Нашрияи Омӯзгор

Касбатро медонӣ? Забондонӣ ҳам зарур! 

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 105        Шарҳ: 0

 

Яке аз сабабҳои асосии ба мушкилот рӯ ба рӯ шудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик надоштани касбу ҳунари хуб бошад, сабаби дигар надонистани забони ҳамон давлат аст.

Мушоҳидаҳои солҳои охир дар коллеҷи иқтисодӣ – техникии ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб гувоҳи он аст, ки дониши аксарияти шогирдон аз забони русию англисӣ ба талаботи замон ҷавобгӯй нест. Вобаста бо ҳамин, маъмурияти коллеҷ таълими фанҳои номбурдаро ба омӯзгорони соҳибтаҷрибаю собиқадор вобаста намуда, барои таълим шароитҳои мусоид, аз ҷумла,  воситаҳои аёнӣ, воситаҳои техникии таълимӣ, аз қабили тахтаҳои электронӣ, проекторҳо ва компютерҳо муҳайё намудааст.

Аз тарафи комиссияи сифати таҳсилот дар  нимсолаи аввали соли хониши 2018-2019 сатҳи дониши шогирдон ду маротиба дар моҳҳои октябр ва декабр аз фанҳои забони русию англисӣ аз тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ санҷида шуда буд. Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки бинобар сабабҳои дар сатҳи паст қарор доштани луғатдонӣ шогирдон дар имлои калимаю ҷумлаҳо  бештар ба хатоӣ роҳ медиҳанд.

Дар коллеҷ дар баробари омӯзиши забонҳои русию англисӣ ба  касбомӯзии шогирдон низ бояд диққати махсус дода шавад. Забонҳои русию англисӣ дар курсҳои аввал ҳамагӣ 5 кредит (120 соат) таълим дода мешавад, ки ин ба андешаи мо, хеле нокифоя аст. Дар курсҳои дуюму сеюм забонҳои русию англисӣ умуман таълим дода намешаванд. Донишҷӯ дар ду соли охир донишҳои каму беш азхудкардаи худро аз хотир фаромӯш мекунад.

Имрӯзҳо дар мактаб, кӯча ва оила муошират бо забони англисию русӣ хеле маҳдуд мебошад, ки як сабаби асосии надонистани ин забонҳо дар ҳамин аст. Ва соатҳои фориғ аз машғулиятҳои таълимӣ хонандагон ба тамошои филмҳои ба ахлоқу маърифати  миллати мо бегона, бозиҳои компютерии тарғибкунандаи ахлоқи бегонаю зӯроварӣ машғул гашта ва ё дар кӯчаҳо беҳудагардӣ менамоянд. Аксарияти хонандагону донишҷӯён бинобар сабабҳои надонистани забонҳои русию англисӣ китобҳои хуби ба синну солашон мувофиқи бо ин забонҳо нашршударо мутолиа карда наметавонанд.

Масъалаи дигар, ба андешаи мо, аз нав таҳрир кардани нақшаҳои таълимии   аз   тарафи Вазорати   маориф  ва  илми   Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда мебошад. Барои мисол, омӯзиши «ҷумлаҳои мураккаб ва хелҳои он» ва чандин мавзӯъҳои дигар дар гурӯҳҳои тахассусие, ки  дар коллеҷ таълим дода мешаванд, ҳеҷ зарурат надорад. Зеро барои таълими чунин мавзӯъҳои мураккаб  соатҳо ва муҳлатҳои зиёд талаб карда мешавад, ки дар нақшаи таълимӣ чунин миқдори соатҳо ҷудо нашудаанд. Аз тарафи дигар, бояд дар назар дошт, ки хатмкунандагони коллеҷ на мутахассисони соҳаи филология, балки мутахассисони зинаи миёнаи коргарӣ мешаванд. Бо назардошти ҳамин ҷиҳати масъалаи  содаю ба  ҳар як тахассус мутобиқ намудани нақшаҳои таълимӣ ва бештар ба луғатомӯзию ҷараёни муошират диққат додан, шояд бештар манфиатовар бошад?

Ҳамзамон, барои самаранок амалӣ намудани Барномаҳои  нави такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ бояд дар курсҳои дуюм ва сеюми коллеҷҳо таълими ин забонҳо ба нақшаи таълимӣ ворид карда шавад, то ки донишҷӯён битавонанд, терминологияи тахассусии худро то андозае аз бар намоянд.

Ба гумони мо, имрӯзҳо дар барномаҳои телевизионҳои марказӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ барномаҳои мусиқӣ аз меъёр зиёд ҷой дода шудаанд. Баъзан сурудҳое садо медиҳанд, ки ягон ҷиҳати тарбиявӣ надоранд. Ба қавле, «ситораҳо» аз ҳад зиёд шудаанд. Аксаран «ситораҳо» шеърҳоеро мехонанд, либосҳоеро реклама мекунанд, ки аз  фарҳангу маърифат ва хусусиятҳои либосҳои миллии тоҷикӣ фарсахҳо дуранд. Агар ба ҷои ҳамаи ин ба барномаҳои телевизионӣ намоишҳои тарбиявию омӯзишӣ, омӯзиши забони модарӣ ва русию англисиро бештар ворид менамуданд, ба манфиати кор мебуд.

Масъалаи дигаре, ки ба он  масъулини соҳа бояд бештар диққат диҳанд, табъу нашри луғатҳо, луғатҳои дузабона, сезабона, тафсирии тоҷикӣ – русӣ, русӣ-тоҷикӣ ва терминологии соҳавӣ мебошад.

Ин гуна луғатҳо нашр шуда бошанд ҳам, мутаассифона, ба ҳама дастрас  нестанд.

 

Ганҷихон Қаюмов,

омӯзгори коллеҷи иқтисодӣ-

техникии ғайридавлатии

шаҳри Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш