Нашрияи Омӯзгор

Муҳаққиқи беназири забони яғнобӣ

Сана: 2020-05-28        Дида шуд: 73        Шарҳ: 0

 

Соли 1970  муҳаққиқ А.С Кун ҳангоми сафараш дар дараи Яғноб мушоҳида намуд, ки мардуми ин мавзеъ бо забоне такаллум мекунанд, ки аз забонҳои дигари эронӣ тафовути зиёд дорад. Маҳз ҳамин муҳаққиқ ба аҳли илм забони яғнобиро муаррифӣ намуда, эътибори чанде аз онҳоро ба ин макон ҷалб намуд. Забони яғнобӣ минбаъд эътибори дигар шарқшиносонро ба худ ҷалб намуд ва боис бар он шуд, ки онҳо низ ба ин сарзамин ташриф оранд. Яке аз чунин муҳаққиқони варзида Алберт Леонидович Хромов мебошад. Ӯ 28-уми августи соли 1930  дар шаҳри Новгороди Россия  ба дунё омадааст. Хатмкардаи шуъбаи шарқшиносии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи М.В. Ломоносов  мебошад. Соли 1954 ба Тоҷикистон меояд ва  дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.  Фаъолияти илмии А.Л.Хромов гуногунҷабҳа буда, дар самтҳои гуногуни забоншиносӣ, мардумшиносӣ, адабиётшиносӣ таҳқиқотҳои арзишманде бурдааст. Ӯ нахуст ба омӯзиши лаҳҷаҳои Мастчоҳ пардохта, дар мавзӯи “Лаҳҷаҳои тоҷикони ноҳияи Мастчоҳ” (1962) таҳти роҳбарии профессор В.С. Росторгуева рисолаи номзадӣ ҳимоя менамояд. Пас аз дифои рисолаи номзадӣ тасмим гирифт, ки ба дараи Яғноб рафта, забони муоширати мардумро омӯзад. Ин бори аввал соли 1963 ба ӯ мушарраф гардид ва минбаъд солҳои зиёд ба омӯзиши бахшҳои гуногуни забони яғнобӣ, аз қабили топонимика, лексикология, морфология, лаҳҷашиносӣ пардохта, ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. А.Л.Хромов соли 1970 рисолаи докториашро дар мавзӯи “Таҳқиқи таърихӣ-лингвистии Яғноб ва болооби Зарафшон” дифоъ карда, дар ин замина асаре бо номи “Забони яғнобӣ” (ба забони русӣ), соли 1972 чоп намуд, ки асари номбурда ҳамчун нахустграмматикаи забони яғнобӣ эътироф шудааст.

Саҳми профессор А.Л.Хромов дар омӯзиши микротопонимҳои дараи Яғноб бориз аст. Ӯ ба бисёр мавзеъҳои ин дара сафар намуда, мавқеи ҷуғрофии онҳоро мушоҳида намудааст. Асари “Очерки по топонимии и микротопонимии Таджикистана” (соли 1975) натиҷаи ҳамин заҳматҳои олими забардаст мебошад.

Соли 1976 таҳти унвони “Калимаҳои куҳани яғнобӣ дар номҳои ҷуғрофӣ” мақолаеро ба чоп расонид, ки дар он сухан аз калимаҳои куҳани яғнобӣ дар номҳои ҷуғрофӣ меравад. Худи муаллиф мақсади таҳқиқи ин мавзӯъро чунин шарҳ медиҳад: “Пажӯҳиши тополексемаҳо, яъне, чунин таквожаҳое, ки феълан дар гуфтори яғнобӣ корбурд надоранд ва танҳо дар номҳои ҷуғрофӣ дида мешавад, имкон медиҳад то чанде аз луғати архаистии яғнобиро, аз қабили исму сифатҳо пайдо кунем”. Баъди баёни ин андеша чанде аз калимаҳоро овардааст.

Хулоса, А.Л.Хромов тавонист аз худ осори зиёдеро боқӣ гузошта, бахусус, дар таҳқиқи масоили мухталифи забони яғнобӣ ковишҳои назаррасро ба анҷом расонад. Асару мақолаҳои ӯ барои ҳар як нафаре, ки ин ё он самти забони яғнобиро таҳқиқ менамояд, ба ҳайси роҳнамо хидмат хоҳанд кард.

Рамазон Самадов,

омӯзгори мактаби №5,

ноҳияи Зафаробод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш