Нашрияи Омӯзгор

Ҳунар омӯз!

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 90        Шарҳ: 0

 

Деҳа макони хушбоду ҳавою тамошобоб аст. Мардуми ҳунарманди деҳот ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигиашонро сабзу хуррам мегардонанд. Меваҳои шаҳдбор ва сабзиҷоти хуштамъ маҳз аз деҳот вориди бозорҳои шаҳрҳо мешаванд. Ҳунар аз деҳот падид меояд.  Бачагони деҳот аллакай соҳиби чандин ҳунаранду деҳқонӣ, боғдорӣ, чорвопарварӣ, даравгарӣ, подабонӣ, деворзанӣ, хиштрезӣ, дуредгарӣ, сабзавоткорӣ, аспсаворӣ, човандозӣ, хирманкӯбӣ, ҷуфтгарӣ, побелкунӣ, обмонӣ, ҷувозкашӣ, андовагарӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ ва дигар ҳунарҳоро каму беш аз худ кардаанд.

Вазифаи мо, омӯзгорон, он аст, ки шогирдони худро ба ҳунар дилгарм созем. Ба шогирдонам мегӯям, ки ҳунар мояи ифтихор аст, ҳар касе, ки аз ҳунар бархурдор аст, дар байни мардум соҳибэҳтиром мешавад. Ҳунарманд устодона кор мекунаду ба рӯйи мардум дар мекушояд.

            Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ

            Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.

Ҳар кадоме кӯшиш ба харҷ диҳем, ки шогирдонамон  соҳаеро интихоб кунанду ба омӯзиши ҳунар ҷиддӣ машғул шаванд. Албатта, ҳунар аз дониш аст ва дониш аз хониш. Агар шогирд фанҳои таълимиро нағз аз худ кунад, фикраш сайқал ёфта, қобилияти эҷодкорияш рушд мекунаду хеле пеш меравад ва маҳсули кораш босифату зебо мешавад.

Пешвои миллатамон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба он хотир эълон карданд, ки ҳаёти мардум рангину зеботар шавад. Чӣ кор бояд кунем, ки сатҳи дониши шогирдонамон баланд гардаду онҳо соҳиби дониш ва ҳунари хуб шаванд? Аввал, мебояд дарсҳои худро бо воситаҳои аёнӣ шавқовару самарабахш гузаронем. Ба шогирдонамон перомуни пешрафтҳои кишварамон нақл карда, таъкид кунем, ки ба кор даромадани чархаи якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» натиҷаи кору фаъолияти пурсамари ҳунармандон аст. Иморатҳои зебо, қасру кохҳои муҳташами ҳайратангез, роҳҳои росту ҳамвори замонавӣ, боғу бӯстон ва ғайра самараи дастони пурҳунаранд.

Гулбаҳор Ғуломова,

омӯзгори мактаби №95-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш