Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши фасли «Машқи саф»

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 128        Шарҳ: 0

 

Дар раванди омодагии ҳарбии ҷавонон машқи саф муҳимтарин боби омӯзиш ба ҳисоб меравад. Чӣ тавре ки маълум аст, машғулиятҳои амалӣ завқи хонандагонро ангезиш дода, аз омӯзгор маҳорату малакаи ҷиддиро талаб менамояд.

Омӯзиши дурусти машқи саф завқи санъати ҳарбии ҷавононро ташаккул дода, дар онҳо маҳорати баланди либоспӯшӣ, рафтори ҷиддӣ, чусту чолокӣ, тарзи дурусти одоби муошират, роҳгардии низомӣ ва иҷрои саривақтии амалҳоро таъкид менамояд.

Машғулиятҳои машқи саф бо усули вобаста ба талаботи Оинномаи сафороии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, дар ҳайати гурӯҳ дар майдончаи сафороӣ гузаронида мешавад. Роҳбари ҳарбӣ мазмун, тарзи дурусти навишт (Рост – ГАРД, Чап-ГАРД, Ақиб-ГАРД»), талаботи амр, қисми тайёрӣ (Рост), қисми иҷро (ГАРД) ва  талаффузи амрҳоро бо овози афсарӣ ба хонандагон пурра фаҳмонида, дар ҷои ба  ҳамаи хонандагон намоён тарзи дурусти иҷрои ҳар як қисми амрро нишон медиҳад ва ба овози афсарӣ, аниқ ва возеҳ иҷрои амрро аз хонандагон талаб менамояд. Тарзи нодурусти талаффузи амр мавқеъ ва нуфузи роҳбари машғулиятро дар назди хонандагон коста мегардонад. Дар вақти амрдиҳӣ роҳбари машғулият ҳам ҳолати НИЗОМ-ро гирифта, то дуруст аз худ намудани хонандагон ҳамроҳи онҳо машқ менамояд.

            Омӯзиши фасли машқи саф ба тарзи зер сурат мегирад:

1. Шиносоӣ ба усули иҷрои амр

2. Азхудкунии иҷрои амр

3. Машқкунӣ

Дар рафти машғулиятҳо роҳбари ҳарбӣ метавонад ба сардорони ҷузъҳо (отделенияҳо), ки аз ҳисоби хонандагони лаёқатманд интихоб гардидаанд, такя намуда, дастаро (взвод) ба ҷузъҳо ҷудо намояд ва машқи онҳоро назорат кунад.

Пурсамар гузаштани машғулиятҳои машқи саф аз ҷиҳози майдончаи машқи саф вобастагии зиёд дорад, ки он чунин аст:

Намунаи масоҳати майдончаи машқи саф мувофиқи талаботи Оинномаи сафароии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.

Масоҳати майдонча барои машқи саф 10 х 20 м2-ро ташкил медиҳад. Квадратҳои хурд 80 см2-ро ташкил намуда, барои қадамзании низомӣ, давраҳо барои машқи ҳолати «саф ист» ва гардишҳо дар ҷойи ист ва ҳангоми ҳаракат истифода бурда мешаванд. Масоҳати квадратҳои калон 3,2 м2-ро ташкил менамояд, ки барои машқи якнафарии ҳолати «саф ист»-ро гирифтан, ба тарафҳо гаштан, дар ҷойи исту ҳангоми ҳаракат ба тарафҳо гаштан ва роҳгардии низомӣ истифода бурда мешаванд.

Дар майдончаи машқи саф расмҳои (андоза 70Х150см) «Ҳолати саф ист», «Иҷрои амри Рост-ГАРД», «Иҷрои амри Чап-ГАРД», «Иҷрои амри Ақиб-ГАРД», «Қадамзанӣ дар ҷои ист», «Қадамзанӣ ҳангоми ҳаракат» бо ишораи баландии масофаи пой аз замин ва дарозии қадам бояд бошанд.

 Бояд гуфт, ки хуб ороиш додани майдончаи машқи саф барои аз худ намудани роҳгардии низомӣ дар машғулиятҳои фанни «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ» аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Қурбоналӣ Зиёев,

 муаллифи китоби

«Омодагии ибтидоии ҳарбӣ»,

Саймуҳаммад Холов, подполковник, роҳбари ҳарбии мактаби №100, роҳбари иттиҳодияи  методии ОИҲ ва тарбияи ҷисмонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш