Нашрияи Омӯзгор

ИМТИҲОНҲОИ ХАТМ БАРОИ СИНФҲОИ 9 ВА 11 АЗ 15-УМ ТО 24-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2020 БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Сана: 2020-05-12        Дида шуд: 109        Шарҳ: 0

 

Қаблан Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм иттилоъ дода буд, ки бо як қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19, ки рӯзи 30-юми апрели соли ҷорӣ ба тасвиб расидааст, барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар аз худ шудани барномаҳои таълимӣ аз 4-уми майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда мешавад. Имтиҳоноти тобистонаи ин донишҷӯён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ мегардад.

Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти имтиҳоноти давлатии хатм то 15-уми майи соли 2020 пешбинӣ шудааст.

Бинобар андешидани чораҳои зарурӣ ва пеш аз муҳлат ҷамъбаст гардидани имтиҳоноти давлатии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ аз 9-уми майи соли ҷорӣ қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 ба тасвиб расид, ки тибқи он хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи 10-уми майи соли 2020 ба таътил фиристода шуданд. Инчунин, хатмкунандагоне, ки бо сабабҳои узрнок дар имтиҳони аттестатсияи хатм иштирок карда натавонистанд, супоридани имтиҳони онҳо ба фасли тирамоҳ гузаронида шуд. 

Ҳамзамон, тибқи қарори мазкур Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки имтиҳони такрории аттестатсияи хатми давлатиро барои донишҷӯёне, ки бо сабабҳои узрнок дар имтиҳонҳои аттестатсияи хатм иштирок карда натавонистаанд, дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 ташкил намояд.

Ёдовар мешавем, ки муҳтавои қарори мазкур шаби 9-уми май тавассути Телевизиони Тоҷикистон ва дигар шабакаҳои телевизионӣ эълон гардид. Ҳамзамон, оҷонсии иттилоотии «Sputnik-tj.com» низ вобаста ба қарори мазкур хабареро зери унвони «Хайр, донишгоҳ! Хатмкунандагон ҳам фориғ шуданд» нашр кард. Аммо тавре мушоҳидаҳо нишон дод, баъдан хабари мазкур бинобар фарқ нагузоштан миёни зинаҳои таҳсилот аз ҷониби бархе рӯзноманигорон дар расонаҳо ва шахсони алоҳида дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мазмуну муҳтавои дигар инъикос гардид. 

Бо назардошти гуфтаҳои боло, иттилоъ медиҳем, ки овозаҳо дар хусуси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 аз 09.05.2020, ки гӯё ба тамоми зинаҳои таҳсилот дахл дошта бошад, асоси воқеию ҳуқуқӣ надорад. 

Қарори мазкур танҳо барои хатмкунандагони се зинаи таҳсилот-муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ (литсейҳои касбӣ-техникӣ), муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (донишкадаю донишгоҳҳо) мутааллиқ аст. Яъне, банди 4-и қарори қаблии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 аз 05.05.2020 «Имтиҳонҳои хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар синфҳои 9 аз рӯйи 4 фан ва дар синфҳои 11 аз рӯйи 6 фан аз 15-ум то 24-уми июни соли 2020 баргузор гардад» бетағйир мондааст ва имтиҳонҳо барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар рӯзҳои муқарраргардида доир карда мешаванд.

Маркази матбуоти 

Вазорати маориф ва илми 

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш