Нашрияи Омӯзгор

Саломатӣ ганҷи бебаҳост

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 125        Шарҳ: 0

 

Илтиҳоби шуш (пневмония) дар байни аҳолии кишвар як навъ тарсу воҳимаро ба вуҷуд овардааст.  Бояд гуфт, ки ин бемориии маъмулӣ буда,  ҳар сол теъдоди зиёди аҳолии дунё ба он гирифтор мешаванд. 

Тибқи иттилои  Соз-мони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна аз 350 то 450 миллион нафар одам ба бемории илтиҳоби шуш (пневмония) гирифтор мешаванд, ки аз ин шумора тахминан аз 3 то 7 миллион нафари онҳо мефавтанд, ки аз 1,5 то 4,0 фоизи шумораи умумии беморшудагонро ташкил медиҳад. Танҳо соли 2019 дар ҷаҳон 480 млн ба бемории пневмония гирифтор шудаанд ва  аз ин шумора 6 млн нафар фавтидаанд, ки 1,2 фоизи  шумораи умумии беморонро ташкил медиҳад.  Инчунин, ба таъкиди расмии созмони мазкур дар ҷаҳон фавт аз ин беморӣ пас аз касалиҳои дилу рагҳо, саратон, осебу заҳролудшавӣ дар ҷойи чорум қарор дорад. 

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар ҷумҳурии мо ҳамасола аз 7 то 16 ҳазор нафар ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор мешаванд ва аз ин шумора аз 130 то 650 нафар мефавтанд, ки аз 1,0 то 4 фоизи шумораи умумии беморшудагонро ташкил медиҳад. Фавт аз бемории узвҳои нафаскашӣ, аз ҷумла, пневмония дар кишвар  (пас аз бемориҳои дилу рагҳо ва саратон) дар ҷойи сеюм қарор дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифторони бемории илтиҳоби шуш дар 4 моҳи соли 2020 нисбат ба 4 моҳи соли 2019 аз 4 639 то 5 489 нафар, ё худ 850 нафар ва шумораи фавтидагон аз ин беморӣ аз 53 (1,1%) ба 95 нафар (1,7%) афзудааст, ки нигаронкунанда мебошад. Ба таъкиди мутахассисони соҳаи тиб, ин ба тағйирёбии иқлим иртибот дошта, аз ҳар як шаҳрванд тақозо карда мешавад, ки гигиенаи шахсиро риоя намояд.

Имрӯз дар баробари бемориҳои илтиҳоби шуш тамоми ҷомеаи ҷаҳониро коронавируси COVID -19 ба ташвиш овардааст. Мардуми тоҷик низ аз хуруҷи ин беморӣ дар изтиробу таҳлука қарор доранд.  Ин табиист, зеро мо ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастем ва дар ин ҳолати изтироббарангез бояд бештар муттаҳид шавем ва мардумро ба оромиву таҳаммул ва сабурӣ талқин намоем.

Ба таъкиди мудири беморис-тони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода, мардум бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ метавонанд давоми ду-се моҳ аз коронавирус халос шаванд. Аз ин беморӣ  тарсидан, воҳима кардан ҳеҷ суде надорад. Бо риояи  гигиенаи шахсӣ, бо фосилагузорӣ дар байни ҳамдигар, шустани пайвастаи дастҳо ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ метавон ба ин касалӣ мубтало нашуд. Дар ҳоли мубтало шудан ҳам ҳеҷ ҷойи воҳима надорад. Инро аксари мардум хеле осон аз сар мегузаронанд ва ин касал сартосар кушанда нест.

Воқеан, бояд дар таҳлука наафтем ва танҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ саломатии хеш ва ҷомеаро ҳифз кардан мукин аст. Дар зер тавсияҳои охирини WHO (Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ) оид ба пешгирии коронавирус пешниҳод карда мешавад:

1.         Коронавирус аз пӯсти солим намегузарад ва дар пӯст то даҳ дақиқа зинда аст, бинобар ин, агар шумо дастпӯшак надошта бошед ҳам, хавотир нашавед, танҳо дастҳоятонро ба чашм ва даҳони худ нарасонед.

2. Вируси корона дар сатҳи матоъ то 6-12 соат, металл 12-20 соат, ва дар сатҳи пӯлод то 20 рӯз зинда аст.

3. Вирус то 60 дараҷа зинда аст, аммо аз +30 дараҷа баланд кушта мешавад. Пас, беҳтар аст, ки дастҳо ва ҳар чизи дигарро барои тозагӣ бо оби гарм бишӯед ва тоза кунед.

4. Коронавирус бо оби гарм ва маводи тозакунандаи хонагӣ бартараф карда мешавад.

5. Либосҳоро дар нури офтоб ва ё радиаторҳо хушк кунед.

6. Бо оби гарм оббозӣ кунед.

7. Тамоман оби хунук ва хӯроки хунук нахӯред. Оби гарм (чойи гарм, қаҳваи гарм ва нӯшокиҳои гарм) нӯшед.

8. Колони асосии ин вирус дар ковокии  бинӣ ҷойгир аст, бинобар ин, биниро мунтазам бо оби гарм шӯед.

9. Агар шумо ба нӯшокии гарм дастрасӣ надошта бошед, сақич (жевательная резинка) хоед, то гулӯи шумо доимо намнок шавад ва бо он гулӯро тоза кунад.

10. Ҷои зист ва ҷои кори шумо бояд бо ҳавои тоза таъмин карда шавад.

11. Муҳим аст, ки дар давоми рӯз чанд маротиба нафасатонро тӯли 10-15 сония нигоҳ доред ва сипас нафас гиред. Агар шумо сулфа ё нафастангӣ дошта бошед, ҳатман ба маркази тиббӣ равед. Ба мушкилоти нафаскашӣ роҳ надиҳед ва зуд ба духтур муроҷиат кунед, зеро баъд шояд дер кунед.

12. Агар шумо аз хона берун оед (хизматчӣ, коргар, дӯкондор ва ғайра), аввал, масофаи 1,5-2 метр фосиларо аз дигарон риоя кунед ва дуюм, пойафзоли шумо манбаи муҳими ифлосӣ аст ва онҳоро ба хона умуман ворид накунед, зеро ин вирус вазнин аст (тақрибан 400-500 нм) ва он ба замин меафтад, бинобар ин, пойафзоли шумо мумкин омили интиқолдиҳандаи он шавад.

13. Ҳангоми сулфа ва атса задан ба қадри имкон аз дигарон дур шавед. Даҳон ва бинии худро бо ҳар чизе, ки дастрас аст, якчанд сония мустаҳкам нигоҳ доред ва нагузоред, ки об ва заррачаҳои он ба фазо паҳн шаванд.

14. Аз сабаби миқдори зиёди вирус ҳар гуна ниқоб дар муҳити ифлос метавонад бехатар бошад (матоъ, вибил, бо салфетка ва ғайра), ба шарте ки хушк бошад, яъне ниқобҳо бояд мунтазам иваз карда шаванд.

15. Даркор нест, ки ҳамаи либосҳоямонро бишӯем, балки онҳоро аз радиатор ё нури офтоб тоза кунем, кифоя аст.

16. Пас аз шустани дастон, вақте ки мо ба ҷои сироятшуда наравем, дасти худро бо крем (увлажняющий крем) ё вазелин тар кунед, то бо мурури замон экзема нашавад

Аз ин рӯ, моро мебояд, ки дар ҳамбастӣ  ва кӯшиши пайваста бо  риояи қоидаҳои беҳдоштӣ  ба ин бемориҳо пирӯз гардем, зеро саломатии ҷомеа асоси пешрафти давлат аст.

 

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш