Нашрияи Омӯзгор

Тағйирёбии иқлим аз инсон ҳам вобаста аст

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 90        Шарҳ: 0

 

Маълум, ки таркиби ҳаво аз газҳои оксиген, нитроген, карбон, газҳои инертӣ ва ғализиҳо /микробҳо/ иборат аст. Обу ҳаво омилҳои муҳиманд, ки ба ҳаёти ҳаррӯзии мо таъсири худро мерасонанд.

Мутахассисони соҳаи табиатшиносӣ сабаби асосии гармшавии умумиҷаҳонии иқлимро дар зиёд шудани аҳолии кураи замин, зиёд шудани партови газҳои заводу фабрикаҳо ба атмосфераи замин, аз партовҳои истеҳсолӣ ифлос гардидани муҳити зист ва  вайрон шудани хусусияти табиии хок медонанд.

Миқдори зиёди партови маишӣ,  истеҳсолӣ, заводу фабрикаҳо, ба монанди газҳои СО2, NO2, формалдигидҳо ва дигар газҳо ба атмосфера пардаи азонии фазоро тунук мегардонанд. Дар натиҷа нури офтоб бисёртар ба замин омада мерасад.

Зиёд шудани партовҳо дар замин тартиби хокро вайрон мекунанд ва аз ҳамин сабаб, қабати хоки кураи замин наметавонад миқдори кафки газҳои дар таркиби хок бударо ба атмосфера хориҷ намояд. Партовҳои аз ҳама ҷиддии истеҳсоливу маишӣ дар кишварҳои абарқудрати Аврупо ва Чин содир мегардад.

Тибқи барномаи “Иқлими сабз”, ки аз ҷониби СММ ҷонибдорӣ шудааст, ин гуна давлатҳо ба мамлакатҳои осебдида бояд ҷуброн диҳанд. Айни ҳол барнома мавриди амал қарор дошта, маблағҳои ба кишварҳои осебдида пардохтшаванда ба рушди обёрии деҳот, таъмири ҷӯю каналҳо, селравҳо равона мегардад.

Хулосаҳое низ ҳастанд, ки тағйирёбии иқлимро муайян  мекунанд. Дар як нимкураи Замин хунукӣ ва дар дигар нимкураи Замин гармӣ ба мушоҳида  мерасад. Баланд шудани ҳарорати ҳаво ба дигаркунии самти ҳаракати бодҳои атмосферӣ ба иқлими субтропикӣ кам ворид шудан ва мутаносибан камшавии боришот дар минтақаи субтропикӣ боис гардидааст.

Мамлакати мо - Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар минтақаи иқлими субтропикӣ буда, шиддатҳои атмосферие, ки ба ин самт меоянд, аз баҳр сарчашма мегиранд.

Дар он ҷойҳое, ки об бисёр аст, сар задани фронтҳои атмосферӣ зиёд мешавад. Мамлакатҳои Амрико ва Аврупо ё дигар давлатҳои назди соҳилҳои баҳр ё уқёнус ба ин мисол шуда метавонанд.

Аз расонаҳои  хабарӣ маълум мешавад, ки айни вақт дар ин давлатҳо баландии барф аз 40 то 50 см  буда, ҳар гуна тӯфон ба вуҷуд омада истодааст. Сабаби асосии боришоти зиёд ва тӯфонҳои баланд ҳамон бодҳои атмосферие мебошанд, ки аз баҳр ё уқёнус меоянд. Аз ин рӯ, муносибат бо табиат бояд хеле одилонаву оқилона бошад. Дар акси ҳол, истифодаи беҳудаи об, буридани дарахтон ва хароб гардондани ҷангалзорҳо ба худи инсон зарари ҷиддӣ мерасонад.     

Ислом Иноятов,

омӯзгори физикаи мактаби №23,

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш