Нашрияи Омӯзгор

Қарзи ҷавонмардӣ

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 124        Шарҳ: 0

 

Қобили зикр аст, ки даъват ба хизмат дар сафҳои ҚМ ҶТ аз муҳимтарин маъракаҳои сиёсӣ-ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, он дар саросари кишвар бо баргузории чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи даъватшаванда” ҷараён мегирад.

Бо зарурияти иҷрои вазифаи муҳими шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани эҳсосу ифтихори ватандӯстии ҷавонон, ҳамасола нахустрӯзи моҳҳои апрел ва октябр дар ҷумҳурӣ ҳамчун “Рӯзи даъватшаванда» ё худ оғози даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ қайд карда мешавад, ки соли равон низ ба ин муносибат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маросимҳои бошукӯҳ гузаронида шуданд.

Натиҷаи солҳои қаблӣ ва ҳозир гардидани ҷавонон дар рӯзҳои аввали даъват ба комиссариатҳои ҳарбӣ нишон доданд, ки ташкилу гузаронидани чорабиниҳои пеш аз даъватӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, дарки масъулияти хизмати ҳарбӣ, шаъну шарафи он ва дар таваҷҷуҳ бо хизматчиёни ҳарбӣ ба роҳ мондани ҳамкории доимӣ аз ҷониби сохтору идораҳои масъули даъват ва намояндагон аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа амали воқеӣ ва басо ҳам зарурӣ буда, омили пеш аз муҳлат ба иҷро расидани нақшаи даъват дар ҷумҳурӣ гардидаанд.

 Ҳамин тавр, маъракаҳои даъватӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо маром ҷараён доранд, ҷавонони синну соли ба хизмат расида ҳамарӯза ба комиссариатҳои ҳарбии минтақаи хеш ҳозир шуда, омодагии худро баҳри хизмат ба халқу Ватан ва якпорчагии Тоҷикистони азиз иброз медоранд.           

Акнун ин ҷавонаскарон дар ҳама қисмҳои низомии Артиши милии кишвар, аз ҷумла, дар ҳама ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи мамлакат дар фазои дӯстиву бародарӣ, якдигарфаҳмӣ миёни ҳамхизматон, садоқат ба халқу Ватан ва ҳифзи ҳама дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ хизмат намуда, барои онҳо беҳтарин шароити дарсу тамрин муҳайё гардонида шудааст.

Аз ҷумла, дар ҳама қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи мамлакат мувофиқ ба талаботи ҳарбӣ барои ҳайати шахсӣ ё худ наваскарон синфхонаҳои таълимӣ, мавзеъҳои омӯзишии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ, ошхона, хобгоҳ, китобхона, шаҳракҳои васеи варзишӣ, мавзеъҳои махсуси суҳбатороӣ, хонаҳои дидорбинии волидони сарбозон ва дигар шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст.  

Ҳамзамон, дар навъҳои қӯшуни Артиши милии кишвар марказҳои таълимии дорои машқгоҳҳо мавҷуд буда, ин наваскарон зимни омӯзиши дарсҳои назариявӣ ва ҳам амалӣ ба ин машқгоҳҳо ҷалб карда мешаванд. Дар ин машқгоҳҳои навъҳои қӯшун, хаймаҳои муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои дашту саҳро, ошхона, хобгоҳҳои саҳроӣ, парки техникӣ, нуқтаи тиббии саҳроӣ, хонаҳои фароғатӣ ё худ фарҳангӣ ва синфхонаҳои зимистонаву тобистона, ҳаммом ва мавзеъи махсуси дасту рӯйшӯӣ, майдончаҳои васеи варзишӣ ва умуман, дигар шароитҳои барои дарсу тамрин мувофиқ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки муҳайё гардидани ҳама шароити муносиб ба талаботи ҳарбӣ маҳз самараи даврони Истиқлолияти давлатии кишвар маҳсуб ёфта, ҷиҳати боз ҳам ба талаботи замони муосир мувофиқ гардонидани ҳама шароити зарурӣ дар қисмҳои низомӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда мешавад.

Ориф Нозимиён,

 сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии

Тоҷикистон, подполковник                                                    


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш