Нашрияи Омӯзгор

Муҳаббат ва садоқат

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 105        Шарҳ: 0

 

Омӯзгори асил ва инсони шариф Хоҷа Ёраков тӯли 57 соли фаъолияти босамар роҳеро тай намудааст, ки басо мушкилу сангин, вале пуршарафу ифтихорафзо мебошад. Пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини омӯзгорӣ дар мактаби №5-и ноҳияи Восеъ ба шогирдон меҳр пайдо кард ва онҳоро самимонаю фарзандвор дӯст дошт.

Х. Ёраков бо донишу ҷаҳонбинии васеъ, ҳалимию хоксорӣ, меҳрубонӣ ва дигар хислатҳои наҷибаш дар байни шогирдону ҳамкорон ва аҳли ҷомеа соҳибэҳтиром аст. Дарсҳояш рангину пурмазмун мегузаранд. Ҳамасола шогирдонаш дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ аз химияву биология фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мешаванд.

Омӯзгори пуртаҷриба Х. Ёраков дар дарсҳояш аз асбобҳои аёнӣ, усулҳои фаъоли тадрис, муносибати босалоҳият, воситаҳои техникии ҳозиразамон пурсамару бамаврид истифода мекунад. Ҳамчун омӯзгори эҷодкору навовар дар кабинети биология «Гӯшаи зинда»-ро созмон додааст. Хусаи чанде аз ҳайвонот – гург, шағол, рӯбоҳ, саг, хирс, хукро дар кабинети биология ҷой додааст.

Х. Ёраков дар баробари омӯзгори варзида буданаш роҳбари ғамхор низ буд. Донишу истеъдоди баланд, масъулиятшиносӣ ва қобилияти кордониашро ба назар гирифта, ӯро директори мактаб таъйин намуданд ва дар ин вазифа 30 сол сарбаландонаю бошарафона фаъолият кард.

Роҳбари кордон дар назди мактаб хоҷагии ёрирасон ташкил ва дар масоҳати 1 гектар замин боғ бунёд намуд. Дар хоҷагӣ 8 сар гови дӯшоӣ ва 50 сар заргӯш нигаҳдорӣ мешуд. Яъне дар мактаб дар баробари такмили сатҳу сифати таълиму тарбия ба фаъолияти меҳнатии насли наврас диққати махсус зоҳир карда мешуд.

Устод Хоҷа Ёраков шогирдонро пайваста ба китобхонӣ ташвиқу тарғиб менамояд ва имрӯз китобхонаи мактаб ҷои дӯстдоштаи хонандагон аст. Хонандгон ба хубӣ медонанд, он нафаре дар ҷомеа обрӯю эътибор ва мавқеъ пайдо мекунад, ки ҳамбастагӣ бо китоб дошта бошад.

Шоистаи таъкид аст, ки Х. Ёраков аз хурдӣ ба омӯзишу мутолиа меҳру муҳаббат ва дилбастагии амиқ дошт. Ҳанӯз дар оғози фаъолияти омӯзгориаш дар хонааш китобхонаи шахсӣ ташкил намуд, ки он имрӯз дар хидмати мардуми деҳа  қарор дорад. Дар китобхонаи шахсиаш асарҳои зиёди таълимиву бадеӣ мавҷуд аст ва ганҷинаи маърифати ӯ дар чандин озмуни ноҳиявию вилоятӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва мукофоту туҳфаҳои арзишманд гардидааст.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 бо сарварии омӯзгори асилу фидоӣ Хоҷа Ёраков дар миқёси  ноҳияву вилоят яке аз мактабҳои пешрафта шинохта шуд ва ҳамчун таълимгоҳи таҷрибаи пешқадам муаррифӣ гардид. Моҳи  феврали соли 1978 як гурӯҳ намояндагони Вазорати маориф ба ноҳияи Восеъ омаданд. Онҳоро ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 фиристоданд. Гурӯҳи кории иборат аз 18 нафар мутахассиси соҳибтаҷриба 13 рӯз ҳамаи самтҳои фаъолияти муассисаро санҷида (санҷиши фронталӣ)  мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Натиҷаҳои санҷишро дар маҷлиси васеи кумитаи ҳизбии собиқ вилояти Кӯлоб муҳокима карданд. Аз тарафи мутахассисон ва коршиносон ба фаъолияти муассиса баҳои баланд дода шуд. Директори муассиса Хоҷа Ёраков ва 6 нафар омӯзгор сазовори нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» шуданд. Муассиса ғолиби мусобиқаи сотсиалистии умумииттифоқӣ гардид.

Чанд сол дастаи хонандагони мактаб дар бозии варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстии «Офарин» дар ҷумҳурӣ соҳиби ҷои аввал гардид. Дастаи духтаронаи волейболбози муассиса низ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба гирифтани мақоми аввал ва медали тилло мушарраф шуд.

Қисме аз омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар солҳои пурихтилофи охири асри XX тарки вазифа намуданд. Хоҷа Ёраков, ки шахси хирадманду бомаърифат буд ва ба оянда назари нек дошт, ноумеду рӯҳафтода намешуд. Маслиҳату ҳидоятҳои ӯ ва таъкидаш – «Доиман яксон намонад ҳоли даврон ғам махӯр» ба омӯзгорони мактаб боварии амиқ ба ояндаи нек бахшиданд ва онҳо дар вазъияти мушкил фаъолияти хешро идома доданд. Хушбахтона, 27 июни соли 1997 Созишнома истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва фазои сулҳу оромӣ дар кишвар таъмин шуд…

Хоҷа Ёраков тавонист бо илму дониш ва ҷаҳонбинии баланд тавассути машғулиятҳои пурмазмунаш ба дили шогирдон роҳ ёбад ва дар замири онҳо меҳру вафодорӣ, садоқат, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги ниёгонро бипарварад. Дар ин давра  шогирдони зиёдеро ба камол расондааст, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ  баҳри рушду пешрафти кишвар хидмат менамоянд. Ҳоло 6 нафар шогирдаш омӯзгори химия ва биология, 8 нафар духтур, 3 нафар номзади илмҳои биология ва 3 нафар номзади илмҳои тиб мебошанд.

Рисолати омӯзгориро ӯ дар хизмати содиқона ба халқу Ватан ва тарбияи насли наврас медонад. Роҳе, ки устод Хоҷа Ёраков пеш гирифтааст, роҳ ба сӯи хонаи дилҳост. Имрӯз устод нафақахур бошад ҳам, бо  неруи тавоно машғули таълиму тарбияи насли наврас аст. Гули сари сабади маҳфилу чорабиниҳои мактабӣ ва аҳли деҳа ҳаст.

Бузурге дар васфи чунин инсонҳо бамаврид гуфтааст: «Ғараз аз  зиндагиву издивоҷ кардан, соҳиби фарзанд шудан ва мол ҷамъ кардан нест. Инҳо заруранд, аммо ғарази асосӣ пок зистан, пок хӯрдан ва накукорӣ кардан аст».

Шоҳназар ЗАБИРОВ,

ҷонишини директори мактаби  Президентӣ барои

хонандагони болаёқат  дар

ноҳияи Кӯшониён


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш