Нашрияи Омӯзгор

Чаро довталабон ба коллеҷҳо кам рӯ меоранд?

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 103        Шарҳ: 0

 

Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ яке аз муассисаҳои фаъоли миёнаи касбӣ дар вилояти Суғд буда, мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи рӯзро омода мекунад. Он дар вилояти Суғд ягона муассисае мебошад, ки мутахассисони соҳаи кишоварзиро тайёр менамояд.

Пешвои муаззами миллат дар Паём таъкид намуданд, ки дар давоми 5 соли охир ҷавонони аз 18 - сола болоро бояд соҳиби касбу ҳунар намоем. Ин моро водор месозад, ки роҳҳоеро ёбем, то донишҷӯён дар  коллеҷҳо таҳсил намоянд. Якчанд таклифи худро пешниҳод менамоям, ки шояд барои қабул намудани донишҷӯён дар коллеҷҳо сабаб гардад.

Масалан, хуб мебуд, ки муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо баъди хатми синфи 9 ва 11 як сол кам карда шавад. Ё ин ки ба хатмкунандагони коллеҷ маълумоти бакалавр дода шавад.

Хатмкардаҳои коллеҷ дар донишгоҳ дар курсҳои 3 ё 4 қабул карда шаванд.

Баъди хатми синфи 9 қабул дар шуъбаи ғоибона ё фосилавӣ иҷозат дода шавад;

То соли 2004 дар коллеҷи кишоварзӣ  муҳлати таҳсил баъди хатми синфи 9 2 солу 10 моҳ ва баъди хатми сифи 11 1 солу 10 моҳ буд.  Пас, чӣ зарур дошт, ки муҳлати таҳсилро зиёд намоем?

Имрӯз хатмкардаи коллеҷро лозим меояд, ки барои давом додани таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар аз курси дуюм дохил шуда, боз се соли дигар таҳсил намояд ва барои гирифтани маълумоти бакалавр 6 соли худро сарф кунад. Ҳол он ки  дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, пас аз чор соли таҳсил хатмкардаи он соҳиби маълумоти бакалавр мешавад. Пас, хулоса кунед, донишҷӯ коллеҷро интихоб мекунад ё донишгоҳро?  Дигар ин ки,  оё барои мутахассиси соҳаи кишоварзӣ (агроном, техник-механик, техник-электрик, техник- заминсоз) лозим аст, ки барои гирифтани маълумоти бакалавр 6 сол ва маълумоти магистр 8 соли худро сарф кунад?

Барои чӣ дар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ба хатмкардаҳои коллеҷҳо маълумоти бакалавр медиҳанду дар коллеҷҳои мо не?

Банда сабаби қабул баъди синфи 9 дар шуъбаи ғоибона ё фосилавиро дар он мебинам:

Дар асоси таҷриба ва таҳлили экспертҳо маълум гардид, ки хатмкунандагони синфҳои 9 мехоҳанд, ки дар баробари таҳсил кор кунанд. Чунки дар шароити имрӯза ҷавонон мехоҳанд, ҳамқадами замон бошанд, соҳиби телефони мобилӣ, ноутбуку компютер бошанд, дар интернет кор кунанд ба монанди ҳамин, дигар талаботҳои худро қонеъ гардонанд ва дар иқтисодиёти оилаи худ саҳмгузор бошанд.

Дигар он ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва паст шудани сатҳи иқтисодии аҳолӣ як қисми хонандагон имконияти хатми синфи 11-ро надоранд ва баъди хатми синфи 9 таҳсилро давом намедиҳанд. Имрӯз шароити иқтисодии давлатамон хуб шудааст ва ин гурӯҳи одамон мехоҳанд соҳиби маълумот шаванд, лекин бо шаҳодатномаи синфи 9 онҳоро дар коллеҷҳо қабул намекунанд. Ин гурӯҳи одамон  имконияти дар шуъбаи рӯзона хондан надоранд, пас чӣ кор кунанд? Аз ин лиҳоз, ин як дастгирӣ мешавад, то ки онҳо талаботи худро қонеъ гардонанд.

М. Сабуров,

директори коллеҷи

кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ,  номзади

илмҳои иқтисодӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш