Нашрияи Омӯзгор

Саломатӣ сарват аст

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 146        Шарҳ: 0

 

Ҳеҷ чиз дар дунё арзише надорад, агар саломатӣ набошад. Аз марди фозиле пурсидаанд, ки дар умри 70-солаат чиҳо ба даст овардӣ, посух гуфтааст, ки ҳама чизро: дороиро, мақомро, обрӯйро.

Боз пурсиданд, ки чиро аз даст додаӣ, ҷавоб гуфтааст, ки саломатиро, яъне он чиро, ки бо ягон сарвату дороӣ харида намешавад.

Оре, тани сиҳат, тандурустӣ ганҷи беқиёс ва сарвати ҳар як инсон дониста мешавад, ки онро ба чизе иваз кардан нашояд. Ҳар як инсон бояд ин сарваташро ҳифз намояд.

Имрӯзҳо паҳншавии пандемияи коронавирус бисёр мардумони кишварҳои оламро ба таҳлука овардааст. Аз ин вазъият ҳамагон дар таассуфем. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ин беморӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст. Бояд тамоми мардуми кишвар ба дастурҳои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ риоя намоянд.

Системаи асаби хуб асоси саломатии фард аст. Олимон чунин меҳисобанд, ки ҳар як фарди солимақл бо системаи олии асаб таваллуд мешавад. Пас, вазифа аз ин иборат аст, ки ҳамин системаи асаб бо таъсири сухану забон, муносибату муошират ва амалҳое, ки ба ҷо меорем, вайрон нашавад, баръакс, мустаҳкам гардад. Таҷриба нишон медиҳад, ки системаи асабро, пеш аз ҳама, эҳсосоти манфӣ, муносибатҳои дурушт ва муоширатҳои таҳлукаомез вайрон мекунад. Агар эҳсос ва вазъи руҳӣ хуб бошад, саломатӣ ҳам хуб аст.

Қувваи сухан, дар воқеъ, бузург аст. Дар ин мавзӯъ Мавлонои Балхӣ гуфтааст: «Оламеро як сухан вайрон кунад». Аммо насли одамизод бояд на аз неруи харобиовар ва ҷангхези забон, балки аз ҷанбаҳои нарму сулҳовари он истифода намояд. Агар одамон тафоҳум ва фаҳмидани якдигарро пеша созанд ва дар ин роҳ аз корбасти суханҳои сахту дуруст худдорӣ кунанд, дар душвортарин вазъият ҳам  сулҳу салоҳ ва ҳусни тафоҳум ба даст хоҳад омад.

Солимии ҷисмонию равонии шаҳрванд солимии оила, ҷомеа ва дороии асосии давлату миллат маҳсуб меёбад. «Агар қувваҳои бадан бар ақл ғолиб оянд, мувозинати табиату ниҳоди инсон вайрон мешавад. Бинобар ин, хайрияти олии рӯҳ дар мувозинати ақлу ҷисм аст. Агар ҷисм солим бошад, рӯҳ низ саломат аст», - гуфтааст мутафаккири бузурги тоҷику форс Абӯалӣ ибни Сино.

Мардуми шарифи кишвари азизамон бояд дар пешгирӣ аз ҳама гуна балою офатҳо фаъол бошанд. Ба фарзандон роҳҳои дурусти риояи гигенаи шахсиро омӯзонанд. Бар зидди ин вабои аср, пеш аз ҳама, бо риояи қатъии тозагию озодагии хешу муҳити хеш мубориза бояд бурд.

 

Файзалӣ ҚУРБОНОВ,

дотсенти кафедраи педагогика  ва психологияи ДДБ

ба номи Носири Хусрав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш