Нашрияи Омӯзгор

Аёният дар дарси таърих

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 113        Шарҳ: 0

 

Ба кор бурдани воситаҳои аёнӣ дар дарсҳои таърих ҷиҳатҳои мусбати зиёд дорад, зеро кори омӯзгорро сабук намуда, барои сарфакорона истифода бурдани вақт кумак мерасонад ва ба воситаи онҳо ҳодисаҳои гуногуни таърихиро дуруст фаҳмонидан имконпазир мегардад.

Ҳамчунин, раванди дарсро ҷолибу шавқовар гардонида, ба эҳсосоти хонандаву донишҷӯ таъсири муфид расонида, мушоҳидакорӣ, тасаввурот ва тафаккури онҳоро ривоҷ  медиҳад. Воситаҳои аёнии зиёде, аз қабили ёдгориҳои таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносон дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ, тасвиру расм ва аксҳои ҳуҷҷатӣ, аксҳои шахсони алоҳида, асарҳои санъати тасвирии таърихӣ,  расмҳои ҳаҷвӣ (карикатура), харитаҳои таърихӣ ва сиёсӣ, тестҳо, кинофилмҳо мавҷуданд, ки ҳамчун воситаи муҳим ба ҳисоб рафта, барои инкишофи дониши хонандагону донишҷӯён аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Бозёфтҳо бештар дар осорхонаҳо маҳфуз буда, сайру гашти онҳо барои донишазхудкунӣ заминаи хуб муҳайё мекунад.

Аксҳои ҳаҷвии сиёсӣ дар таърих яке аз воситаҳои муҳими таълимӣ – тарбиявӣ ба шумор рафта, барои хуб дарк намудани бисёре аз масъалаҳои таърихӣ ёрӣ мерасонад. Онҳо ба сифати воситаҳои аёнӣ ба кор бурда мешаванд ва ба хотири хонандагону донишҷӯён нақш мебандад.

Харитаҳоро низ ҳамчун воситаи хуби аёнӣ дар дарс истифода бурдан мумкин аст. Тавассути харитаҳои таърихӣ ва сиёсӣ муайян кардани ҳудуди ҷуғрофии давлатҳо ва шароити табиии онҳо аз манфиат холӣ нест. Бисёре аз масъалаҳои таърихиро бидуни шароитҳои ҷуғрофӣ дарк кардан номумкин аст. Харита барои дуруст дарк кардани маводи дарсӣ ва дар хотир нигоҳ доштани он кумак мерасонад.

Аз тестҳо низ дар вақти дарс ҳамчун воситаи муҳими аёнӣ истифода бурдан  манфиатовар аст. Он барои хуб дарк кардан ва дар хотир нигоҳ доштани маводи таълимӣ нақши ҳалкунанда дорад. Истифода аз намудҳои гуногуни тестҳо ба омӯзгор имкон медиҳад, ки оид ба дониши мустақилонаи шогирдонаш маълумоти аниқ ҳосил намояд.

Истифодаи кинофилмҳо дар раванди дарс аҳамияти аввалиндараҷа дошта, хонандагону донишҷӯёнро барои донишазхудкунӣ водор месозад. Омӯзгор тавассути намоиш додани кинофилмҳои таърихӣ ва ҳуҷҷатӣ ҳодисаю воқеаҳои таърихиро аёнӣ нишон дода, ба ин васила шавқу завқи хонандагонро ба фанни таърих зиёд ва кунҷковии онҳоро бедор менамояд.

қайд кардан зарур аст, ки омӯзгор бояд донад, ки кадом намуди воситаи аёниро дар кадом маврид истифода барад, зеро истифодаи барзиёди асбобҳои аёнӣ фоидабахш нест, балки дарсро дилгиркунанда ва диққати хонандагону донишҷӯёнро пароканда менамояд. Дар дарс як ё ду воситаи аёниро истифода бурдан лозим аст.

 

Аюбҷон Ширинзода,

омӯзгори таърих ва ҳуқуқи мактаби №4-и ноҳияи Варзоб, аспиранти Институти

фалсафа, сиёсатшиносӣ

ва ҳуқуқи ба номи

А. Баҳоваддинови АИ ҶТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш