Нашрияи Омӯзгор

«Обшори сабз»-и омӯзгор

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 102        Шарҳ: 0

 

Шоири соҳибзавқ ва омӯзгори варзида Шодибек Дадоматов имсол ба синни мубораки 60 қадам мегузорад. Устод Лоиқи  зиндаёд ӯро «вориси арзандаи Маъдани Понғозӣ» номида буд. Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона дар сарсухани маҷмӯаи ба тозагӣ нашршудаи шоир – «Обшори сабз» ашъори ӯро ба ҷӯйбори софу зулоле ташбеҳ медиҳад, ки рафта ба уқёнусҳои бузурги назми форсӣ мерезад ва ҳиссаи ногусастании  онро ташкил медиҳад.

Ш.Дадоматов солиёни зиёд дар мактаб ҳамчун омӯзгор, ҷонишини сарвар ва сарвари дабис-тони №58-и Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт кор кард.

Ин устоди соҳибистеъдод ҳамбаста ба кори таълиму тарбия ба кори эҷодӣ машғул аст.

Шодибек Дадоматов узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми ҷумҳурӣ, узви фаъоли маҳфили адабии «Ворисони Маъдан» мебошад.

Маҳсули эҷодии шоир дар ҳафтаномаю маҷаллаҳо ва сомонаҳои интернетӣ ба табъ расида, хонандагони зиёд пайдо намудаанд.

Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои «Таронаи меҳр» (1995), «Дунёи дил» (2003), «Меҳроби ман» (2006), «Меҳри саршор» (2013), «Роҳи умед» (2013) ва рисолаи «Забон-шиносномаи миллат» (бо ҳаммуаллифӣ) мебошад.

Дар зер як шеъри омӯзгор Шодибек Дадоматовро чун намуна меорем.

 

Маро иқболу ғайрат ҳар дам аз меҳри Ватан бошад,

Ҳама шеъри шарарборам зи сӯзи ҷону тан бошад.

Навои чашмаҳояш чун садои аллаи модар,

Хасу хораш ба чашми ман чу гулҳои чаман бошад.

Шавад илҳоми ман саршор аз меҳри диёри хеш,

Маро андар санои он ҳазору як сухан бошад.

Наям ман толиби сайри Фарангу Амрико ё Чин,

Бароям беҳтарин мулки ҷаҳон танҳо Ватан бошад.

Насими субҳи истиқлолу нури ваҳдати кишвар,

Аз он фахрам, ки ин ду ҳадяи тақдири ман бошад.

Қасам хӯрдам ба ҷони худ, аё Шодӣ, ки чун модар,

Парастам ин Ватанро, то даме ҷон дар бадан бошад.

Нурмуҳаммад Маъруфзода,

собиқадори мақомоти прокуратураи

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш