Нашрияи Омӯзгор

Аз фитнагар эмин бояд буд

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 111        Шарҳ: 0

 

Ҷомеаи имрӯзаи моро равияҳои номатлубе фаро гирифтаанд, ки ба зеҳну андешаи ҷавонон бетаъсир буда наметавонад. Маълум аст, ки  хатарноктарин зуҳуроти ҷомеаи муосир ин терроризму экстремизм аст ва онро вабои аср низ ном мебаранд.

 Дар ин замина, барои эмин будан аз ин хатарҳо бояд бо донишу ҷаҳонбинии васеъ мусаллаҳ бошем ва аз фитнаангезон ҳамеша  дурӣ ҷӯем. Зеро решаи терроризму экстремизм дар фитна аст.

Калимаи фитна маъноҳои зиёдеро, ба монанди иғво, ситеза,  ошӯб ва ғайра дар бар мегирад.  Фитнаангез касеро мегӯянд, ки муҷиби эҷоди фитна мешавад, яъне, ошӯбгару вайронкор ва харобкор аст.

Имрӯз душманони миллат, ки аслан дар хориҷи кишвар ба сар мебаранд, аз дур ба мисли афроди «носипосу кӯрнамак»  миллату Ватанро танқиду мазаммат мекунанд, ва ҳатто, ба наздикони худ хиёнатро дареғ намедоранд, муқобили давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз фитна кор мегиранд, дар сомонаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои ғаразноки худро баён месозанд. Барои пиёдасозии корҳои зишти худ, қабл аз ҳама, ҷавононро ҳадафи худ қарор медиҳанд, то ин ки бо ҷалби ҷавонон гурӯҳҳои фитнаангезро ташкил ва онҳоро барои амалисозии ҳадафҳои нопоки худ истифода намоянд.

 Ҷавонон бояд дарк намоянд, онҳое, ки худро аз дур дилсӯзи давлату миллат меҳисобанд, аслан тарафдори манфиати халқу миллат нестанд ва ба ягон инсон заррае шафқат надоранд, балки афкори сиёсиеро, ки хоҷагонаш барои онҳо талқин мекунанд, дар пайи пиёдасозии он мебошанду халос.   Солҳои донишҷӯӣ филмеро тамошо кардам, ки як гурӯҳ манфиатхоҳон ҷавононро бо усулҳои хос «манқурт» сохта, онҳоро ба манфиати корҳои худ истифода мебурданд. Имрӯз онҳое, ки аз хизмати хоҷагони худ қадаме берун рафта наметавонанд, рафтору кирдори онҳо шабеҳи «манқурт» аст.  Дар ҳақиқат, ҷомеаи имрӯзаи мо ва алалхусус, ҷавононро, зарур аст, ки  дар ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ устувору поянда бошанд, бо матонату садоқат  дар пойдории сулҳи кишвар саъю талош намоянд. 

Саидмоҳ  Нозимова,

омӯзгори мактаби №3,

деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш