Нашрияи Омӯзгор

Аҷаб хушбӯю зебоӣ, гули садбарг!

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 160        Шарҳ: 0

 

Садбарг яке аз гулҳои зебо, хушбӯй ва рангоранг дар рӯи замин ба ҳисоб меравад. Аз ҷиҳати ранг ва шакл гули садбарг хеле гуногун мешавад. Шакли баргаш мураккаб буда, пояҳояш аз хорҳои гуногун иборатанд, ҳатто дар зимистон низ метавонад гул кунад . Моҳи феврал мо метавонем аз садбаргҳое,ки буттаҳояшон хеле хурд хастанд, қаламча тайёр карда, дар назди хона шинонем. Баъди 2-3 ҳафта онхо аввал реша карда, баъдтар баданашон ба сабзиш сар мекунанд. Гулдонҳои калонтарро дарёфт намуда, дарунашро бо пору ва хок омехта намуда, қаламчаҳоро дар дарунаш ҷойгир мекунем. Ҳар рӯз 2 маротиба об медиҳем, то ин ки решаҳояш дар хок мустаҳкам шавад. Гулдонҳоро метавонем дар ҷои офтобӣ гузорем. Баъди 2-3 моҳ қадкашиашон зиёд машаванд. Аз 50 см қадашон бояд баланд нашавад. Агар баланд шуд, қайчӣ кунед. Дар ин маврид қаламча ба буттазанӣ шурӯъ мекунад. Барои сербаргу зебо будани гулҳояшон шароити офтобӣ ва шамоли форам зарур аст. Дар аксарияти хонаҳо ба гули садбарг ҳашароти хурди сафед мечаспанд, қисми поёни баргҳоро назорат бояд кард, чунки ин намуд ҳашарот баргашро хеле дӯст медорад. Барои несту нобуд кардани ин намуд ҳашарот чӣ бояд кард? Cобуни сиёҳ ё хокиро майда намуда, дар даруни зарфи шишагин об андохта омехта мекунем. Баъд ба воситаи омехтаи тайёршуда баргҳои осебдидаро мешӯем. Хамин усулро 1 ҳафта давом медихем, то ин ки ҳашароти зараррасони баргҳо нест шаванд. Дар вақти кам шудани хоки гулдон онро бо пору ва хок таъмин кунед. Пору, хок ба растанӣ қадкашӣ, зебоӣ ва ба решаҳояш қувват мабахшад. Ҳангоме ки гули садбарг дар хонаҳоятон гул мекунанд, муҳити хонаро бӯйи хуш ва таровату зебоӣ фаро гирифта, табъи шахсро хеле болида мегардонад.

Заррина ҚУРБОНОВА,

омӯзгори гимназияи ба номи

Абулфазли  Балъамии шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш