Нашрияи Омӯзгор

Қадрдонӣ аз қаҳрамонон

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 96        Шарҳ: 0

 

Ба муносибати 75-солагии Рӯзи Ғалаба дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич маросими тақдими кумакпулии яквақтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (6000 сомонӣ) ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода (4000 сомонӣ) ба иштирокдорону маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ баргузор шуд. Дар он муовини сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд  Мирзоқосим Каримзода ва раиси ноҳияи Деваштич Сулаймон Зиёзода иштирок доштанд.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки дар он солҳои мудҳиш дар қатори мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сокинони Тоҷикистон низ ба ҳимояи ватан бархоста, барои ҳифзи хоки меҳан синаи худро сипар намудаанд. Бинобар ин, бо ҳидоятҳои Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ таҳти таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайваста қарор доранд.

Бояд гуфт, ки дар он солҳо аз ноҳияи Деваштич 4560 нафар ба ҷабҳа рафта, аз ин теъдод 2100 нафар баргаштаанд, ки сокини деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Ӯринбек Ёқубов аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Айни замон дар ноҳияи Деваштич 6 нафар иштирокдори ҷанг умр ба сар мебарад.

Маратҷон ҶАББОРОВ,

ноҳияи Деваштич


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш