Нашрияи Омӯзгор

Илму маърифат ва тамаддуни Шарқ

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 78        Шарҳ: 0

 

Илму дониш дар тамаддуни Шарқ дорои манзалати бисёр бузург мебошад. Далели ин гуфта нахустин ояти Қуръони карим аст, ки ба Пайғамбар (с) нозил шудасту ба фаро гирифтани илм даъват менамояд: «Бихон ба номи Парвардигорат, ки офарид».

Суннати набавӣ низ бар ҷойгоҳи волои илму дониш таъкиди фаровон дорад ва саъю талош дар роҳи касби илмро василаи расидан ба биҳишти барин қарор додааст. Расули Худо (с) дар ин маврид фармудааст: «Шахсе дар роҳе равад, ки дар он илмеро меҷӯяд, Худованд барои ӯ роҳе ба сӯи биҳишт омода мекунад».

Ҷойгоҳи илмҳои дунявӣ дар тамаддуни исломӣ мавқеи бузург дорад. Паёмбари Ислом (с) дар як ҳадисе баён мекунад, ки «Илмро биомӯзед, агарчӣ дар Чин бошад». Мурод аз ин ҳадис илмҳои динӣ нест, балки илмҳои дунявӣ мебошад, зеро дар Чин аз замони зуҳури Ислом то ба имрӯз илмҳои дунявӣ рушду тараққӣ намудааст.

«Қуръон»-и карим дар маврид-ҳои бешуморе аз касоне, ки илм меомӯзанд ва соҳиби донишанд, тавсиф намудааст. Дар ҳақиқат, илму дониш ва машғул шудан ба он ва таълим додани дигарон аз сифатҳое аст, ки ҳар инсони оқил онро меписандад ва дӯст медорад. Мардуми Шарқ  ба масъалаи илму дониш ва донишомӯзию таълим додан ба дигарон таъкиди фаровон дорад ва мақоми илму дониш ва донишмандонро дар ҷойгоҳи бисёр баланде қарор додааст.

Худованд мефармояд: «…Бигӯ: «Оё онон, ки медонанд ва онон, ки намедонанд, баробар мешаванд?». («Зумар», 9).

Ин ояти муборак мақоми волои илму донишро дар пешгоҳи Худованд нишон дода, баёнгари ин матлаб аст, ки камоли инсон дар ҳосил кардани илму маърифат ва амал кардан ба мазмуни он мебошад. Худованд дар ин оят дар баробари неъмати илм аз неъмати ақлу хирад низ ёдовар шуда, пандпазирӣ ва ибратгириро махсуси донишмандон ва хирадмандон донистааст. Дар ҳақиқат, ба сабаби панду ибрат пазируфтан аст, ки инсон хатоҳои пешиниёнро дар зиндагии худ такрор намекунад. Пандпазирӣ ва ибратгирӣ меъёри асосии рушди инсон ва ҳаракати ӯ ба самти дуруст мебошад, зеро маҳз аз таҷрибаҳои хуби гузаштагон барои сохтани зиндагӣ ва ҷомеаи солим истифода мебарад.

Месазад ин ҷо чанде аз тавсияҳои донишмандонро дар мавриди фазилати илму дониш ва фавоиди он баён намоем.

Абдуллоҳ ибни Масъуд мефармояд: «Дониш омӯзед, чун онро фаро гирифтед, пас ба он амал кунед. Вой бар касе, ки намедонад ва бар касе, ки илм дорад, аммо ба он амал намекунад».

Умар ибни Хаттоб (р) мегӯяд: «Дониш омӯзед, пеш аз он ки сардор шавед». 

Олими дигаре мегӯяд: «Ҳар илме, ки дар ҷамъият манфиат дорад, омӯхтанаш фарз аст».

Яке аз омилҳои асосии рушди инсоният дар паҳнои дунёи кунунӣ омили илму дониш ва саводу ҷаҳонбинии мукаммали имрӯзӣ маҳсуб меёбад. Воқеан, дар кишваре, ки мардумаш рӯ ба илму маориф ва кашфиёту таҳқиқ, рӯ ба андешаи пешрафт ва беҳбуди зиндагӣ тавассути илму дониш доранд, саодати зиндагӣ дар онҳо ҳукмфармост.

Тақозои тамаддуни Шарқ низ ҳамин аст, ки инсон бояд дар ин дунё зиндагии сазовор дошта бошад ва бо илму фазилат ва ахлоқи ҳамида  дунёю охираташро обод намояд.

Бинобар ин, мақсуд аз омӯзиши илму дониш нафъ расонидан ба халқ ва расидан ба саодати ҷовидон аст, на чизи дигар. Илмомӯзӣ худ қонуну қоидаҳо дорад, ки бояд аз ҷониби ҳам муаллим ва ҳам донишҷӯ риоя гардад.

Сазовор мебуд, агар ҳар як донишҷӯ ва омӯзгор васиятҳои сарвари мазҳабамон ҳазрати Имоми Аъзам (р) ба фарзандаш Ҳаммодро сармашқи худ қарор диҳанд, зеро кор бастани ин насиҳатҳо дар даврони таҳсил бисёр судманд буда, самараи нек ба бор хоҳад овард. Ба андешаи Имоми Аъзам (р), омӯзгор бояд дар ошкору ниҳон якрӯ ва нисбат ба шогирдони худ мушфиқу меҳрубон бошад, чунонки мефармояд:

 «Бо Худо дар ниҳону ошкор ва дар танҳоӣ ва чашми мардум як хел бош! Зеро салоҳи амри олим ва самараи илмаш вақте ошкор мегардад, ки дар ниҳону ошкори худ  яксон бошад».

    

Ҷамшед Гурезов,

дотсенти кафедраи

забонҳои   ДДТТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш