Нашрияи Омӯзгор

Сарояндаи ғазали сидқу вафо

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 111        Шарҳ: 0

 

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи  Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо  эҷодиёти рангинаш дар  тарбияи маънавии аҳли ҷомеа   нақши амиқ гузоштааст.

Баъди хатми омӯзишгоҳ  ба  деҳааш баргашта,  чанд муддат ҳамчун омӯзгор  ва  директори  мактаб   шуда  кор  мекунад. Соли  1941 факултаи  адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории  Тоҷикистон  ба номи С.Айниро  хатм мекунад.  

Боқӣ  Раҳимзода соли  1940  узви Иттифоқи  нависандагон  мешавад, ки  он вақт донишҷӯ буд.  Ӯ ба  сафи  Қувваҳои  мусаллаҳ  даъват  шуда, дар набардҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирок  кардааст. Аз соли  1948  мушовири ҷавонони  эҷодкор  дар Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон буд. Боқӣ Раҳимзода аз  бемории  қанд  30-юми   январи соли 1980 аз  дунё чашм мепӯшад.

Муъмин  Қаноат,  ки он вақт раиси Иттифоқи  нависандагон  буд,    қайд мекунад, ки пеш аз фавти устод ман  дар назди ӯ будам, ба ман нигариста  гуфтанд:  Муъминшоҳ,    эҳтиёт  шав.  Ҳайф,  намедонам  туро  ба кӣ  монда  равам.

Шеърҳои  аввалини  ӯ   соли  1930 чоп  шудааст.  Шеърҳои  дар  солҳои  сиюм  эҷодкардаи  шоир  «Рафиқ»,  «Ба  қаҳрамони  ватан», «Ба  падар», «Баҳория», «Душанбе», «Номи  наҷотбахш», «Ба  духтур», «Дилбари  бадахшонӣ» мебошад.

Боқӣ  Раҳимзода дар  арсаи  адабиёт  50 сол хидмат кардааст. Соли 1945 маҷмӯаи  аввалинаш бо номи  «Ба фронт»  чоп шуд. Баъдан  китобҳои «Иди  ғалаба», «Солҳои  оташин», «Барги  сабз», «Ҳаёт ва сухан», «Чашма», «Достони  роҳи  нури  офтоб»,  «Роҳи  тайшуда», «Илҳом», «Дуҷилдаи  осор», «Шохаи гул»,  инчунин,  достонҳои  «Ба  фронт»,  «Кӯҳистони  дурахшон», «Боли  ҳунар»,   «Чашмасор»,    «Қиссаи  кӯҳсор», «Офтоби  сари  кӯҳ» - ро таълиф менамояд.

Инчунин, Боқӣ  Раҳимзода  драмаҳои «Қиссаи  Таърифхӯҷа», «Дар  сояи  шипанг», «Чанори гӯё», «Гаҳвораи  тиллоӣ»,  «Сияҳсавор» -ро иншо намудааст. Китоби  ӯ «Аз саргузаштҳои Соқӣ»,  ки  соли 1973  чоп  шудааст, аз маҳорати  баланди  ҳаҷвнигории ӯ дарак  медиҳад.

Асарҳои  Боқӣ  Раҳимзода  ба  бисёр забонҳо  тарҷума шудаанд. Вай осори адибони рус  ва  дигар халқҳои  бародарро  ба забони  тоҷикӣ  тарҷума кардааст.

Дар  мавзӯи  ватану  ватандӯстӣ як  силсила   шеърҳо, ба  монанди «Интиқом», «Дар  мудофиаи  дил» -ро навиштааст.

Дӯстии  халқҳо дар  эҷодиёти  устод  Боқӣ  Раҳимзода  мавқеи  асосиро  ишғол  менамояд. Шоир дар  шеърҳои «Россияи  ман»,  «Волга-  Волга», «Модари  рус»,  «Украина,  дӯст  медорам  туро», «Белоруссияи  ман»,  «Ба  дӯстони  ӯзбек»,  «Ба  бародарони  қазоқ», «Озарбойҷон»,  «Гулдаста», «Фархунда» муҳаббати  саршору одамдӯстии худро  нисбат ба дигар  халқу  миллатҳо  нишон  медиҳад.

Дар  шеъри «Дар  лаби  обе» меҳру  муҳаббат  ва ишқи  самимиро  тараннум  карда,  мегӯяд:

Дӣ шабе  буд, ки ранҷида  нигорам 

омад,

Дар  лаби  обе, шаби  маҳтобе.

Бахти  хандида  хиромон  ба

канорам  омад,

Дар  лаби  обе, шаби  маҳтобе…

 

Иззатулло  Раҳимов,

сармутахассиси омӯзиши забонҳои ДҶТИБКСМ  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш