Нашрияи Омӯзгор

ТАЪТИЛ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ВА МИЁНАИ УМУМӢ ТАМДИД ГАРДИД

Сана: 2020-05-05        Дида шуд: 1524        Шарҳ: 0

 

Вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус-Ковид-19 имрӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 қарор қабул намуд:
1. Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуда, идомаи таҳсил аз рӯзи 17-уми августи соли 2020 оғоз карда шавад.
2. Баҳои чоряки чорум аз рӯйи натиҷаҳои се чоряки аввал ва давомоти чоряки чорум ҷамъбаст карда шавад.
3. Баҳои имтиҳонҳои аз синф ба синфгузаронӣ аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти чорякҳо гузошта шавад.
4. Имтиҳонҳои хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар синфҳои 9 аз рӯйи 4 фан ва дар синфҳои 11 аз рӯйи 6 фан аз 15-ум то 24-уми июни соли 2020 баргузор гардад.
5. Дар муассисаҳои томактабӣ то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 таътил тамдид карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан, кӯдакону наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон гардида буд.

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш