Нашрияи Омӯзгор

Аз ҳаёти бузургон

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 103        Шарҳ: 0

 

Муҳаммад ибни Абдулвафо (солҳои 940 – 998) аз Хуросон буда, нуҷумшинос ва риёзидон аст. Вай аввалин шуда теоремаи синусҳоро дар тригонометрияи куравӣ ва теоремаи тангенсҳоро барои секунҷаи росткунҷаи куравӣ исбот кардааст ва муаллифи асари «Косиб  аз шаклсозиҳои  ҳандасавӣ чиро бояд донад?» мебошад.

***

Саид Абдураҳмон  ибни Юнус (солҳои 950 – 1009) астроном ва риёзидон буд. Ӯ дар Миср таваллуд ёфта, дар он ҷо хондааст. Шогирди Муҳаммад Абдулвафо буд. Тарзи муҳосибаи Батлимусро беҳтар намуда, синуси як градус (дараҷа) - ро ҳисоб кардааст, нақшаи синусҳоро тартиб додааст. Нахустин шуда, тарзҳои ҳалли секунҷаҳоро ба василаи дохил кардани кунҷҳои ёридиҳанда  нишон  додааст.

***

Муҳаммад  Ҳамид  ибни  ал – Хуҷандӣ нуҷумшинос ва риёзидони тоҷик аст. Ӯ дар расадхонаи шаҳри Рай (Теҳрон)  кор кардааст. Исботи теоремаи синусҳо низ ба вай тааллуқ дорад.

***

Бани Мӯсо, Муҳаммад ва Ҳасан (бародарон, асри 9) олимон, донишмандони бузурги риёзиёт, астрономия, механика ва назарияи мусиқӣ буданд. Онҳо расадхона сохтанд, дастхатҳоро ҷамъ намуданд, асарҳои  муаллифони Юнонро ба забони арабӣ тарҷума кардаанд. Бани Мӯсо, ки ба астрономия, ҳандаса ва мантиқ шуғл меварзид, олими намоёнтарин буд. Муҳаммад асосан бо механика ва Ҳасан ба ҳандаса машғул буданд. Рисолаи ҳандасавии онҳо «Китоби чен кардани шаклҳои ҳамвор ва куравӣ» бо номи «Китоби се бародарон оид ба ҳандаса» маълум буд. Дар рисолаи мазкур исботи аҷиби теоремаҳо оид ба дарозии давра ва масоҳати  доира, сатҳ ва ҳаҷми кура оварда шудаанд.     

Фароҳамсоз

Ҳотами ҲОМИД,

 «Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш