Нашрияи Омӯзгор

Қобилият - заминасози фаъолият

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 79        Шарҳ: 0

 

Барои самаранок аз худ намудани донишҳо ба муаллим хотираи хубу мустаҳкам, диққати устувор, зиракӣ ва тезфаҳмӣ  лозиманд.

Ғайр аз ин, қобилиятҳои махсус (монанди қобилиятҳои  математикӣ, техникӣ, филологӣ ва ғайра) ҳам заруранд.

Нишондиҳандаи мавҷуд будани ин қобилиятҳо самаранокӣ ва бомуваффақият будани таълим дар мактаб мебошад.

Қобилиятҳои омӯзгорӣ дар масъалаи аз худ кардани донишҳо, маҳорат ва малакаҳои омӯзгорӣ якхела нестанд.

Чи тавре ки маълум аст,  қобилиятҳои педагогӣ  ҷамъи хусусиятҳои ба худ хоси психологии шахс буда, ба талабҳои фаъолияти педагогӣ ҷавоб медиҳанд ва муваффақиятҳои ин фаъолиятро муайян мекунанд.

Фарқияти қобилиятҳои педагогӣ аз маҳорати омӯзгорӣ дар он аст, ки қобилиятҳои педагогӣ ин хусусиятҳои фардии ба худ хоси шахс мебошанд, маҳорати педагогӣ бошад, ин амалҳои алоҳидаи фаъолияти педагогӣ буда, одам ба дараҷаи баланд онҳоро иҷро мекунад (масалан,  мо чунин ифодаҳоро мегӯем: «маҳорати босаводона ташкил кардани саволу ҷавоби хонандагон», «маҳорати истифода бурдани асбобҳои аёнӣ, воситаҳои техникӣ», «маҳорати ташкил кардан ва гузаронидани экскурсияҳо» ва ғайра).

Қобилиятҳои педагогӣ, ин замина барои ба даст даровардани маҳорати педагогӣ мебошад ва дар ҷараёни аз худ намудани он ташаккул меёбад. Маҳорати муаллим нишондиҳандаи  инкишофи қобилиятҳои педагогӣ мебошад. Агар муаллим дар зиндагӣ илму дониши мукаммал гирифтааст, кори ӯ пешрав ва рафтору гуфтори ӯ шоистатар хоҳад буд.

Аз худ намудани касбу маҳорат сарчашмаи хушбахтии одамон аст. Алалхусус,  дар фаъолияти педагогии муаллим. Ба ҷараёни таълиму тарбия нағз роҳбарӣ кардани муаллим илму маҳорат ва санъати таълиму тарбияро мукаммал аз бар кардан аст.

Табиату хусусияти кори педагогии мо ҳамин тавр аст. Барои роҳбарӣ кардан ба ин кор, пеш аз ҳама, дониши худро пайваста афзун кардан ва такмил додан лозим аст. Муаллим фақат дар сурате муаллими хубу фозил ва обрӯманд шуда метавонад, ки агар вай маҳорати педагогии худро рӯз ба рӯз такмил диҳад, моҳияти кори таълиму тарбия, омӯзишу дониши шогирдонро дар мадди аввал гузорад.

Чи тавре ки А.Г.Ковалев қайд кардааст, қобилиятҳои педагогӣ ин мутаносибӣ, мувофиқатӣ, яклухтии сифатҳои шахсияти  инсон буда, ба талабҳои фаъолияти педагогӣ ҷавоб медиҳад.

А.Г.Ковалев қобилиятҳои педагогиро ба се  гурӯҳ тақсим мекунад: қобилиятҳои дидактикӣ, ташкилотчигӣ ва коммуникативӣ. Чӣ тавре ки мебинем, қобилиятҳои касбии муаллим ниҳоят гуногун мебошад.

 

Шаҳобиддин Раҳмонов,

ҷонишини директор оид ба корҳои

таълимии мактаби №36, ноҳияи Варзоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш