Нашрияи Омӯзгор

Некбин бошем

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 155        Шарҳ: 0

 

Дасти хайру саховат, некиву накукорӣ дароз кардан ба дармондагон аз сифатҳои ҳамидаи инсонист. Воқеан ҳам, чунин амалҳо ҳангоми сахтиҳои ба сари инсономада боз ҳам беш аз пеш ба мушоҳида мерасад. Аз рӯзҳои пайдо шудани вируси марговари KOVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳсонкории саховатмандони кишвар ва ҷумҳуриҳои дуру наздик, дасти кумаку ёрмандиҳои давлатҳои абарқудрат, ки сӯйи Тоҷикистон дароз карда мешаванд, аз ҷумлаи амалҳои хайру савоб дониста мешаванд.

Дар  чанд рӯзи охир, хусусан, ёриҳои башардӯстонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дили мардуми моро нисбат ба зиндагӣ боз ҳам гарм сохт.

Аз рӯзҳои аввали интихоб шудани Шавкат Мирзиёев  ба маснади Сарвари давлати Ӯзбекистон муносибатҳои дӯстию бародарӣ аз нав шурӯъ гардиданд. Фиристодани мутахассисони вирусшинос ва духтурони дигари муолиҷавӣ ба таври фаврӣ дору ва дигар воситаҳои табобатӣ, хӯрокворӣ 144 вагонхонаи муваққатии тиббии ба ҷумҳурии мо аз ҷавонмардиву хайру сахои роҳбари аввали ҷумҳурии ҳамсоя-Ӯзбекистон дарак медиҳад. Аслан, решаҳои дӯстиву пайванди халқҳои тоҷику ӯзбек таърихи қадима доранд ва он минбаъд низ дар асоси дӯстиву дастгириҳои рӯзафзун идома хоҳад ёфт. Шайх Саъдии Шерозӣ фармудааст:

Ҳамон дӯстӣ бо касе кун баланд,

Ки бошад ба сахтӣ туро ёрманд.

Ҳамин шоири тавоно ҷойи дигар фармудааст:

Дӯст машмор он, ки дар неъмат занад,

Лофи ёриву бародархондагист.

Дӯст он бошад, ки  гирад дасти дӯст,

Дар парешонҳолию дармондагист.

Мутаассифона, баъзе ҳолатҳо чунин тараҳҳуми дӯстонамонро нодида мегирем ва ба дигарон низ ин андешаи худамонро таҳмил мекунем, ки камоли ҷавонмардӣ нест. Ҳоло давраи хеле вазнин ва ҳассос на танҳо барои  мардуми тоҷик, балки кулли олам аст. Дар чунин шароит месазад, ки агар аз дастамон ёриву хайру саховат наояд, ақаллан сухани бепояву ноҷо назанем. Хуш бигӯем, хушбин бошем, воқеиятро бигӯем. Ба қавли саҳеҳи Паёмбар (с) «Сухани нек хайрест».

Дар чунин рӯзҳо боястӣ бештар тааммулгаро бошему ба гуфтаи духтурон, мутахассисони соҳа гӯш бидиҳем, то дигаронро сироят накунем. Ба суханони иғвоангез гӯш надиҳему аз ояндаи рӯзгори хуш андеша намоем. Агар метавонем, андаке ҳам бошад, дасти дармондаеро бигирем, андешаи хубро дар сар дошта бошем.

Донӣ, ки чаро Худо туро дода ду даст,

Ман мутмаинам, ки андар он сирре ҳаст.

Як даст ба кори дигарон пардозӣ,

Бо дасти дигар зи дигарон гирӣ даст.

 

Алиҷон Лашкарӣ,

сокини шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш