Нашрияи Омӯзгор

Ҳифзи саломатии хонандагон

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 69        Шарҳ: 0

 

Вобаста ба солимии омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти шаҳри Кӯлоб ва пешгирии бемории сироятии COVID-19 бо фармоиши раёсати маорифи шаҳр аз ҳисоби кормандони раёсат, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорону мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ ситоди махсус таъсис дода шуд. Ситод нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои фаҳмондадиҳию тавзеҳӣ дар масъалаи пешгирии бемории коронавирус (COVID-19) ва қоидаҳои риояи гигиенаи шахсӣ ба тасвиб расонида, дастраси тамоми муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ гардонид. Тавре ки сардори раёсати маорифи шаҳр П.Сабуров мегӯяд: - Айни замон хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то 16 август ба таътили тобистона фиристода шуда бошанд ҳам, бо падару модарон ва худи хонандагон суҳбатҳои алоҳида – алоҳида гузаронида, ба онҳо барои пешгирии бемории коронавирус варақаҳои иттилоотӣ пешниҳод менамоянд. Бояд қайд намуд, ки кормандони раёсат, директорони муассисаҳои таълимӣ, хоҷагии муассисаҳои таълимӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагии ёрирасон ва таҷрибавии назди муассисаҳои таълимии худро самаранок истифода бурда, маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили картошкаву пиёз, бодирингу помидор, ҷуворимакка ва дигар намуди сабзавотро парвариш намуданд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш