70        Шарҳ: 0

 

Амрест маъмул ва дерин, ки дар ҷомеа мардонро ҳамчун рамзу доноиву тавоноӣ, ҷасорату матонат ва  устуворию пойдорӣ мешиносанду  тавсиф  мебахшанд.

Воқеан ҳам, мардон шоҳсутунҳои зиндагианд ва барои таъмини осоиштагию амният, ҳифзи марзу бум, бартарафсозии ҳама гуна монеаҳо дар воқеият  ва пешрафти ҳаматарафаи ҳар кишвар нақши барҷаставу раднопазир доранд. Аз сари инсоф бояд гуфт, ки мардонро дӯшбори зиндагӣ гаронтар ва масъулият афзунтар аст. Аз ин рӯ, вазъи ҳар оила ва дар умум, вазъи ҷомеа бо ифтихору матонату фидокории мардон ҳамбастагии ҳамешагӣ дорад. Таъкиди машҳури зер низ аз ҳамин нукта бармеояд:

Мард бояд ки ҳаросон нашавад,

Мушкиле нест, ки осон нашавад.

Дар баробари ин зикр бояд кард, ки гуфтаҳои  боло ҳаргиз нақши занро дар ҷомеа коста намекунанд. Занон дар тамоми марҳилаҳои зиндагӣ дар паҳлуи мардон  қарор доранд, онҳоро дастгирӣ мекунанд, илҳомбахш мешаванд, барояшон маслиҳатҳои муфиду созандаи худро дареғ намедоранд. Дар  ҷодаҳои ҳаёт зану мард ҳамдигарро комил месозанд ва дар якҷоягӣ ба қувваи мағлубнопазире табдил меёбанд. Фармудаест хеле пурҳикмат:

Зану марданд асоси зиндагонӣ,

Зан аввал дар ҳисобу мард сонӣ.

Воқеан ҳам, таърихи башар баёнгари он аст, ки дар бисёр лаҳзаҳои ҳассос ва мураккабу фоҷеабори зиндагӣ занон бештар фаъол будаанд ва баҳри рафъи монеаҳову мушкилот кӯшидаву ҷоннисориҳо кардаанд. Дар чунин мавридҳо гоҳе онҳо аз мардон гӯи сабқат бурдаанд, ба баъзе мардони тарсу дарси ибрат нишон додаанд. Номи иддае аз  бонувони соҳибхираду ҷасоратманди ҷаҳон ба рамзи ҷавонмардию далерӣ ва хирадгустарӣ табдил ёфтааст. Яке аз чунин занони маъруф Модар Тереза мебошад (номи аслиаш: Ангесса Гонҷа Бояҷиу). Ӯ барои ҳаёти осоиштаву таъмини саломатии аҳли саёра корҳои бузургеро сомон бахшид. Ин бонуи тавоно Иттиҳоди хоҳарони шафқатро созмон доду дар саросари сайёра дастгири ниёзмандон гардид. Ба шарофати  ин иттиҳод дар беш аз 120 кишвари ҷаҳон зида аз 600 табобатгоҳу ятимхона ифтитоҳ ёфтанду ба хизмати ниёзмандон пардохтанд. Дар бораи  Модар Тереза бисёр навиштаанд, санояш гуфтаанд, аз ҷумла, ба ин навишта таваҷҷуҳ намоем: «Бо ибтикори ин диловарзан табобатгоҳҳои зиёде дар қитъаҳои гуногуни олам арзи ҳастӣ карданд. Дар қатори онҳо хонаҳои кӯдакон, марказҳои эмкунӣ, «шаҳри сулҳ» барои махавҳо пайдо шуданд. Нахустин дармонгоҳ барои гирифторони СПИД низ бо эҳтимоми Модар Тереза бунёд карда шуд». Барои фаъолияти вусъатманду меҳрбор ва барои муҳаббати самимиаш ба инсоният ин зани шуҷоъ соли 1979 сазовори Ҷоизаи Нобел дар бахши сулҳ гаштаву маблағи ин ҷоизаро пурра ба хазинаи  Иттиҳоди хоҳарони шафқат бахшидааст.

Агар ба умқи таърих бештар фурӯ равем, бо номи як силсила бонувоне дучор меоем, ки бо корномаашон мардонро, ҷаҳонро ба ҳайрат овардаанд. Масалан, номи  Клеопатра машҳур аст. Мисриёни қадим ӯро  солиёни зиёд мепарастиданд, ба ёдаш қурбониҳо мекарданд. Маҳз неруи занонаву санъати сиёсатмадории беназираш ба Клеопатра имкон фароҳам оварданд, ки дар муддати бист сол  истиқлолияти Мисрро аз асорати Рим ҳифз  намояд. Агар матонату хираду иродати ин шаҳбону намебуд, оташи ҷанг ҳам дар Мисру ҳам дар Рим даҳсолаҳо хомӯш намегашт.

Дар арсаи таърих бонуе бо номи Малика Тамара шуҳратёр аст. Муаррихон ҳадс мезананд, ки ӯ тақрибан дар моварои солҳои 1164-1207 зиндагӣ ба сар бурдааст. Дар даврони фармонфармоии Малика Тамара империяи Гурҷистон ба муваффақиятҳои барҷастаи сиёсиву ҳарбӣ комёб гаштааст. Аз баракати хираду қазоватҳои бунёдии ӯ Гурҷистон ба як кишвари муқтадир табдил ёфт, бисёр мушкилотро бартараф кард ва  пояҳои истиқлолашро мустаҳкам сохт. Шоири шаҳири гурҷӣ Шота Руставелӣ достони машҳураш – «Палангинапӯш»-ро ба Малика Тамара бахшидааст.

Солиёни зиёдест, ки дар саросари сайёра номи ҳиндузани мубориз ва соҳибфазилату иродатманд Индира Гандӣ вирди забонҳост. Ӯ  солҳои 1966-1977 сарвазири Ҳиндустон ва баъдан вазири корҳои хориҷии ин мамлакат буд. Дар қатори пешвоёни фидокори ҳизби Конгресси миллии Ҳиндустон мавқеъ дошт ва иштирокдори ҷасури ҳаракати миллию озодихоҳӣ буд. Аз ҷониби террористони зархарид кушта шуд. Индира Гандӣ модари маҳбубу ғамхори ҳиндуён буду  барои тантанаи истиқлолу адолат, барои пешрафти кишвараш дар тамоми соҳаҳо фидокорона талош меварзид. Барои пойдории сулҳ дар тамоми ҷаҳон низ ҳиссагузорӣ намуд.

Бояд гуфт, ки дар байни занони маъруфи ҷаҳон иқтисоддонҳову сиёсатмадорон, адибону олимон, ихтироъкорону устодон ва намояндагони соҳаҳои дигари ҳаёт кам нестанд. Масалан, чанде аз бонувон бо ихтирооти барҷастаашон дар такомули илми ҷаҳонӣ  ва дар беҳбудии ҳаёти инсоният, махсусан,  пешгирию табобати маризиҳои гуногун хидмати беназир кардаанд. Зани соҳибхирад Гертруда Элайон дар ҳамкорӣ бо чанд олими дигар дар нимаи  аввали садаи бист доруҳои қавии иммуносупрессивӣ, пириметамин (барои табобати вараҷа), триметоприм (системаи гурдаҳо)-ро ихтироъ намуд, ки ин боиси аз марг наҷот ёфтани миллионҳо одамон дар тамоми манотиқи дунё  гардид. Гертруда Элайон барои комёбиҳояш дар соҳаи илми тиб ба дарёфти Ҷоизаи Нобел мушарраф шудааст.

Агар рӯйхати маъруфтарин занони кураи Заминро мураттаб намоем, шояд чанд ҷилд китоб шавад. Ин китоби чандҷилда собитгари он хоҳад буд, ки занон неруи тавонову пешбари ҷомеаанд ва дар рушди ҳаёт дар сайёраамон ҳиссаи чашмгир доранд. Ба ин гуфтаҳо ҳаминро ҳам замима бояд кард, ки тамоми мардони бузургро низ занон ба олам овардаву дар оғӯши гарму  нармашон парвариду ба ҷодаҳои зиндагӣ ҳидоятгар шудаанд ва онҳоро ҳамеша маънаван дастгирӣ намудаанд. Дар ин миён, хушбахтона, бонувони тоҷик низ симои пурҷило доранд. Дар байни онҳо чеҳраҳои маъруф, онҳое, ки дар ҷодаҳои сиёсат, иқтисод, адабиёт, фарҳанг, илм, саноат, тиб, маориф, тиҷорат, соҳибкорӣ… ба комёбиҳои барҷаста ноил гардидаву дар соҳати ҷаҳон номвар шудаанд, кам нестанд.

Мехоҳам байти зерини устоди зинданом Лоиқ ҳусни анҷоми ин навишта бошад:

Дару девори ҷаҳон худ дару

девори зан аст,

Кори дунё ҳама дар пайравии

кори зан аст.

 

Санавбар Раҷабова,

рӯзноманигор,

Аълочии фарҳанги ҶТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш