Нашрияи Омӯзгор

Бунёдкорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 92        Шарҳ: 0

 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ бо ҷараёни корҳои сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос шуд.

Раиси вилоят дар Ҷамоатҳои шаҳракҳои Суғдиён ва Бӯстон ба  рафти корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ, қасри фарҳанг, варзишгоҳи марказӣ ва толори варзишии «Паҳлавонони Суғд»  шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд омода намудани иншоотҳо, дастур ва тавсияҳои судманд дод. Мавриди зикр аст, ки иншоотҳои мазкур ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ваҳдати миллӣ бунёд мегарданд.

Муассисаи таълимии шаҳраки Ганҷобод аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо харҷи 12 млн сомонӣ барои 650 нафар хонанда дар як баст бунёд мешавад.

Ҳамчунин, Р.Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии ангораи «Пахтаи шукуфон» шинос шуд. Иншооти мазкур дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон бунёд хоҳад шуд. Тибқи лоиҳа сутунпояи ангора 10 метр, андозаи худи пахтаи шукуфон 5 метр, баландии умумии иншоот 17,4 метр мебошад. Дар болои сутунпоя ва поёни пахта, кураи замин ва дар рӯйи он навиштаҷоти «Ноҳияи Мастчоҳ» дарҷ гардидааст.

Сохтмони Қасри фарҳанг бо ҳазор ҷои нишаст, варзишгоҳи марказӣ бо даҳ ҳазор ҷои нишаст, толори варзишии «Паҳлавонони Суғд», боғи фарҳангӣ - фароғатӣ, ҳавзи шиноварӣ, майдони Парчами давлатӣ дар маркази ноҳия бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром идома доранд.

 

Нуъмон Раҷабзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш