Нашрияи Омӯзгор

Аҷоиботи олам

Сана: 2020-05-20        Дида шуд: 189        Шарҳ: 0

 

Уқёнуси Ором калонтарин ва чуқуртарин уқёнуси ҷаҳон маҳсуб меёбад. Масоҳаташ 180 млн км  мураббаъ буда, чуқуриаш то 11км мерасад. Новаи Мариана чуқуртарин дар ин уқёнус ба ҳисоб меравад, ки соли 1958 онро кашф кардаанд.

***

Ватани автомобил ИМА мебошад. Генри Форд сардори ширкати автомобилсозии «Форд» соли 1913 нахустин автомобилро сохтааст. Қароргоҳи ин ширкат дар Филаделфия аст.

***

Ҳимолой баландтарин системаи кӯҳӣ дар дунё ҳисоб меёбад, ки дар миёни Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии халқии Хитой ҷойгир аст. Бештар аз 11 қуллаи баландиаш аз 8 ҳазор метр боло дорад, ки  дар байни онҳо Ҷамолунгма баландтарин эътироф шудааст. 

***

Ҷумҳурии халқии Муғулистон аз ҷиҳати саршумори чорво дар ҷаҳон ҷойи якумро мегирад. Дар яке аз чарогоҳҳо, ки масоҳаташ зиёда аз 1 млн км мураббаъ мебошад, зиёда аз 25 млн чорво мечарад.

***

Ҳиндуҳо дарёи Гангро муқаддас мешуморанд. Онҳо ҷасади  наздикони худро сӯзонда, хокистарашро ба ин дарё мепартоянд.

***

Дарёи серобтарини Африқо Конго мебошад, ки аз ҷиҳати пуробӣ дар ҷаҳон ҷойи дуюмро мегирад. Дар қитъаи Африқо ин дарё оид ба масоҳати ҳавза (3690 километри мураббаъ) дар ҷойи якум қарор дорад.   Сарфаи миёнаи оби дарёи Конго 39000 метри мукааб дар як сония ва ҳаҷми оби солона ба 1230  километри мукааб баробар аст, ки ин нисбат ба дарёи Амазонка 4, 6 баробар кам мебошад. Дарозии дарёи Конго 4320 км ва чуқуриаш аз 50 то 70 метр аст.

***

Мурғобӣ ба қоидаи ҳаракати роҳ беш аз дигар ҷонварон риоя мекунад. Олимон ба чунин хулоса омадаанд, ки мурғобӣ ҳатто аломатҳои рангҳои чароғакро дида, аз рӯйи он ҳаракат менамояд.     

Таҳияи Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш