Нашрияи Омӯзгор

Қадимтарин ёдгории таърихии тоҷикон

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 124        Шарҳ: 0

 

Маданияти таърихии Панҷакент дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, осорхонаи пойгоҳи бостоншиносии Саразму Панҷакенти қадим маҳфузанд. Ҳоло нигораҳое, ки толорҳои ин осорхонаҳоро зеб мебахшанд, маҳсули кофтуковҳои бостоншиносии Саразму Панҷакенти қадима буда, он зиёда аз 3000 ададро ташкил медиҳанд.

Нигораҳо аз таърихи гузаштаю имрӯзаи миллату халқҳо, қавму қабилаҳо ҳикоят мекунанд.

Ҳунармандӣ яке аз соҳаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ороишоте, ки аз қабри маликаи Саразм ёфт шудааст, ҳунари бойи заргарии ҳазорсолаи IV-III – и пеш аз милодро исбот менамояд.

Панҷакенти қадимро давоми Саразм ё Саразми нав мегӯянд. Нигораҳои ёфтшуда далел бар онанд, ки аҷдодони мо ҳанӯз дар он давраҳо санъату ҳунари заргарӣ, истеҳсол ва коркарди онро ба таври васеъ истифода мебурдаанд.

Кулолони Саразм наққошони аввалин буданд. Дар ин замина, рангҳо низ пайдо шуданд. Кулолону наққошони Саразм тарзи хоси тайёр кардани рангҳои сурх, зард, кабуд, осмонӣ, лоҷувардӣ ва сиёҳро доштанд. Аз Саразми қадим хумдони дуқабата ва чархи кулолӣ ёфт шудааст, ки ин аз санъати баланди он ҳунар шаҳодат медиҳад. Баробари офаридани зарфҳо саразмиён дар рӯи онҳо нақшҳои гуногун, ба монанди хӯшаи гандум, набототро сабт кардаанд, ки ин бо рангҳои табиӣ, яъне аз рустаниву минералҳо ҳосил карда мешуданд.

Дар инкишофу пешрафт ва нумуи тамаддунҳо мавқеи шаҳрҳо бағоят бузург аст. Миллати тоҷик ифтихор дорад, ки шаҳрҳоеро аз қабили Самарқанду Бухоро, Панҷакенту Истаравшан, Кӯлобу Ҳирот бунёд намудааст, ки аҳамияти бузурги фарҳангию таърихӣ доранд.

Боиси сарфарозист, ки ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ғамхорӣ ва дастгириҳои Сарвари давлат қарор дошта, маҳз бо талошҳои ин шахсияти бузург мавзеъҳои таърихӣ диққати олимон ва сайёҳони хориҷиву ватаниро ба худ ҷалб намудаанд.

Тибқи маълумоти санадҳои таърихӣ ҳанӯз дар давраи неолит одамони қадим ба истеҳсоли маҳсулоти сафолӣ шурӯъ карда буданд. Он замон зарфҳои сафолӣ бидуни нақшу нигор ва обуранг сохта мешуданд. Баъдан, ин ҳунар ривоҷу равнақи бештар пайдо карда, дар қарни VI-и то мелод истеҳсоли зарфҳои мунаққаш роиҷ ва маъмулу машҳур гардид. Дар ҳазораи чорум ва сеюми қабл аз мелод бошад, технологияи кулолгарӣ мураккабтар шуда, нахуст хумдонҳои якқабата ва баъдан хумдонҳои дуқабата ихтироъ гардиданд.

Намунаҳои зебои кулолгарии қадимаи тоҷикон дар натиҷаи ҳафриёт дар Саразм, ки ба давраи баъдинаи энеолит ва асри биринҷӣ мансуб аст, кашф гардидаанд.

Шаҳраки Саразм аз қадимтарин ёдгориҳои таърихии мардуми Осиёи Марказӣ буда, дар ин ҷо кишоварзӣ, меъморӣ ва ҳунарҳои нафисаи ниёгонамон равнақ доштаанд. Пажӯҳишгарон масоҳати ёдгории Саразмро 130 гектар ва теъдоди аҳолии онро 8000 муайян намудаанд. Дар ин шаҳраки бостонии аҷдодони мо аввалин нишонаҳои маданияти шаҳрдорию шаҳрнишинӣ ба мушоҳида мерасанд: биноҳои монументалӣ, кӯчаҳои сангфарш, инкишофи тиҷорат, дуконҳои ҳунармандӣ (кулолӣ, заршӯйӣ, бофандагӣ, ресандагӣ, чӯбтарошӣ, чармгарӣ, санг-тарошӣ ва ғайра.

Аз бозёфтҳои Саразм маълум мешавад, ки дар ин мавзеи бостон ҳунари кулолгарӣ хеле ривоҷу инкишофёфта будааст. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, дар шуъбаи “Таърихи бостон ва асрҳои миёна” бархе аз бозёфтҳои кулолии ёдгории мазкур дар намоиш гузошта шудаанд, ки бо як ҳунари баланди наққошӣ бо ангоб зинат ёфтаанд. Маҳз ҳамин ашёдиққати тамошобинони ватанию хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд.

Дар зарфҳои ёфтшуда бо ранги хеле барҷастаи ҷигарӣ тасвири секунҷаҳоро мушоҳида менамоем, ки аз таърихи қадима доштанашон шаҳодат медиҳанд. Дар вақти ҳафриёт аз Саразм, инчунин, оташдонҳои бузургҳаҷм кашф шуданд. Чунин оташдонҳо ё хумдонҳо, ки маъмулан, дар марказҳои муҳими истеҳсоли кулолгарӣ сохта мешаванд, гувоҳ бар онанд, ки дар Саразм ҳунари кулолгарӣ дар авҷ будааст. Бахусус, маҳсулоти сафолӣ бо сифат ва шаклу намуди олии худ дар авҷи равнақ будааст. То ба имрӯз се намуди зарфи дар чархи кулолгарӣ сохташуда маълуму муайян шудаанд, ки номгӯи онҳоро зарфҳои восанҷӣ, ошхонагӣ ва хӯрокхӯрӣ ташкил медиҳанд. Кулолгарон ба хотири беҳтарсозии сифат ва серхаридор будани маҳсулоташон рӯи зарфҳоро бо ангоб суфта мекарданд ва барои қонеъ гардонидани талаботи эстетикӣ аз нақшу нигорҳои гуногун истифода мебурданд...

Мавзуна ДЕҲҚОНОВА, 

Бахтиёри УСМОНЗОДА,

Амир ЛАТИФӢ,

омӯзгорони кафедраи

методикаи таълими фанҳои

 табиӣ - риёзии ФДҶТИБКСМ

дар вилояти Суғд


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш