Нашрияи Омӯзгор

Бозиҳои математикӣ дар раванди таҳсил

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 100        Шарҳ: 0

 

Бозиҳо яке аз усулҳои фаъоли таълим ба ҳисоб рафта, хонандаро ба мустақилият ва фаъол будан водор мекунад. Албатта, муаллимон маводи дидактикиро вобаста ба имкониятҳои муассисаи таълимии худашон интихоб намуда, роҳҳои бештари самараноки истифодаи онҳоро муайян карда метавонад.

Мо дар зер намудҳои бозиҳои дидактикиро меорем, ки онҳоро дар ҷараёни дарси математикаи синфи 2 ва 4 истифода мебарем.

1.Мусобиқа. «Кадом гурӯҳ зудтар мисолҳоро иҷро мекунад?» Дар тахтаи синф дар ду сутун 8-тоӣ мисолҳо доир ба амалҳои ҷамъ ва тарҳ, зарб ва тақсим навишта, рӯи онро бо чизе мепӯшонем. Аз хонандагони синф ду гурӯҳи 8-нафарӣ ташкил мекунем. Онҳоро назди тахтаи синф даъват мекунем ва аз аъзои ҳар як гурӯҳ бояд аз паси якдигар рӯ ба сӯи хонандагони синф истанд. Бо даъвати муаллим хонандагони дар қатори якум истода бо мисолҳои якум ба зудӣ ҷавоб навишта, хонандаи дар қатори дуюм истода, мисолро ҳал намуда, яъне дар қатори сеюм истода медиҳад ва ғайра. Ҳамон гурӯҳ ғолиб аст, ки мисолҳоро беҳтар ва зудтар ҳал карда бошад.

2. «Ёфтани хатоӣ». Дар тахтаи синф миқдори муайяни машқҳоро навишта, натиҷаи амалҳоро дар баъзеашон дуруст ва дар баъзеашон нодуруст қасдан қайд мекунем. Хонандагон бояд натиҷаҳои нодурустро дар муддати муайян бо дуруст ислоҳ кунанд.

3. Дар тахтаи синф миқдори муайяни машқҳо навишта мешаванд. Талабагон бо-шанд, ҷавоби мисолҳоро дар дафтарашон бояд қайд кунанд. Ин намуди бозӣ нақши диктанти математикиро низ мебозад.

4. Бозии «Нардбон». Ин намуди бозӣ хонандагонро ба фикр кардан водор месозад.

Аҳамияти ин бозӣ дар он аст, ки ҷавоби ҳар як машқ ба тартиби зина мувофиқ гузошта шудааст. Ин бошад, то ҳалли мисолҳо ба хонанда аён намешавад.

Хонандагон аз ин намуди бозиҳо мисолҳоро бо як шавқу рағбат ҳисоб карда, ҷавобашро меёбанд, ҳам бо шаклҳои геометрӣ шиносоӣ пайдо мекунанд. Бозӣ бояд мақсаднок ва ба мавзӯъ мувофиқ бошад. Инчунин, қобилиятнокии аҳли синфро низ ба назар гирифтан лозим аст, то ин ки самарае ҳосил шавад. Дар ин маврид қобилияти худи омӯзгор басо зарур аст. Бозиҳо дар алоқамандӣ ба мавзӯи нав ё мустаҳкамкунии дарси пешина сурат мегирад. Масалан, дар синфи якум вобаста ба ададҳо, аз 1 то 20 метавон бозии шавқоваре ташкил кард.

Чунончӣ, бозии «Шабу рӯз». Дар тахтаи синф 10 адади ҳархела менависем, сипас шаб гуфта, яке аз ададҳоро тоза мекунем. Рӯз гуфта, шогирдонро аз ҷой мехезонем ва мепурсем, ки кадом адад тоза карда шудааст. Ин бозӣ 5-6 маротиба такрор меёбад. Бо чунин тарзи бозӣ фикри бачаҳоро мустаҳкам ва онҳоро ба ҳушёрию зиракӣ омода намудан мумкин аст.

Салима Нуралиева,

омӯзгори мактаби №10, ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш