Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти бавусъати ситод

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 90        Шарҳ: 0

 

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Ситоди донишгоҳии мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ дар ДДҲСТ, ки бевосита ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода Муъмин Машокир онро роҳбарӣ менамояд, аъзои ситод дар шаҳри Хуҷанд корҳои тавзеҳӣ ва безараргардониро вусъат мебахшанд.

Ҳамарӯза аз ҷониби аъзои ситод ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ (COVID-19) дар микроноҳияҳои шаҳри Хуҷанд, хонаҳои баландошёна, истгоҳҳои нақлиётӣ, майдончаҳои варзишӣ, кӯчаву хиёбон, мағозаҳо ва роҳраву нақлиёти ҷамъиятӣ варақаҳои иттилоотии пешгирикунанда аз бемориҳои сироятӣ насб гардида, навъҳои гуногуни маҳлулу моеъҳои зиддивирусӣ, ниқобҳои яккаратаву бисёркарата ва дигар ҷиҳозу маҳсулоти зарурии пешгирикунанда тақсим гардида, маҳлулҳои безараргардонӣ пошида мешавад.

Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар беҳдошти саломатии ҷомеа саҳми худро мегузорад.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш