Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба фанҳои дақиқ

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 99        Шарҳ: 0

 

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ Мавлуда Боймуродзода иттилоъ дод, ки бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, рушди тафаккури техникии наврасону ҷавонон ҳолати таълими фанҳои физика, математика, химия ва биология дар чанде аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия мавриди таҳлил ва санҷишу баҳогузорӣ қарор дода шуд. Ҷамъбаст нишон дод, ки сифати таҳсилот ва дониши фаннии хонандагон дар муассисаҳои таълимии  №№3, 29, 30, 31, 47, 50, гимназияи давлатӣ, литсейи давлатӣ нисбат ба соли таҳсили гузашта беҳтар гардидааст.

 

Ба иттилои М. Боймуродзода, дар назди муассисаҳои таълими ноҳия маҳфилҳои фаннӣ ва беруназсинфӣ аз фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ташкил карда шудаанд. Инчунин, баҳри бедор намудани завқи донишандӯзии толибилмон як қатор озмунҳои дохилимактабӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баргузор гардиданд.

С.АЗИЗӢ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш