Нашрияи Омӯзгор

Эътибор ба илм – кафолати фардои дурахшон

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 105        Шарҳ: 0

 

Мусаллам аст, ки дар байни тамоми илмҳо илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ нақши пешбар мебозанду дастовардҳои рӯзафзунашон зиндагӣ ва фаъолияти инсонро беҳбуд мебахшад.

Бо дарки ҳамин маънӣ 31-уми январи соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба тасвиб расид, ки аз ҷониби шаҳрвандон, аз ҷумла, мутахассисон ва алоқамандони соҳа хеле хуш пазируфта шуд.

Асри ХХI асри раванди гузариш ба низоми технологияи инноватсионист, ки сатҳи иқтисоди миллии дилхоҳ қишвар аз он вобастагӣ дорад. Яъне, имрӯз пешрафти аксари соҳаҳо танҳо аз тараққиёти технологияи инноватсионӣ вобастагӣ дорад. Дастовардҳои технологияи инноватсионӣ истеҳсоли босифати маводи ғизоию доруворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, воситаҳои техникӣ, таҷҳизоти электрониро таъмин менамояд. Гузашта аз ин, ҷаҳони муосирро соҳибназарон ҷаҳони нанотехнология муаррифӣ мекунанд. Бевосита дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ айни замон олимон ба даст овардани наномаводро дар натиҷаи таъсири молекулаҳои алоҳида коркард намуда истодаанд, ки ҳамчун манбаи нави рушди иқтисоди миллӣ дар оянда ба инсоният хизмат мекунад.

Бо дарки моҳияти нанотехнология мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон барои пешрафти илму технология маблағҳои ҳангуфт ҷудо мекунанд, мехоҳанд тавассути инқилоби саноатӣ рушди босуботи кишварро таъмин намоянд.

Мақсад аз эълон намудани Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ дар кишвар суръат бахшидан ба низоми самараноки дастгирӣ ва рушди илмҳои амалӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Мутамарказонидани неруҳои илмӣ ва технологӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар шарти зарурии ин иқдоми муҳим мебошад. Бо мақсади афзун гардонидани таъсири илм ба рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, наздик кардани илм ба эҳтиёҷоти амалӣ, тавсеаи доираи таҳқиқоти амалӣ ва баланд бардоштани самаранокии онҳо, ба вуҷуд овардани шароит барои коркард ва истифодаи амалии технологияҳои инноватсионӣ зарур аст. Дар ин самт баррасии якчанд нукот аз аҳамият холӣ нест:

Иҷрои саривақтӣ ва босифати таҳқиқот оид ба коркарди технологияҳое, ки дар соҳаи илм ва технология пешбинӣ шудаанд; ворид намудани тағйироту ислоҳот ҳангоми баррасии мавзӯъҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мувофиқкунонии онҳо бо талаботи замон; ташкили шароити мусоид барои гузаронидани таҳқиқот аз рӯйи самтҳои навтарини илм; рушди пояҳои моддию техникии илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ; ривоҷи пояҳои моддию техникӣ барои нашри асарҳои илмӣ, маҷалла, китобҳои дарсӣ, адабиёти иттилоотиву маълумотӣ оид ба фанҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ; тайёр кардани технологҳо, муҳандисҳо ва мутахассисон оид ба иттилооти технологӣ; дастгирии давлатии кадрҳои илмие, ки дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва техникӣ омода мешаванд; давра ба давра зиёд намудани андозаи стипендия ва дастгирии муҳаққиқони ҷавони соҳа; таҷдиди назар намудан ба нақшаву барномаҳои таълимии марбут ба илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ.

Дар ҷумҳурӣ айни замон ҳамгироии илм ва таҳсилоти олӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин раванд бо мақсади тайёр кардани мутахассисони илмии тахассуси олӣ ва махсусан, кормандони соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ мусоидат мекунад ва ин ҳолат ба рушди илм, сифати таҳсилот ва ниҳоят ба ташаккули неруи ақлонии мамлакат таъсири мусбат мерасонад. Аз ин рӯ, бе ҳамгироии самаранокии илм ва маориф рушди неруи илмию техникӣ ва кадрии мамлакат имкон надорад.

Самаранокии таҳқиқоти илмӣ бештар ба ҳолат ва рушди заминаи моддию техникӣ, таъмини кормандони илмӣ бо асбоб ва таҷҳизоти навтарин, навсозӣ ва такмили асбобҳои илмӣ, таъмини реактивҳои химиявӣ ва ғайра вобаста аст. Бо дарназардошти вазъият ва имконоти молиявӣ солҳои охир дар ҷумҳурии мо низ мушоҳида мешавад, ки ба таҳким ва азнавсозӣ (модернизатсия)-и заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимиву илмӣ ва техникӣ ва таъмини кормандони илм бо асбоб, таҷҳизот, реактивҳо ва дигар маводи зарурӣ равона карда шудааст.

Дар марҳилаи ба нақшагирифта (20 соли оянда), моро зарур аст, ки ба нав кардани асбоб ва таҷҳизоти илмӣ диққати худро равона намоем. Чунки таҷриба нишон медиҳад, ки солҳои охир эътироф нагардидани баъзе маводи илмии олимони кишвар аз ҷониби марказҳои бонуфузтарини илмии хориҷа маҳз дар асбобҳои замони муосир таҳқиқотро нагузаронидан мебошад. Ҷудосозии ҳарсолаи маблағҳои иловагӣ барои харидории реактивҳои химиявӣ, пайвастагиҳои фаъоли биологӣ, лавозимоти техникӣ, ки барои анҷом додани таҳқиқот заруранд, ба амалишаии омӯзиш ва рушди 20-солаи мазкур мусоидат менамояд.

 

Эркин ФАЙЗУЛЛОЕВ,

декани факултаи химияи ДМТ,

номзади илми химия


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш