Нашрияи Омӯзгор

Забон калиди дониш аст

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 139        Шарҳ: 0

 

Забони тоҷикӣ чун  муҳимтарин унсури ҳастии миллат дар замони истиқлолият мақому манзалат ва шукӯҳи тозае касб намудааст. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ таъкид карда буданд: «Забон калиди дониш ва маърифат ва омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст».

Дар ҳақиқат, забони миллӣ барҷастатарин ва устувортарин таҳкурсии фарҳанги миллӣ ва нишони бақои ҳар як халқу миллат дониста мешавад. Дуруст мегӯянд, ки умри миллат ба умри забон ва фарҳанги миллӣ вобаста аст. Барои он ки номи миллат ва фарҳанги он аз саҳифаи таърихи башарӣ нобуд нашавад, соҳибзабононро лозим аст, ки чароғи роҳнамои хештаншиносиву худогоҳӣ - забони миллиро ҳифз намуда, онро ба ҳайси волотарин мероси куҳан ба наслҳои баъдӣ поку беолоиш бирасонанд.

 Дар ҳақиқат, имрӯзҳо забони тоҷикӣ ҳамчун хишти нахустини кохи миллат ва фарҳанги тоҷикон шинохта шудаву яке аз рукнҳои асосии давлату давлатдории мо ба шумор меравад. Забон аз муқаддасоти миллӣ маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимоя ва покизаву беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи пурмасъулияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Агар забон аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд ифтихору хештаншиносӣ ва мақому мартабаи  хешро  аз даст хоҳад дод. Аз ин хусус фармудаест хеле муассир.

Агар фардо забони  ман

бимирад,

Ман авло мурданам имрӯз

донам.

Худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори милливу ватандӯстӣ маҳз аз донистани забони модарӣ ва таъриху фарҳанги Ватан сарчашма мегирад.

Эй забони модарӣ, эй ҷони ман,

Қиблаи ман, нури ман, имони

ман.

Тоҷикон тавонистаанд дар ҳар марҳилаи таърих аз рисолати азалии забони миллии хеш ҳифз намоянд ва фарҳангу тамаддуни пурғановати хешро рушду инкишоф дода, то ба наслҳои оянда расонанд.

Аз ин хотир, ҳифзу ҳимоя, гиромидошти забони тоҷикӣ, эҳтиром ба забони миллӣ ва тарғибу ташвиқи он вазифаи муҳими наслҳои имрӯзу оянда мебошад.

Хушбахтона, дар дарозои таърих забони мо баҳри таъмини ваҳдату ягонагии миллати куҳанбунёдамон чун парчами муборизаи роҳи озодӣ  хидмати барҷаста бинмудааст.

Забони мо забони қаҳрамон

аст,

Худ ин аз сафҳаи  таърих аён

аст.

Забони тоҷикӣ пояндаву бе-завол аст.

 

Ҳадиса МАҲМЕДОВА,

омӯзгори забон ва

адабиёти  мактаби №4-и

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш